Таронасарои Ватан, тарҷумони муваффаққ
Нашр шуд 2018-03-19 09:47
Сеюмин сол аст, ки Одина Мирак бо нест. Олами моро тарк кард ва умедворем ҳоло дар ин фархундаайёми баҳорӣ, ки зодрӯзаш буду онро дӯст медошт, гулҳои биҳиштӣ мечинад. Ҳоло аз ӯ ёд мекунем.
Одина Мирак 6 марти соли 1939 дар деҳаи Дегрези ноҳияи Мўъминободи вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз моҳи июли соли 1962 то августи 1965 дар сохтмони шоҳроҳи Саланги Ҷумҳурии давлатии Афғонистон тарҷумонӣ, баъдан дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») ба сифати ходими адабӣ кор кардааст.
Моҳи марти соли 1972 дигарбора ба Афғонистон рафта, дар сохтмони шоҳроҳи Мазори Шариф – Ҳайратон, Мазори Шариф – Шибирғон, эъмори бандари Ҳайратон ва Пули Дўстӣ тарҷумонӣ кардааст. Баъдан, муддате, дар нашриёти «Ирфон» муҳаррир буда, аз Ҳукумати шаҳри Душанбе фаъолият бурдааст.
Моҳи октябри соли 1979 ба сифати тарҷумон ба Инистути ҳавошиносии Афғонистон ба кор фиристода шудааст. Чанде дар он ҷо ва баъдан, дар Бандари Ҳайратон хизмат кардааст. Баробари хидмати давлатӣ, «Фарҳанги русӣ-дарии ибораву истилоҳоти ҳавошиносӣ»-ро ба чоп расондааст.
Баъди бозгашт корманди муассисаҳои нашоротии «Ирфон»-у «Адиб» будааст. Ашъораш дар маҷмўаҳои «Боздид» (1981), «Гули орзу» (1984), «Забони дил» (1988), «Шукуфаи ҳавас» (2001), «Гули нав» (2003), «Мўъминободнома» (2005), «Чашмаи офтоб» (2008) ва ғайраҳо ба табъ расидаанд.
Маҷмўаҳои шеърии Н. Гончаров «Кайҳонавард мешавам» ва Ф. Дзержинский «Шамолаки форам»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Дар тарҷумаи ашъори А.С.Пушкин, М.Ю. Лермонтов, Т.Г.Шевченко, Ғ.Ғуломов, Й.Милев, Қ.Оразов, О. Чорӣ, У.Султонов ва дигарон иштирок доштааст.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон. Дорандаи чандин мукофоту ифтихорнома. Аз соли 1970 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
12 январи соли 2015 дар синни 76-солагӣ вафот кард.
Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2014 – С. 127.
Аз Оидина Мирак дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед суроғ кунед:
Воронин, А.С. Республикаи Сосиалистии Ветнам / Тарҷумаи О. Мираков. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 56 с.
Боздид. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 64 с.
Гули орзу: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 111 с.
Забони дил: Шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 128 с.
Мурғи сухангўй: Маҷмўаи лавҳаву очеркҳо / Муҳаррир О. Мирак. – Душанбе: Адиб, 1991. – 128 с.
Гули нав. – Душанбе: Ирфон, 2003. – 152 с.
Чашмаи офтоб. – Душанбе: Адиб, 2008. – 296 с.
Умр; Фандфурўш; Афсўс; Мазор: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2002. – 22 феврал.
Ифтихор: Шеър // Ҷумҳурият. – 2003. – 22 ноябр.
Қитъаҳо: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 12 феврал.
Нақби Шаршар: Шеър // Садои мардум. – 2007. – 13 декабр.
Ватан болу парвози инсон: Рубоёт ва дубайтиҳо // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 7 феврал.
Ғазали нара; Панҷшер; Варзоб; Реша: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 18 сентябр.
Нидо: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 29 июн.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ