Агар Ҳилолиён Аскар зинда мебуд, 95-умин солгарди ҳаёташро ҷашн мегирифт

Адибе, ки қатори садҳо муҳоҷири дигар аз Эрон ба Тоҷикистон омад ва муқими кишвари мо шуд. Бо повесту ҳикояҳо ва очеркҳояш маълуму машҳур шуд. Дар Эрон дида ба олам кушод ва дар тоҷикистон дида аз олам баст.

Алиаскар Ҳилолиён  (Алиаскар Ҳилол-ўғлӣ) 25 марти соли 1923 дар шаҳри Машҳади Эрон ба дунё омадааст. Солҳои 1929-1938 маълумоти умумиро фаро гирифт. Донишҷўи мактаби олии тиббӣ буд.  Донишгоҳи омўзгории Хуҷандро хатм кардааст. Аз соли 1948 бо рўзноманигорӣ машғул шуд. Ходими рўзномаи «Тоҷикистони Сурх», ходими адабӣ ва масъули рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» аз соли 1963 хабарнигори махсуси рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ” ва баъдан «Ҷумҳурият» дар вилояти Ленинобод будааст.

Фаъолияти адабиаш соли 1942 оғоз ёфта, нахустин асари калонҳаҷмаш повести  «Ёддоштҳои як гурусна» (1945) мебошад. Аввалин маҷмўаи очеркҳояш «Аз Масчоҳи кўҳна ба нав” (1961, бо Ҳоҷӣ Содиқ) ба мавзўи аз худ кардани дашти Дилварзин, аз кўҳистони Масчоҳ ба водӣ кўчидани мардуми ин диёр оид аст. Маҷмўаи ҳикояҳояш ба номи «Нозанин» (1964) ба табъ расидааст. Ҳилолиён Аскар ҳамроҳи Аминҷон Шукўҳӣ ҳикояи «Шаҳло»-ро  (1964) навишт. Дертар ин асар баъди таҳриру такмил бо номи «Шаҳло ва Шифо» (1968) нашр шуд. Асарҳои Ҳилолиён Аскар дар асоси маводи воқеии зиндагӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ эҷод шуданд ва аксар симоҳо прототип доранд. Повести «Имзои шахсӣ» (1967, бо А. Шукўҳӣ), аз ҳаёт ва фаъолияти яке аз сарварони ҳаракати колхозӣ Саидхоҷа Ўрунхоҷаев (1901-67) ҳикоят мекунад. Дертар дар ин замина романи ҳуҷҷатии «Печутоби роҳҳо» (қ.1. 1977; қ.2. 1981) ба миён омад.  Соли 1989 дар маҷмўаи «Садои Шарқ» романаш «Ашки сари мижгон» чоп шуд. Аз соли 1980 узви ИН, корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон 1981. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок мукофотонида шудааст. Соли 1994 аз олам даргузаштааст.

Бозчоп аз  “Энсиклопедияи Адабиёт ва санъати тоҷик”. – Душанбе. – 2004. – Ҷ. 3. – С.     462.

Муаллиф Р. Тошматов

Аз Ҳилолиён Аскар ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин маводҳоро метавонед бихонед:

Печутоби роҳҳо: Романи ҳуҷҷатӣ. – Душанбе:  Ирфон, 1981. – 254 с.

Ашки сари мижгон: Роман. – Душанбе: Адиб, 1987. – 272 с.

Маҳбубахон: Ҳикоя // Комсомоли Тоҷикистон. –  1962. – 22 август.

Шаҳрчаи ҳозиразамон: Оиди гирифтани дипломи дараҷаи 2-ми Виставкаи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР, дар конкурси азназаргузаронии умумииттифоқӣ барои ободонии деҳот ба посёлкаи Ғулакандози колхози ба номи Ленини райони Пролетар // Тоҷикистони советӣ. – 1976. – 4 июн.

Иродаи дилбар: Дар бораи бо номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз намудани механизатори колхози ба номи Фрунзеи ноҳияи Хўҷанд Д.Нурматова // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 4 январ.

Музеи ветеран: Дар бораи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Ленинобод Ҷўра Ашўров // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 31 январ.

Мастчоҳи кўҳна: Имрўз ва фардо // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 12 декабр.

Кўҳи ях : Ҳикоя // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 26 апрел.

Рўдахонаи умр: Порча аз қиссаи “Ишқи Ғук” // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – 8 апрел.

Қиссаи писари каффош: Ба истиқболи 85-солагии устод Раҳим Ҷалил // Ҳақиқати Ленинобод. – 1994. – 9 август.

Дар бораи адиби номвар

Табрикоти раёсати  Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии зодрўзи нависанда Ҳилолиён Аскар // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 4 март.

Ниёзӣ, Н. Эй Аскари Ҳилолиён: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – 8 апрел.

Узоқов, М. Раҳ ба дили дўст: Дар бораи Аскари Ҳилолиён // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – 13 апрел.

Юсуфов, М. Қаламкаши мушоҳидакор: Дар бораи Ҳилолиён Аскар // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – 13 апрел.

Набавӣ, А. Дилаш пур аз меҳри зиндагонӣ буд: Ёднома аз нависандаи эронитабори тоҷик Ҳилолиён Аскар // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 4 апрел.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди  шуъбаи
библиографияи милл
ӣ