Ҷавонон ва бархўрди қудратҳо

Китоби рўзноманигор, таҳлилгари масоили сиёсию фарҳангӣ Муҳаммадиқбол Атозода бо номи «Ҷавонон ва бархўрди қудратҳо» ба нашр расид. Китоб аз маҷмуи мақолаҳои муаллиф, ки дар матбуоти даврии солҳои охир ба нашр расидаанд, иборат буда, зери таҳрири таҳлилгари масоили сиёсӣ, номзади илмҳои филологӣ Абдуѓафори Камол ба нашр расидааст. Маврид ба зикр аст, ки рўзноманигор Баҳодур Бўриев низ бо машваратҳои худ дар нашри китоб саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Муҳаммадиқбол Атозода дар ин китоб масоили сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷаҳон ва Тоҷикистонро дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархўрди фарҳангҳо ба риштаи таҳлилу баррасӣ кашида бо факту далелҳои муътамад парда аз чеҳраи манфури терористон ва терроризм мебардорад ва ҳамзамон ба хонанда ҳушдор медиҳад, ки то ба доми манфиатхоҳони хориҷӣ наафтад, зеро гуруҳҳои манфиатхоҳ барои пиёда сохтани ҳадафҳои худ қодиранд ба ҳар аъмоле даст бизананд.

Дар воқеъ муаллиф дар такя ба ҳаводиси солҳои охир вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳониро ба хонанда нишон дода, ҳамзамон бузургии ватан-модарро, ки ба ҳеҷ сарвату неъмати ҷаҳон ивазнашавандааст, ҳамчун як ҷавони бедори даврони истиқлол самимӣ ва воқеъбинона таҳлилу баррасӣ намудааст.       

Китоби мазкур бешак метавонад дар бедорӣ ва зиракии сиёсии насли ҷавон накши худро гузошта, ҳисси миллӣ ифтихори ватану ватандориро дар қалби онҳо бедор намояд.

Муҳаммаднабӣ Баёнӣ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Барчаспҳо: