Маркази касбомӯзии “Дастони моҳир” дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-02-02 17:34
Маркази касбомӯзии “Дастони моҳир” шурӯъ аз аввали моҳи январи соли равон фаъолияти хешро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз намуд. Ин Марказ омӯзиши ҳунарҳои мардумиро барои навомӯзон ҳадаф қарор додааст. Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллӣ гуфт, ки Марказ ҷавобан ба ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, таъсис шуд.
Омӯзгори “Дастони моҳир” Наргис Олимова собиқаи кории беш аз 20 сола дорад. Ў то ин муддат шогирдони хеле зиёдеро дар риштаи дӯзандагӣ тарбия намудааст. Шогирдонаш дар тамоми манотиқи кишвар имрӯз ҳамчун дӯзандаи чирадаст фаъолият мебаранд. Айни ҳол марказ 6 нафарро кабул намуда, нахустин моҳи фаъолияташро пушти сар гузошт. Дар марказ инчунин хизматрасониҳои духти либосҳои миллӣ ва аврупоӣ, барқарор намудани либосҳои гуногун, гулдӯзӣ, попурзанӣ, чакандӯзии дастӣ ва ғайра омӯзонда мешаванд.
Дар Маркази касбомўзии дӯзандагӣ расман 3 нафар фаъолият мекунанд, ки ҳарсеи онҳо духтарони ҷавон мебошанд. Чун мо аз Наргис Олимова дар мавриди нақшаҳояшон дар соли равон, ки ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пурсон шудем, чунин посух дод, ки имконияти мусоид барои амалӣ намудани нақшаҳои тарҳрезинамуда пеш омад. Нақшаҳо хеле зиёданд, вале яке аз нақшаҳои асосӣи дуруст пешниҳод намудани либосҳои миллии бонувон мебошад. Яъне ҳунарҳои мардумӣ ба таври мукаммал ва зебо бояд барқарор ва эҳё гарданд.
Имрўз тарроҳон сари он бояд бияндешанд, ки на танҳо дар фасли гармо, балки дар фасли сармо низ либосҳои зимистонаро дар шакли миллӣ пешниҳод намоянд.
Дар бораи таърихи дӯзандагӣ бештар метавонед аз ҷо бихонед.
Фарзонаи МИРЗО