Дар остонаи ин ҷашни пуршукуҳ дар маҳфили “Дастони моҳир” супориш ба хонандагон оро додани арчаи солинавӣ буд. Ва мураббиён аввал дар бораи Соли нав ва арчаву бобои барфӣ маълумот доданд.
Ороиши арчаи солинавӣ чӣ таърихе дорад?
Аслан ороиши арчаи солинавӣ ба замонҳои қадим, вақте одамон бутпараст буданд, иртибот дорад. Он замонҳо дар арафаи Соли нав, ки дар Русия моҳи март ҷашн мегирифтанд, ҳамаи дарахтонро ҳамин гуна оро медоданд.
Тибқи баъзе ривоятҳои то замони мо расида гӯё арчаро бори аввал чун нишони Соли нав соли 1513 Мартин Лютер оро дод ва ин анъана шуд. Тибқи боварҳои дигар ислоҳгарои олмонӣ дар нӯги арча ситора гузошт.
Дар Русия арчаро аз замони Пётри якум оро медодагӣ шуданд. Шоҳ Пётр соли 1700 Соли навро аз моҳи март ба моҳи январ овард ва бо ин васила солшумории Русия ва Аврупоро ба ҳам як кард. Аммо он замон ҳам арча ҳукми анъана нагирифт, чун русҳо шохаҳои онро дар роҳи тобути мурда то килисо мегустарданд. Аз ин рӯ онҳо як муддат натавониста буданд анъанаи бобоии худро шикананд.
Аммо Александра Фёдровна, ки ҳамсари шоҳ Николайи 1 шуда буд, билохира тавонист ороиши арчаро дар Соли нав ба ҳукми анъана дароварад ва ин кор аз соли 1818 шуруъ шуд. Аввалҳо дар дарбори шоҳ ин кор анҷом мешуд ва оҳиста – оҳиста аз шаҳр ба шаҳри дигар гузашт ва дар саросари Русия паҳн шуд.
Дар Тоҷикистон бошад ороиши арча ба солҳои баъди Инқилоби Октябр рост меояд. Аз он замон то кунун дар кишвари мо низ ҳар сол дар арафаи Соли нав арчаҳои солинавӣ дар кӯчаву хиёбонҳо ва хонаҳои мардум оро дода мешаванд.
Баъди нақли мураббиён дар бораи таърихи арчаи солинавӣ хонандагон аз рӯйи тасаввури худ ҳар кадом арча сохтанд ва онро оро доданд.