Ҳаштоду як сол аз марги олими рус, этнографи машҳур, муаррих ва муаллифи китоби “Тоҷикон” Александр Поликарпович Шишов мегузарад. Ӯ худ аслан на муаррих буд ва на этнограф, ҳамагӣ духтуре буд, аммо шавқу майли беандоза ба омӯзиши таърих барояш ин шарафро насиб гардонд, ки муаллифи ду китоби хуби таърихӣ: «Сартҳо» ва «Тоҷикон» гардад.
Александр Поликарпович Шишов 5 декабри соли 1860 дар Тошкент ба дунё омадааст. Агарчи таҳқиқотчии таърих ва этнография набуд, вай бар ҳал ҳол, дар илми шарқшиносии рус тавассути чопи китобҳои «Сартҳо» ва «Тоҷикон» нақши босазои худро гузошт. А.Шишов ба Туркистони тоинқилобии кишвари Руссия ҳамчун духтури ҳарбӣ омадааст. Сараввал дар беморхона (лазарет)-и қисми ҳарбии Хуқанд, баъдтар аз соли 1897 ба ҳайси сардухтури баталёни якуми Туркистон дар шаҳри Тошканд кор кардааст.
Муфассал дар бораи Александр Шишов ва асарҳои ӯ аз ин ҷо ошно шавед:
Александр Шишов-духтуре, ки таърихи тоҷиконро навишт
Аз осори Александр Шишов дар Китобхонаи миллӣ танҳо ҳамин китоби “Тоҷикон”-и ӯ мавҷуд аст, ки соли 2015 бо талоши Маркази Тоҷикшиносӣ аз силсилаи “Тоҷинома” бо дастури Пешвои миллат тарҷумаи тоҷикии он нашр шудааст.
Шумо бо шакли электронии он аз ин ҷо метавонед ошно шавед.
Китоби А.Шишов “Тоҷикон”
Ҳамзамон аз ҳамаи толорҳои хониш метавонед онро дархост ва мутолиа намоед.
Таҳияи Ибодат Солиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ