Анҷоми рӯзи аввали нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-11-27 17:56
Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорумин нишасти раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) оғоз ба кор кард, ки қарор аст ду рӯз давом кунад.
Меҳмонон дар даромадгоҳи Китобхона бо нону намак пешвоз гирифта шуданд.
Ҳамоиш бо суханони муқаддамотии Абдуҷаббор Раҳмонзода-ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғоз шуд.
Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмонони олиқадрро мухтасар бо таърихи китобхона ва имкониятҳову зарфиятҳои он ошно намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт: “Ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соли 1992 ба марҳилаи аввали Истиқлолияти давлатии миллати тоҷик рост омад. Албатта, Ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон дар ин марҳила ба кумаку дастгириҳои кишварҳои ҳамҷавор ниёз дошт ва ҳадафҳои ин Созмон, ки аслан таъмини рушди устувори кишварҳои аъзо мебошад, бевосита ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии кишвари ҷавони мо мусоидат менамуданд. Аз ин рў, фаъолияти кишвари моро дар ҳайати ин Созмон дар қатори кишварҳои дигари узви он самаранок ва муфид арзёбӣ намуда, метавон гуфт, ки ҳамкориҳо дар ин самт дар сатҳи хеле хуб роҳандозӣ шуданд”.
Абдусалом Мирализода дар бахши дигар аз суханрониаш иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ аз равандҳо ва тамоюлоти замони муосир дар канор буда наметавонад. Аз ин ҷост, ки ҳанўз дар нахустин рўзҳои Истиқлолияти давлатӣ волоияти қонун, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳайси яке аз арзишҳои олии давлатдории тоҷикон эътироф гардида, масъулияти таъмини иҷрои бечунучарои ин вазифаи бағоят муҳим ба дўши тамоми сохторҳо, мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ вогузор карда шуд.
Сипас, профессор Мирализода аҳли нишастро бо бинои нави Китобхонаи миллӣ шинос кард ва гуфт, ки он барои бештар аз 10 миллион китоб пешбинӣ шудааст ва барои наслҳои оянда хизмат хоҳад кард. Бино бо воситаҳои замонавии муҳандисии ҳамлу нақл, таъмини обу барқ, таҷҳизотҳои гармидиҳӣ ва ғайраҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Китобхона дорои 25 толори хониш барои 1500 ҷойи нишаст, 9 маҷлисгоҳу толорҳо барои баргузории конфронсу ҳамоишҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 3 толори намоишгоҳи китобҳо ва 1 толори театрӣ барои 100 ҷойи нишаст, инчунин барои хонандагон 275 ҷойгоҳи худкор ва барои кормандон 312 ҷойгоҳи худкори корӣ мебошад. Се намоишгоҳи китоб: Осорхонаи китоб барои намоиши дастхатҳои қадима ва китобҳои нодир; Галереяи (долон) китоб ҷиҳати намоиши нашрияҳо оид ба соҳаҳои мухталифи дониш; Намоишгоҳи китобҳои тозанашр ва 558 ҷои нишаст барои таомхўрӣ дар ошхона баёнгари имконияти махзани маърифатанд.
Дар аввалин рӯзи ҳомоиш ширкаткунандагон гузоришҳои раиси Китобхонаи миллӣ ва бойгонии Ҷумҳурии Исломии Эрон - сардори котиботи китобхонаҳои миллии СҲИ Ашраф Буруҷердӣ, дабири Институти фарҳангии СҲИ Муҳаммад Маҳдӣ Мазоҳирӣ ва сухахрониҳои директорони китобхонаҳои миллии СҲИ-ро шуниданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамоиш ду рӯз идома мекунад ва дар он раисони китобхонаҳои миллии 10 кишвари узви СҲИ - Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон, Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ ва намоянда аз Дабирхонаи СҲИ ширкат доранд.
Ҳадаф аз баргузории ин нишаст ҳамкории амиқ байни китобхонаҳои миллӣ дар заминаи табодули иттилооти муосир, таъмиру ҳифзи китоб, табодули таҷриба ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ, роҳандозии сомонаи муштарак миёни китобхонаҳо мебошад. Дар ҷаласаи коршиносон оид ба ҳамин мавзӯъҳо ва низ масъалаҳои муҳим роҷеъ ба ҳамкориҳо дар оянда мавриди арзёбӣ қарор хоҳанд гирифт.