Модаре, ки ҳаққи модарӣ дорад...
Нашр шуд 2017-11-14 16:40
Бибиҳоҷар Саидова дар баробари мутахасиси хуб буданаш модари кордидаю ботаҷриба аст. Ў ҳамеша шогидонашро таъкид мекунад, ки дар оила бо шаҳвар, падару модар ва назикону пайвандони шаҳвар бо эҳтиром бошанд.
Саидова Бибиҳоҷар 20 – уми майи соли 1962 дар деҳаи зебоманзари Харангони ноҳияи Варзоб дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Ў соли 1979 мактаби миёнаи №156 деҳаи Харангонро бо баҳои хубу аъло хатм кардааст.
Баъди хатми ин муассисаи таълимӣ як мудад бо кори рассомӣ машғул шуда, аз соли 1995 то айни ҳол дар шўъбаи матбуоти даврии КМТ ҳамчун мутахассис кор карда истодааст.
Бибиҳоҷар Саидова дар бисту ду соли собиқаи кориаш китобдориро хуб омўхта, дар тарбияи кадрҳои ҷавон ҳиссаи арзандаю сазовор гузоштааст.
Ў борҳо аз ҷониби роҳбарияти китобхона ба ифтихорномаю сипосномаҳо мушарраф шудааст.
Борҳо хонандагон барои сатҳи хуби хизматрасонии Бибиҳоҷар Саидова ба роҳбарият КМТ минатдорӣ намудаанд.
Номбурда соҳиби 3 писар буда, онҳоро соҳибмаълумот ва якеашонро хонадору мустақил намудааст.
Шавҳари Бибиҳоҷар иҷтисодчӣ буда, фарзандонашон Қиёмиддин, Юсуфҷон ва Иброҳим пайрави касби падар шудаанд
Бибиҳоҷар Саидова дар ҳақиқат модари мушфиқ ва модари кормандони шўъбаи матбуоти даврӣ буда, нозукиҳои касби китобдорро ба ҷавонон омўзонида, дар ба роҳ мондани хазинаи тиллоии матбуоти даврӣ дар КМТ нақши арзандаю таърихӣ дорад.
Дар бораи фаъолияташ дар китобхона қиссаҳои зиёди ибратомӯз дорад. Бахусус, рӯзҳои интиқоли китобҳо аз бинои китобхонаи ба номи Абулқосиф Фирдавсӣ ба бинои нави Китобхонаи миллиро рӯйдоди фаромӯшношудании кораш дар ин боргоҳи маърифат медонад. Мегӯяд ҳар корманди китобхона дар он рӯзҳои барфу боронӣ ҳар китобро мисли фарзандаш бо эҳтиёт болои мошини “Камаз” мегузошт ва боз аз он поин мекард ва беосеб ба макони нав оварда мерасонд. Мегӯяд, муносибат бо китобро бештар аз устодаш, мудири шуъбаи матбуоти даврӣ Гулсун Шарифова омӯхта буд.
Бибиҳоҷар Саидова дар баробари мутахасиси хуб буданаш модари кордидаю ботаҷриба аст. Ў ҳамеша шогидонашро таъкид мекунад, ки дар оила бо шаҳвар, падару модар ва назикону пайвандони шаҳвар бо эҳтиром бошанд. Боре суҳбати насиҳатомезашро бо шогирди ҷавонаш Мадина Раҳмонова шунида ба ў аҳсану офарин хондам.
Хуллоса, кормандони шўъбаи матбуоти даврӣ Нигигна Ахмедова, Саёра Каримова, Нодира Асророва, Мавҷуда Абдуллоева, Мадина Раҳмонова, Толиб Умарҷонов ва Наврўз Холназаров аз ин устоди меҳрубон ва модари арҷманд на танҳо касб, балки одоби рӯзгордориву хонадориро низ омӯхтаанд.
Ин муҳабати беандозааш буд, ки ў писари калониаш Қиёмиддинро бо яке аз шогирдони ботаҷриба ва кордонаш Парвина Қадимова хонадор намуд.
Дар охир дар ин соли ҷавонон ба ин тарбиятгари ҷавонон, модари меҳрубону мушфиқ Бибиҳоҷар Саидова тансиҳатию хотирҷамъӣ ва хушбахтиҳо орзу менамоям.
Ҷалолиддин Нуров,
муовини сардори шўъбаи
матбуоти даврии КМТ