Рўдакишиносии даврони Истиқлол
Нашр шуд 2017-09-27 12:01
Бо ташаббуси шуъбаҳои такмили адабиёт ва коркарди адабиёт мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Рўдакӣ доир гардид.
Саидҷаъфар Саидов - муовини аввали Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани муқаддамотии худ зикр кард, ки 22-уми сентяр бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Рӯдакӣ эълон шудааст ва ҳамасола ба таври густарда таҷлил мешавад.
Баъдан, маърӯзаҳои номзади илмҳои филологӣ Алӣ Мўҳаммадии Хуросонӣ “Рўдакишиносӣ дар давраи истиқлол”, доктори илмҳои филологӣ Ш. Исрофилиё “Оҳанги озодандешӣ дар шеъри Рўдакӣ” шунида шуданд
Дар нишаст ҳамчунин директори муассисаи нашриявии “Адабиёти бачагона” низ суханронӣ кард.
Номзади илмҳои филологӣ Ҷамоллидин Саидов дар мавзуъи “Рўдакиро карда бино истиқлол” маърӯза кард.
Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон дар масъалаҳои зиёди рӯдакипажуҳишӣ дар кишвар табодули афкор сурат гирифт.