Дар бораи Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон хонд?

Аз ҷумлаи машҳуртарин чеҳраҳои илмиву адабӣ ва динии тоҷик аст. Соҳибмактаб ва соҳибкитоб. Файласуфи машҳур, шоире борикназар, носире хушсухан. Дар сафарноманависӣ беҳамто, пандномааш бӯйи Қуръону Ҳадис мекунад. Хондани осораш ҳаловати хос дорад.

Носири Хусрави Қубодиёни шоири форс-тоҷик, файласуф, арбоби дин соли 1004 дар деҳаи Юмгони Бадахшон дар оилаи давлатманди  асилзода ба дунё омадааст. Аз айёми кўдакӣ ба омўзиши илмҳои замони худ, аз қабили сарфу наҳв, забони арабӣ, илми адаб, фалсафа, табииёт, тиб, ҷуғрофия, нуҷум , фиқҳ ва ғайраҳо машғул шудааст.  Дар солҳои ҷавонӣ дар дарбор дабирӣ  кардааст. Баъд ба Балх рафта, ба хидмати ҳукмронии ғазнавӣ медарояд ва бо ин васила ба маҷлисҳои дарбор нишасту хези шоҳони ғазнавӣ- Маҳмуд ва писараш Масъуд, ки зимистонро дар ноҳияи Балх мегузаронидаанд, иштирок мекунад.

Аз «Сафарнома»-и Носири Хусрав бармеояд, ки ў дар 40-солагӣ хидмати дарбори Салчуқиёнро ба ҷо меовардааст. Вазифаи ў ҷамъоварии боҷу хироҷ буд. Дар ҳамин давра ба эътибори вазифаи маъмуриаш ў ба аҳволи тоқатфарсои  аҳли меҳнат, деҳқонони камбағалу  косибон, ки дар натиҷаи андозҳои тороҷгаронаи ҳукуматдорон ба ҳоли табоҳ афтода буданд, воқиф гардид. Ин аҳвол ўро хеле ба танг овард ва аз кори давлатӣ , ҷойу мансаб даст кашид.

Соли 1046 Носири Хусрав бо ҳамроҳии бародар ва хидматгораш сафари Маккаро пеш гирифт. Вале мақсади асосии ў дар ин сафар Ҳаҷ кардан набуд. Шоир мехост бо зиндагии мардуми кишварҳои дигар, урфу одат, дину мазҳаби онҳо шинос шавад, аҳволу аъмоли халқро бисанҷад. Дар тўли ҳафт сол (1046-1052) Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Сурия, Фаластин, Ироқро саёҳат намуд. Тақрибан 2 сол дар Миср, ки он вақт қаламрави Фотимиён буд, умр ба сар бурд. Шароиту сохти давлатдории Фотимиён ўро хеле хуш омада буд.  Муҳимтарин асарҳои Носири Хусрав «Сафарнома» - таълифоти мансурест, ки ёддоштҳои адибро аз таассуроти сафарҳояш ба шаҳру кишварҳои мухталиф дар бар гирифтааст.

Мероси манзуми Носири Хусрав асосан аз ду девон – тоҷикию арабӣ (арабиаш то замони мо омада  нарасидааст) ва маснавиҳои «Рўшноинома» ва «Саодатнома» иборат аст. Девони тоҷикӣ якҷоя бо ҳар ду маснавӣ соли 1929 дар Теҳрон ба табъ расид. Бештари девон аз қасидаҳои фалсафӣ иборат аст. Маснавиҳои ў асосан масъалаҳои ахлоқ ва фалсафаро дар бар гирифтаанд.

Носири Хусрав ҳамчун шоир ва насрнавис дар таърихи адабиёти форс-тоҷик мақоми хосе дорад. Ақидаҳои мутараққии иҷтимоию сиёсӣ, панду ахлоқ ва ғояҳои утопистии ў бештар дар асарҳои манзумаш ифода гардидаанд.

Носири Хусрав бо нафрат бадкирдорони золим, аъёну ашроф, «рибохорон» - судхўрон ва сарвари кули онҳо – ҳукмрони даврро танқиду мазамат менамояд. Баъзан шоир кўшидааст бо сухан дар замири ин гурўҳи номардон ҳисси инсониро бедор намояд:

Гар шоҳ тўи – бибахшу мастон,
Чиз аз шаҳрию рустоӣ.

Зеро зи халқ хостани чиз,
Шоҳӣ набувад, бувад гадоӣ.

Ҳисси нафрати шоир нисбат ба ҳукмронон дар яке аз бобҳои достони «Саодатнома», ки «Дар мазаммати мулук ва умаро» унвон гирифтааст, боз ҳам равшантар ифода гардидааст.

Носири Хусрав шоири насиҳатгар, омўзгори ботаҷрибаи ҳаёт аст. Абёти маснавиҳои «Саодатнома» ва «Рўшноинома» панди судманде мебошанд, ки ба мардум роҳи зиндагии хуши инсониро нишон  медиҳанд. Фарқ кардани дўст аз душман, дар дўстӣ бовафо будан, эҳсон кардан, некўхоҳ ва роҳатрасон будан, тамаъ ва хорӣ накардан аз хислатҳои ахлоқи ҳамидаи инсонианд, ки ў бо ашъори равшани худ тарғибу ташвиқ менамояд. Тамоми мақсаду мароми Носири Хусрав аз панд додану ахлоқ омўхтан, даъват барои инсони комил будан иборат аст:

Зи мардум зодаӣ – бо мардумӣ бош!

Чӣ бошад дев будан? – Одамӣ бош!

Носири Хусрав солҳои охири умри худро дар деҳаи Юмгон гузаронид ва соли 1088 дар ҳамин деҳа аз олам даргузашт.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи Советии тоҷик».

1984. – Ҷ. 5. – С. 235-237.

Муаллиф: Муродова, Т.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Носири Хусрав ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед суроғ кунед:

  • Носири Хисрав. Гулчине аз девони ашъор. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1957. – 180 с.
  • Носири Хисрав. Мунозира бо Худо. – Душанбе: Ирфон, 1969. – 12 с.
  • Носири Хисрав. Сафарнома. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 118 с.
  • Носири Хусрав. Куллиёт: Мунтахаби осор. – Душанбе: Ирфон, 1991. – Ҷ.1. – 636 с.
  • Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Ваҷҳи дин. – Душанбе: Амри илм, 2002. – 384 с.
  • Носири Хусрав. Лаъли Бадахшон. – Душанбе: Нодир, 2003. – 328 с.
  • Носири Хусрав. Куллиёт: Осори фалсафӣ ва динӣ. – Душанбе: Ирфон, 2003. – 948 с.
  • Носири Хусрав. Дирўз, имрўз, фардо. – Хуҷанд: Ношир, 2005. – 683 с.
  • Носири Хусрав. Девони ашъор. – Душанбе: Адиб, 2010. – 480 с.
  • Носири Хусрав. Ҷомеъ-ул-ҳикматайн. – Душанбе: Эр-граф, 2011. – 312 с.
  • Носири Хусрав. Рўшноинома. – Душанбе, 2015. – 68 с.

Дар бораи Носири Хусрав

  • Мутафаккири бузурги Шарқ Носири Хусрав. – Душанбе: Дониш, 1983. – 18 с.
  • Бадахшӣ, С. «Баҳр-ул-Ахбор» силсилаи ҳикояҳо доир ба ҳаёти Носири Хусрав ва саёҳати ў дар Бадахшонзамин. – Хоруғ: Помир, 1991. – 70 с.
  • Арабзода, Н. Носири Хусрав. – Душанбе: Маориф, 1994. – 176 с.
  • Сабзаев, С. Фуруғи ирфони Вахшонзамин. – Душанбе: Шарқи озод, 2003. – 224 с.
  • Салоҳов, Т. Панду андарзҳои Носири Хусрав. – Душанбе: Маориф, 2003. – 34 с.
  • Барги сабз: Ривоятҳо дар бораи Носири Хусрав. – Душанбе: Ҳумо, 2003. – 36 с.
  • Бахшида ба ҷашни 1000-умин солгарди Носири Хусрав: Қарору чорабиниҳо, суханрониҳо ва мақолаҳо. – Қурғонтеппа, 2003. – 28 с.
  • Сабзаев, С. Маҳорати суханварии Носири Хусрав. – Душанбе: Адиб, 2003. – 46 с.
  • Саидзода, Ҷ. Мо ва Носири Хусрав. – Душанбе: Нодир, 2004. – 52 с.
  • Фозилов, Д.Ф. Хусусиятҳои лексикии «Сафарнома»-и Носири Хисрав. – Душанбе, 2013. – 168 с.

Таҳияи Насиба Дониёрова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ