Куфри чу мане газофу осон набувад...
Замоне бо ҳамин як рӯбоӣ муҳити зиндагонии худро ифода карда буд. Абӯалӣ ибни Сино, ин нобиғаи нотакрори насли башар дар асре ҳаёт ба сар бурда буд, ки алломаҳояш ҳам қадри олим нашнохтану ҳокимонаш ҳам. Ва забон ба ҳамин шиква боз кард:
Куфри чу мане газофу осон набувад...
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад
Пири ҳакимони Машриқзамин имрӯз, 18-уми август зодрӯз дорад ва зодрӯзаш дар Тоҷикистон чун рӯзи табибу тиб таҷлил мешавад.
Ҳусайн ибни Абуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино 18–уми августи соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшанаи хозира) дар наздикии Бухоро таваллуд шудааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда, дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситорабону (точик) буд. Ибни Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоят дошта, дар синни 7 солагӣ Қуръони азим-уш-шаънро комилан хифз намудаст ва дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст кулли илмҳои замонаашро фаро бигирад.
Абӯалӣ ибни Сино, ки дар аврупо бо номи Авитсенна машҳур аст, яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони олам буда, хамчун мунаҷҷим, кимиёшинос, геолог, олими мантиқ, палеонтолог, риёзидон, физик, шоир, равоншинос, файласуф, табиатшинос, муаллим ва адиби бузурги исломии форсу тоҷик низ шуҳрат дорад.
Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки дар таҷрибаҳои худ аз тибби исломӣ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадим сарчашма гирифта, онҳоро мукаммал намудааст.
Шайхурраис Абўали ибни Сино аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон ҷаҳонӣ эътироф гаштааст. Бўалӣ осори насриву назмиашро бо забонхои арабӣ ва тоҷикӣ эҷод намудааст ва то имрўз дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам аз 450 рисолаи илмию адабии ў 162 ададаш нигоҳ дошта мешаванд.
Тибқи Қарори Хукумати Чумхурии Точикистон аз соли 1995 ин рўз Чашни зодрузи Абуали ибни Сино ва Иди касбии кормандони сохаи тандурустии Точикистон муқаррар гардидааст ва тибқи анъана ворисони Сино дар ин рўз дар зери муҷассамаи ин муттафаккир гулчанбарҳо мегузоранд, якдигарро табрику таҳният мегуянд ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба олимон ва табибони саҳмдор ва сарсупурда дар рушди тандурустии ватанӣ туҳфаву мукофотҳо супорида мешавад.
Аз Абӯалӣ ибни Сино ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин китобҳо ва мақолаҳо қобили дарёфт ва мутолиа мебошанд:
Маҷмўаи шеърҳо. – Сталинобод: Нашр. Дав. Тоҷикистон, 1953. – 94 с.
Аз ғазалиёт // Гулшани адаб. – Душанбе: 1975. – Ҷ.1. – С. 109-122.
Дар бораи муҳаҳаббат ва дўстӣ // Дурдонаҳо. – Душанбе, 1977. – С. 12.
Авҷи зуҳал: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 256 с.
Пирўзинома: Маҷмўа барои бачагони синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1980. – 104 с.
«Рисолаи азҳавия». – Душанбе: Ирфон, 1980. – 123 с.
Гуфтам, ки чаро чу абр хунборонам?: Шеър // Наврўзӣ. – Душанбе, 1981. – С. 40.
Дар бораи санъати шеърӣ // Фанни шеър. – Душанбе, 1985. – С. 70-93.
Осори мунтахаб. – Душанбе: Ирфон, 1992. – Ҷ. 4. – 320 с.
Осор: Қонуни тиб. – Душанбе: Дониш, 2012. – 1257 с.
Мушкистон. – Душанбе: Балоғат, 2015. – 303 с.
Осор. – Душанбе: Дониш, 2016. – 685 с.
Орази дугоҳ: Ғазал // Маориф ва маданият. – 1978. – 3 октябр.
Рисолаи ишқ // Садои Шарқ. – 1980. – № 8. – С. 49-64.
Ду рубоӣ; Ғазал: Шеърҳо // Ҳақиқати Қўрғонтеппа. – 1980. – 20 сентябр.
«Пирўзинома» // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1991. – 18 декабр.
Дар бораи мутафаккири бузург
Сурат ва сирати Ибни Сино / Тартибдиҳандагон: А. Алимардонов, Ҷ. Додалишоев; Муҳаррири масъул К. С. Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 119 с.
Ҳакими мумтоз: Нақлу ривоятҳо дар бораи Абўалӣ ибни Сино. – Душанбе: Маориф, 1981. – 72 с.
Абўалӣ ибни Сино: Шарҳи мухтасари аҳволу осор ва порчаҳо аз «Зафарнома», «Донишнома» ва «Табииёт» // Дурдонаҳои наср. – Душанбе: 1987. – Ҷ.1. – С. 83-96.
Диноршоев, М. Матолиби фалсафаи Ибни Сино. – Душанбе: Дониш, 2011. – 407 с.
Ёрӣ, П. Оромгоҳи Сино: Шеър // Маориф ва маданият. – 1979. – 7 июл.
Абдулло, С. Сино: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1980. – 17 январ.
Шерматов, М. Қонуни Бақо дар осори Абўалӣ Сино // Мактаби советӣ. – 1987. – №11. – С. 40-42.
Саидов, А. Рисолаи «Давоҳои қалб»-и Ибни Сино // Комсомоли Тоҷикистон. – 1988. – 7 октябр.
Ҳикоёт аз ҳаёти Сино // Шифо. – 1992. – №1. – С. 13, 16.
Сулаймон, С. Ибни Сино – имрўз ва фардои ваҳдати тоҷикон // Ҷумҳурият. – 2000. – 19 август.
Абдулвайси Азиз. Эҳё: Ангораҳо аз китобҳои «Зартоҷи Авесто» оид ба эҷодиёти Абўалӣ ибни Сино // Садои мардум. – 2002. – 2 феврал.
Шукурова, С. Сино – ифтихори тоҷикон ва ҷаҳониён: Дар бораи эҷодиёти Сино // Садои мардум. – 2003. – 16 август.
Муҳаммадов, А. Ибни Сино – асосгузори фанни варзиш ҳамчун илм: Ба истиқболи 1025- солагии Абўалӣ ибни Сино // Ҷумҳурият. – 2005. – 18 июн.
Илолов, М. Саҳми Абўалӣ ибни Сино дар пешрафти илму фарҳанги ҷаҳонӣ: Ба истиқболи 1025- умин солгарди Абўалӣ ибни Сино // Ҷумҳурият. – 2005. – 23 июн.
Табаров, Н. Дар даҳр буд ягона…: Фарзанди ориёӣ Абўалӣ ибни Сино (980 – 1037) // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 11 феврал.
Суннатӣ, С. Шайхурраис 1030- сола мешавад: Доир ба 1030-сола шудани фарзанди баруманди тоҷик Абўалӣ ибни Сино // Минбари халқ. – 2010. – 18 март.
Наҷмиддинов, А. Ибни Сино ва маориф: Ақидаҳои таълимию ахлоқии Ибни Сино // Маърифати омўзгор. – 2015. – №9-10. – С. 67-68.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ