Абдулҳамид САМАД ГАРДИШИ ДЕВБОД (порча аз роман)

Шом. Шоми рӯзҳои сарди охири тирамоҳ. Сардӣ аз барфи аввал не, аз шикасту рехти зиндагиву кирдори бади тӯдаҳои ҳукмфармо афзуд. Яке аз номи ҳокими навбаромад бо арбада фармону азият медоду молу коло мебурд, се рӯз пас дигаре аз номи ҳукуматиҳо. «Мо шаб то саҳар дир-дир ларзидаву нахобида, шуморо аз ҳуҷуми душманҳо мераҳонем» – лоф мезад муҷоҳид ва ташаккур мешуниду барои даста инъом меситонд. «Мо шабу рӯз ташнаву гурусна дар кӯҳу камар ҷон коҳонда, бо марг рӯ ба рӯ шуда, шуморо аз ҷабру ҷафои тӯдаҳои роҳзан озод мекунем» – мегуфтанд аскарони низомипӯш ва сипос мешуниданду дастовезе мебурданд. Ташаккуру сипос барояшон аслан арзише надошт, аммо анвои хӯрданӣ барои ором кардани аждаҳои нафс, куштани азияти гуруснагӣ дар ин фасли сармо ва маишату дилхушии саркардаву қумандон низ зарур буд. Ҳо ришдору бериш, размандаи ин тарафу он тараф нафс дорад ва гурусна, ки монд, мисли гадо не, бо дуғу пӯписа ба ҳар дар сар мезанад.

 Чанд рӯз пеш Ҳошими Шоҳин аз чарогоҳ девонаавзоъ ва бо доду вовайло рост ба хона омад ва аз асп фаромада, аз алам нагиристу бас. Ӯ бе салому алек аз Хусрав, ки ба пешвозаш мерафт, бо хашм пурсид:

 – Раис, дунё ба охир расид? Дару дарвозаҳои идораи колхоз баста. Посбон ҳам нест. Ғорат карданд рамара. Якта намонда… Ин бедодгарира ба кӣ арз кунам?

– Дунё чапагардон шуд, додар. Аз давлат, ҳизби коммунисту колхоз ном монду нишон не… Нотинҷӣ… Пиёда наздатон рафта натавонистам, – хиҷолатманд гуфт Хусрав ва афзуд: – Худата ба даст гир. Чӣ гап шуд?

– Дар рӯзи равшан тороҷгарони силоҳдор рамара бо сагу хару хингалаву чӯпонҳо пешандоз карда, тарафи сарҳад, ба Афғонистон бурданд. Раис, аз дастам ҳеҷ кор наомад… Чӣ кор кунам? Бадномӣ… Ҷавоби моли халқ, рамабонҳора кӣ медиҳад?

– Касеро накуштанд?

– Аз куштан ҳам бадтар карданд… Аспсавор будам, ки гурехтам, агане маро ҳам мебурданд… Боз гумон накунед, ки Ҳошими Шоҳин ба моли халқу давлат хиёнат кард, ба роҳзанону тороҷгарони оқипадар шарик шуд… Даҳ-понздаҳ сар мебуд, илоҷе меёфтам. Як рамаи бузург, дар куҷо пинҳонаш мекардам?

Хусрав хиҷилу музтар монд ва ҳатто Ҳошимро ба нишастану як пиёла чой нӯшидан даъват накарда гуселонд. Воқеан аз дасти силоҳдорони худсар на пода монду не рама, на гала монду не фермаи мурғ. Мисли гургу кафтор ҳамаро нест карданд. Ӯ гиҷу гаранг аз дил гузаронд, ки раиси бахши чорводорист ва дар ин ҳолате, ки роҳбарони ноҳия фирор кардаанд, – ҷон барояшон ширин, – идораҳои маъмурӣ дар ихтиёри муҷоҳидон аст, раиси колхоз ҳам бо зану фарзандон дар ғавғову сагҷакиши аввал ба пойтахт гурехт, ӯ чӣ кор карда метавонад? Аҷаб рӯзгоре пурмоҷаро пеш омад: аз водиҳои ҷангзадаву валангор туда-туда одамон ҷон ба кӯҳистон мекашонанду қисме аз роҳу бероҳа бо сад азобу шиканҷа бо аҳли аёл ба пойтахт ё хориҷи мамлакат рахти сафар мебанданд. Аммо Хусрав бо ин бибиву бибикалони беш аз садсола, зан ва гулдухтарони паричеҳраи қадрас, ҷавонони навхаташ аз чашми бадхоҳону ҳасудон дар куҷо паноҳ ёбанд?

Айёми наврасӣ пас аз марги фоҷиавии падараш – Ҳайдар аз рӯйи ҳавову ҳаваси хом модару хоҳарон ба кӯҳистон, хонаи тағояш – Аҷик бурду онҳоро аз зиндагии осуда маҳрум, балки хору зор кард. Аз таънаву маломат заҳри ғурбат чашиданд ва ӯ хиҷилу пушаймон, бо бибӣ, хоҳарону модар ба ин деҳа, хонаи падар баргашт. Ва назди бибиву модар ва амаки Бурҳон – падари Садаф савганд ёд кард, ки то ҷон дорад, ҳаргиз ин даргоҳи муқаддасро тарк накунад. Аммо чи рӯзгоре талху мудҳиш пеш омад? Вай чанд рӯз қабл аз омадани Ҳошими Шоҳин аз радио хабари нохуш шунид, ки подаву рама, ҳатто галаи аспони хоҷагиҳоеро силоҳдорон аз чарогоҳҳо ба яғмо бурданд. Як дардаш саду ташвишаш ҳазор шуд, хоб аз чашмаш гурехт. Молу чорводорони колхози онҳо ба чӣ ҳоле меафтанд? Замони тохтутоз, ғорату бикану бигир расид. Тороҷи рӯйрост оғоз ёфт. Бобои Шоҳин борҳо таъкид мекард, ки ин рамаро мардум бо нӯги сӯзан ва ивази наволаи даҳан гирд оварду ба ҳазорҳо расонд... Киҳо кананд ҷон, киҳо хӯранд нон… Моли давлату мардум ба коми дузду ғоратгар рафт? Ин андешаҳо ӯро чун роҳбари соҳаи чорводории колхоз, ки мисли Шоҳину садҳои дигар то имрӯз ба умеди фардои нек ҳалолу покиза кор кард, азият медод. Хамааш барбод рафт, насиби зоғу заған шуд.

Хусрав ғарқи андеша, дар гӯшае нишаста, ба бибиаш Зикамоҳ, ки болои ҷойнамоз сар ба суҷуд, аврод мехонд, менигарист. Пиразан дар охири намоз ҳамеша аз Худованд таманно мекунад, ки мардумро аз балоҳои заминиву осмонӣ дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад. Ҳамин лаҳза дарвозаро кӯфтанд, дурушту башаст пайи ҳам кӯфтанд.

Хусрав ҳадаҳа аз ҷо бархест, то модараш – Маҳингул ё Садаф аз ошпазхона барои кушодани дарвоза набароянд. Дар ин замони балозо эҳтиёт хуб аст; ба меҳмон, – худӣ ё бегона бошад, мард рӯ ба рӯ шавад, беҳтар. Зикамоҳ безобита шуд ва дар дил «О Худо, омад ба сарам аз он чӣ метарсидам» гуфт. Вай дар ҳоле ки намедонист, аз паси Хусрав биравад ё не, аз худ мепурсид: «Мусулмон бошад ё кофир? Баъзан кофир аз мусулмон бараҳмтар мешавад… Чӣ мехоҳанд? Магар навбати чашидани заҳри ҷабру ҷафо ба деҳаи мо расид?» Вай мисли кӯдак худро ғеҷондаву лағжонда пеши тиреза кашонд ва аз оина ба берун чашм давонд.

Хусрав як табақи дарвозаро васеъ кушод. Панҷ-шаш нафар силоҳдори баришу ҷӯлидамӯ, қадашон пасту баланд, лекин дар қиёс ба пайкари паҳлавононаи Хусрав миёна, сурату чашмонашон ҳархела ба ҳавлӣ даромада, ӯро ҳалқавор печонданд. Садаф, ба ҷони шавҳар ва ҳар тора мӯйи духтаронаш банди дилаш чун барги бед ларзон, дид, ки Хусрав бо чеҳраи хандон чун бо шиноси дерин ба онҳо салом ва даст дод.

– Чӣ механдӣ? Маймун дидӣ?

– Аз рӯйи насиҳати пирон меҳмона бо хандаву ҷабини кушод пешвоз гирифтан савоб аст, додарои ҷон, – посух дод Хусрав: – Марҳабо, хуш омадед…

– Хандаҳотон заҳр дорад… Шумо аз омадани мо безоред… Шумо бо ханда одамҳора мекушед.

– Ай ин гапа нагӯ, додар…

– Худо ҳаргиз маро додари ту накунад!

– Мебахшӣ… – Хусрав бо кафи паҳнаш пешонӣ молиду бо табассуми нарм гапашро шӯхиомез идома дод: – Лекин ман одами ганда нестам. Фурсате суҳбат кунему шинос шавем, шояд ҳамдарс ё ошноҳои бародарҳоятон бароям… Мисли фарзанди падар мушфиқу ғамхор будем…

– Ширинзабонӣ накун.. Аз макру найранги ширинзабонҳо дилхунем. Росташа бигӯ, бачаҳои вофчик дорӣ? Вофчикҳо дар куҷоанд?

– Не… Шумо бе гуфти ман ҳам аз сирру савдои деҳа огоҳед, – ҷиддӣ посух дод Хусрав: – Биёед, болои кат бароед… Як пора нон… Бо канфетҳои хонагӣ як пиёла чой нӯшед.

– Оҳо, боз ту конфети хонагӣ ҳам дорӣ? – ҳашмгин пурсид дигаре.

– Ҳа, дар кӯҳистон бе ин зистан мушкил… Меви хушк… туту зардолу, гелосу санҷид, шафтолуву амруд…

– Дар хона касе нест?

– Ҳаст, бибиам… Одами табаррук, таърихи зинда... Беш аз сад сол умр дорад…

Ин лаҳза дар ғиж-ғиж садо бароварда, нимроғ шуд ва аз он гӯё шабаҳе бо қомати чанг, асоча ба даст, мисле бо биниаш заминро харошида-харошида ҷониби онҳо омад. Вай кампири Зикамоҳ буд. Хусрав бо гӯшаи чашм ҷонибаш норозиёна нигарист, аммо сарбози солманд, ки шояд роҳбари гурӯҳ буд, ба истиқболи кампирак шитофт ва дудаста зиёраташ кард. Ин рафтори ӯ сарбозонро нармтар сохт, ки онҳо низ дилу бедилон ҷониби бибӣ қадам ниҳоданд.

– Намешинен? – ба чеҳраи ҳар яке кунҷковона сур-сур нигариста пурсид ӯ.

– Вақт надорем. Ташвиш зиёд…

– Худо замонара тинҷ кунад.

– Ҳазорсола шавед, бибӣ…

– Умри зиёд балои ҷон аст. Ғаму дарди дунёра беҳисоб мебинӣ…

Сарбози солманд каф сари шонаи кампирак ниҳода пурсид:

– Чандсола шудед?

– Ба яксаду ҳашт қадам мондам…

– Оҳо, табаррук, зиёратбоб, мисли чанори деҳаи мо пир…

– Нағз будам, – ба лабони пармучалаву гӯё бо ожангҳо тӯркашидаи Зикамоҳ мавҷи табассумаке давид: – Баъзан бе асоча ҳам то берун мерафтам. Ҳамин носозиҳои замона, ҷангу хунрезиҳои зормонда парешону бемадорам кардан…

– Ғам нахӯред, бибӣ, мегузарад…

– Кай? Хонаи ҷангҷӯву ҷангандоз сӯзад. Чӣ хел ғам намехӯрӣ? Дили санг ҳам об мешавад, – нолид кампирак ва хастаҳол афзуд: – Бачаҳои ман ҳам ба ҷанг рафтану дигар барнагаштан…

– Кай? – безобита шуд сарбоз. – Бо кӣ?

– Солҳои пеш… Мисли шумо нозанин буданд, – Зикамоҳ бо ҳавас ба андоми онҳо чашм давонд: – Бо дигар наваскарон, ба ҷанги Гирмон…

– Ҳа-а, ин ҷанги дигар аст…

– Номи ҷанг дар гӯр… Мардума дилхун, мулка хароб, зиндагира заҳр кард…

– Дуо кунед, ки зудтар сулҳу оштӣ барқарор шавад…

– Шабу рӯз аз даргоҳи Худо ҳамина металабам.

– Як фотиҳа диҳен.

– Нону намаки мора начашида? Гапҳотун, бачаҳои ҷон, ширину фаҳмост. Баъзеҳош омада бисёр сиёсат мекунан. Росташ, ки лафзашона намефаҳмам…

– Як фотиҳа… Гирду атрофа тозаву тинҷ кунем, боз ба зиёрат меоем.

– Садқаи қадамотун… Хайрияти сафар, сафар бехатар, ният нек, муродҳо ҳосил… Худованд нигаҳбон, дар потон хор нахаладу дарду доғатона аҳли пайванд набинад… Омин!

– Ҳавлитон, ки дар сари роҳ аст, даромадем. Замона ҳамин хел… Хафа нашавед… Номи шумо, марди хона?

– Хусрав.

– Ҳа, гуфта буданд… Хайрият, ки аввал ба худат рӯ ба рӯ шудем, – гуфт сарбози солманд ва аз дарвоза баромада раҳ ба раҳ афзуд: – Ба гумроҳон ақл шавед, бародар; аз мӯрча мадад, гуфтаанд. Аз роҳи бад гардонед… Фирефтаи дасисаи хоҷаҳо нашаванд… Ин ҷанг ғайри худкушиву харобкорӣ, мотаму пушаймонӣ ҳосиле намедиҳад…

Садаф мисле болои хор нишаста бошад, ором надошт. Чашмонаш аз паси тиреза ба саҳни ҳавлӣ, гӯшаш ба гуфтугӯйи Хусраву бибӣ ва сарбозон, ҳушу ёдаш ба Мазори Хоҷаи сабзпӯш буд. Чаро кампирак аз хона баромаду гапро ба дарозо кашид? Магар ҳолу аҳволи духтарҳо дар мазор аз ёдаш рафт? Ё аз рӯйи одат хост, ки «меҳмон»-ро ҳаққи намак карда, баъд гуселонад? Вақти меҳмоннавозиша ёфт?

Кампирак ҳамин хел хислат дорад: роҳгузаре дар кӯча ба чашму дасташ афтад, бо зориву тавалло, ҳатто ӯро кашон-кашон ба ҳавлӣ медарорад. Кӣ аз хоҳиши ӯ сар мепечаду гапашро ба замин мепартояд? Вай садқаву банда шуда, болои кат барои меҳмон дастархон кушода, нону чой, косае дуғ ё ҷурғот ниҳода, «хуш омадӣ, дунё ғанимат, заҳри одама одам бо чор сухани ширин мегирад» гӯён, ба хотирпардозӣ медарояд. Лекин ҳозир вақти хола-холаву пургапӣ аст? Аз бало ҳазар, гуфтаанд. Ба ҷойи он ки пайи силоҳдорон зудтар аз ҳавлӣ канаду Садаф рангу раҳмонашонро набинад, ин кампир онҳоро ба гап мекашад. Нафрате дорад Садаф ба силоҳдорони ҳарду ҷониб. «Рӯйи хука бинаму аз онҳора не» мегӯяд.

– Байнашон чӣ гапе гузашт? – аз худ пурсид Садаф ва ба дастархон нон печонду зарфҳоро ҳам ду-се маротиба обгардон карда, сари дег омад. Вале аз фикраш баргашт. Ҳоло барвақт, шом нарасидааст. Говгумро не, торикиро интизор аст. Хӯрокро гармогарм бубарад, беҳтар. Бепарвоии Хусрав низ дилашро мехарошад. Хашму аламашро меафзояд. Ӯ месӯзад, дилашро гургон тала доранд. Мехоҳад ба замин не, болу пар бароварда, ба ҳаво сӯйи Маҳингулу духтарҳо парвоз кунад. Аммо Хусрав сарду ором аст. На дар чеҳра, на дар гуфтораш ташвишу бесаранҷомӣ эҳсос намешавад. Ҳеҷ гоҳ ӯ инхел сангдил набуд. Фикр намекунад, ки модарашу духтарҳои нозанин, ҷону ҷигараш дар ҷангалистони касногузари мазор, дар паҳлӯи гӯрҳои ҳазорсола бечароғ чашмашон ба роҳи онҳо чор аст.

  Вақте бедодиву бераҳмӣ аз ҳад гузашт ва ҳар кас зану фарзанд ба ҷое дилпур гурезонд, онҳо нисфи шаб Маҳингул ва духтаронро бо палосу чанд кӯрпача ва болишту кампал, ҷилдҳои «Ҳазору якшаб»-у «Девони Ҳофиз», – дар равшании рӯз мутолиа мекунанд, – бурда, таги дарахти арчаи пир, ки атрофаш бо шохҳои сабзи нӯгашон то замин хамида маҳкам ва дарунаш шабеҳи хайма аст, дароварданд. Таги арча аз хасу хошок руфтаву тоза карда шуда буд. Маълум, ки Хусрав барои рӯзи мабодо ин ҷоро пеш интихоб ва омода кардааст. Ба хотири ин арчаи ҳамешасабзи бузург мазорро Хоҷаи сабзпӯш меноманд ва дар рӯзи равшан ҳам танҳо гузаштан аз ин ҷангалистон ба касе хуш нест. Сад хел фикру хаёли мағшуш дилу ҷони одамро фишор медиҳаду таъқиб мекунад. Вале шаб инҷо истодан? Духтаронро биму ҳаросе фаро гирифт, ғамзада шуданд.

– То кай инҷо меистем? – бо оби дида пурсид Шаҳло.

Наргис оби дида дар бари рӯ пушти даст газид.

– Беғайрату дилтанг набуден-ку, – бо овози гирифта ба онҳо гуфт Маҳингул.

– То аз сар дур шудани балову офат, ҷонои ширин, – дидагонаш намнок, рӯ ҷониби дигар тофта гуфт Хусрав ва пас аз лаҳзае хомӯшӣ афзуд: – Ҳамроҳатон шаб меистам… Ку бубинем, аз Худои олам чӣ меояд…

Садаф ғура-ғура оби дида рехту пайкараш ларзид, лаб газиду фиғонашро фурӯ нишонда, ҳарфе ба забон наовард.

– Дар ин замон, ки дунё пури палиду ваҳшист, куҷо равем? Мазор такягоҳ, пушту паноҳи дилпур аст, мазори бошафоат, – акнун чашмонаш рахшон, ба лаб табассуми пурдард, пичиррос зад Хусрав: – Худатон соҳиби ақл ҳастед, ҳама чиза мефаҳмед. Хоҷаи сабзпӯш ихлоси ҳафт пушти мост, дар атроф зери хок гузаштаҳои мо хуфтаанд. Рӯҳи мурдагон ҳам аз ин ҳодисаҳо ноором аст. Мо дар паноҳи арчаи бузургворем. Дила васеъ гиред, ҷонои ширин. Умед дорем, ки Худои ҳамабин, Хоҷаи сабзпӯш, рӯҳи гузаштагон пушту паноҳамон мешаванд… Гузаштагони мо аз оғози дунё дар шафати Хоҷаи сабзпӯш зистанд. Такягоҳ аст…

Садаф дарун-дарун гириста, дар рӯшноии хираи моҳ, ки аз байни шоху барги сабзфоми арча меполид, бо Маҳингул палос густурд, курпачаву болишт ва кампал ниҳод. Ба духтарон, ки худро бо ҷома ва рӯймоли пашмин печонда буданд, як назар афканду бо дили садпора майли рафтан кард. Хусрав бо духтарон аз пайраҳаи ошно модар ва ҳамсарашро то назди ҳавлӣ, ки ҳошияи роҳи мошингард онро аз мазор ҷудо мекунад, гуселонданду баргашт.

– Шаби хуш, ҷонои ширин, –асои арғувонии дастхӯраву вазнин паҳлуяш ниҳода, рӯйи бистар нишаста, пичиррос зад Хусрав: – Чӣ чора, ҳамин хел зиндагӣ пеш омад…

Шаб хоб аз чашми духтарон гурехт. Магар барои онҳо, ки умре дар муҳити оила дар бистари гарму нарм бо ноз парварда шудаанд, байни ҷангалистони мазор хобидан осон аст? Вазиши боди сардакаку ошӯби шоху барг, баъдтар садои суму қур-қури подаи хукон, ки аз пайроҳа мегузаштанд, овозҳои ҳархелаи ҷондорҳои шабгард ба гӯш мерасиданд. Хусрав рӯ ба осмони тунукабр, панҷаҳои коркуфтаву гарм зери сар, дароз кашида, ба ёд овард, ки чӣ тавр ҳангоми панҷ-шашсола буданаш ҳамроҳи бобои Абдусамад аспсавор пароҳаи байни мазорро убур карданд. Ӯ дар тӯли умр борҳо аз байни мазор гузаштааст, лекин ҳамон лаҳза дар ёдаш бештар нақш басту алҳол пеши назараш ҷилвагар шуд. Мӯйсафед он вақт ранҷуру рухзард буд. Ва шояд ҷойи манзили охираташро интихоб мекард. Мазор аз гулу гиёҳ сабзу муаттар буд. Дарахтони ҷангалзор бо ҳамел-ҳамел, шадда-шадда, хуша-хуша, остин-остин меваҳои рангоранг худнамоӣ доштанду рухи бобо заъфаронӣ метофт. Вай аспро боздошт. Ҳарду фаромаданд.

– Аз рӯйи одоб аз мазор савора намегузаранд, – гуфт ӯ ва аз ҷилави асп дошта, ба дили дарахтзор равон шуд. Ва пас аз чанде дар ҷойи суфамонанди фарози мазор, ки аз гулу сабза гӯё қолинпӯш буд, вале гаҳвораи сабзи хурду бузурги гӯрҳо низ ба чашм менамуданд, истод. Вай оҳ кашиду нафас рост кард, сипас табассуми базеб ба лаб, гунбази ҳар як гӯрро бо нӯги ангуштон ба ӯ нишон дода, бо овози хастаи нарм фаҳмонд: инаш гӯри бобосту дар паҳлӯяш бибӣ; онаш аз Маликамоҳ аст, ки пас аз таваллуд аввал худаш фавтиду баъд тифлакаш. Он сӯтар Ситорамоҳу Гулнигор, таги буттаи хуч Ҳасан, аз дулона поинтар Сафаралӣ, Саидхоҷаву Саидансор… хуфтаанд… Арӯсӣ ҳам надиданду шаҳӣ ҳам.

Хусрав мисли ин лаҳза гунгу карахт буд. Бобои Абдусамад болои сабза пирона нишаста, бо садои баланд буро-буро сураҳое хонд, ки ба гӯши рӯҳу арвоҳ, ки аз зери хок умеди як каф дуо доранд, бирасад. Вале ҳангоми даст ба фотиҳа бардоштан овозу шонаҳояш ларзон, оби дидагонаш ба тораҳои ришаш шориданд… Бобо ба рӯҳи гузаштагон ва фарзандони ғурамаргаш дуруд мефиристод ва аз даргоҳи эзид таманно мекард, ки ҷойи онҳо ҷаннат бошад… Акнун ӯ, Хусрав бо гулдухтарони нозпарвараш дар ҳамон мазори Хоҷаи сабзпӯш, паҳлӯи турбати бобои Абдусамаду пайвандон дар таги арча аз чашми баду ҳасуд паноҳгоҳ ёфтааст… Бод тундтар ҳуштак мекашаду ҳазору як садои дилреш ба гӯш меояд ва ситорагон ягон-ягон чашмак мезананду моҳи нопурра шӯъла мерезад.

Хусрав ҷомаи серпахтаи ба қад баробари сиёҳ ба тан, аз хона баромад. Садаф дастрахон тори сар дар як даст зарфи пурғизо, дар дасти дигар термоси пурчой дар ҳавлӣ меистод. Кампираки Зикамоҳ маҳзуну ҳайрон асо дар даст, ниёиш ба лаб, онҳоро ба дили торикӣ гуселонд ва афсӯс хӯрд, ки аз тарси чашми нохалаф наметавонанд фонус афрӯхта, дар равшании шӯълаи он зудтар пеши Маҳингулу набераҳояш бирасанд.

 

Офат ба пойтахту деҳаҳои атроф пош хӯрд. Чор тараф ба нишемангоҳ табдил ёфт. Нишемагоҳи худиву бегона. Нишемангоҳи ҷоҳталабон, гурӯҳҳо ва маҳалбозон. Одам ба шикори одам машғул шуд; онҳоеро ба нишон мегирифтанд, ки ба назарашон душман ё санги сари роҳ менамуданд. Бинову мошинҳоро оташ мезаданд, шишаи дукону мағозаҳо шикаста, мол ба ғорат мебурданд ва дар дили мардум тарсу бим ҷо мекарданд ва инро алови чашмгирӣ меномиданд. Оре, бахти Душанбешаҳри бо ҳазорҳо орзуву армон, заҳмату хуни ҷигар бунёд карда ва ба «зеби дунё» табдил додаи миллати тоҷику дӯсту бародарони ҳамсафаш баргашт. Пойтахт ба майдони гирудор ва хунрезӣ табдил ёфт. Ва акнун ин шаҳри илҳомбахши адибон ва ба қавли устод Боқӣ Раҳимзода «дилоро»-ро шинохта намешуд. Ба он шабоҳат дошт, ки гӯё аз кӯчаву хиёбонҳои чанде пеш тозаву озода, чаману гулгашту боғҳои сарсабзу зебояш баногоҳ лашкари муғул гузашта бошад; ҳама ҷо поймолшуда, чиркину хазонрасида ва ҳузнангез менамуд. Ба ҷои атри гулу ёсуман ба машом бӯйи ғализу касофат мерасид. Одамон бедимоғу шикастарӯҳ, дар андешаи аз панҷаи даҳшат фирор кардан афтода буданд. Ин бадбахтиро хурду бузург ва таҳҷоиву бегона дарк мекард. Охир дар манзиле, ки ҷангу хушунат, дилозориву таҳдид ҳукмрон бошад, зистан осон аст? Касе умеди амнияти зану фарзанд, ҷону сарват ва ояндаи некро надорад. Шаҳр рӯз ба рӯз мотамзадаву холӣ мешавад. Ва онҳое, ки солҳои душвор аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикнишин, аз зодгоҳи азизашон бо кулбори илму донишу ҳунар омада, дар радифи ҳазорон бо неруи хираду бозу ва орзуҳои наҷиб фазои фарҳангии пойтахтро бунёд карда буданад; онҳое низ ки солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон захмиву афгор аз сангарҳо ба шифохонаҳои ақибгоҳ, яъне ба Душанбе оварда шуда, пас аз табобат ин ҷо соҳиби кору хона гаштанд; боз одамоне, ки хуни нофашон дар ин макон рехтаву бо нону намаки он ба камол расидаанд, бо димоғи сӯхта ва хотири парешон харобу валангор гардидани диёри ишқу ҷавонияшонро дида, бо андӯҳу ҳасрат дар дил ин сатрҳоро такрор мекарданд:

 Шаҳре, ки дар он ишқ арӯсӣ мекард,

Имрӯз вилояти сиёҳпӯшон аст.

 Оре, аз ҳар дару дарвоза, кӯчаву паскӯча сияҳпӯше мебаромад маҳзуну пурмусибат, вале ғоратгару муштзӯр, ки майдону ҷавлонгоҳ ва минбару ҳукм ёфта буд, шоду масрур, ханда ба лаб дошт, зеро бозораш гарм буду деги айшаш ҷӯшон. Ва ҳангоми мастиву сархушӣ таппончаҳояшонро байни ангуштон тоб дода, ба атрофиён гӯшзад мекарданд: «Кӣ гуфт, ки ҷанг ганда аст? Ҷанг барои мо падари азизу модари меҳрубон шуд». Ин дағдағаҳои бешармона ба чашми одамони покниҳоду дар чорчӯбаи ахлоқи ҳамида умрдида чун хор мехалид ва дуди оҳи онҳоеро, ки ин бетамизиву худсариҳоро бори аввал медиданд, ба фалак мерасонд. Ҳама дар дил ва нигоҳ як саволи беҷавоб дошт: ин зиндагии нобасомон то кай идома меёбад?

Наим мисли ҳамаи онҳое, ки умри ҷавонро дар Душанбе сипарӣ карданду пойтахтро чун ном ва шаъну шарафи тоҷик азизу муқаддас мешуморанд, печида ба андешаву ташвишҳои гарону талх, – аз куҷо ба осонӣ се-чор нон ёфта, ба аёдати амакаш – Абдукарим равад? – аз бинои Донишкада худро берун кашонд. Дарду алами дил гуфтани олимони бузургсол беинтиҳову афсурдакунанда аст; аз саҳар то бегоҳ бо шиква оҳ мекашанд; аз вазъияти ноҳинҷори Душанбе ва фоҷиаи миллат намегирянду бас. То кай дарду алам мешунавӣ? Ана боз донишҷӯён ба дарс наомаданд; дар даҳлезу толору синфхонаҳо паша пар намезанад. Сабабаш маълум: писарҳо аз бими ҷон, ки дар кӯча мабодо ба чашми силоҳдорон – «қаҳрамонон»-и замони нав шубҳанок намоянд ва бо иллати зодгоҳу водӣ зери шиканҷаву таҳқир ва латукӯб қарор нагиранд, духтарҳо аз тарси ба дасти тӯдаи авбошу нашъаманд, ки ба пойтахт якбора мисли мӯру малах рехтаанд, наафтодан ва шарафу номус доғдор накардан, ба ҳар роҳу восита аз гирдоби балоҳои Душанбе ҷон ба диёри худ кашидаанд. Кӯчаву хиёбон ва шаҳракҳои сераҳолӣ чандест ба кӯҳнабозор табдил ёфта. Ҳама чизро, – аз сӯзану ришта, то қолину мошини ҷомашӯӣ, – меёбӣ, ба ғайр аз нон. Намояндагони миллатҳои ғайр, ки дар шаҳр нисбат ба муқимиҳо сечанд афзун буданд ва дар муҳити созгор мезистанд, аз нобасомониҳо басо ноҷӯру парешонҳоланд. Онҳо аз сари субҳ то шом колои гуногун: либоси нимдошту пойандоз, пойафзору чинивор, хел-хел асбобро бо аробачаҳо кашонда, бари роҳраву сояи дарахтон матоъ ё рӯзномаҳои кӯҳна ва ё пораҳои картонро густурда, «дукон»-е ороста, сарваташонро ба фурӯш мегузоштанд, то бор сабук бикунанд ва барои роҳкиро пул захира намоянд.

– Ҷойи бегона бақо надоштааст, – дар кӯҳнабозор дирӯз ранҷишомез гуфт Илёси яҳудӣ ва афзуд: – Огоҳонда буданд, ки аз ин шаҳр зудтар кӯчед, ки ҷанг, якдигаркушӣ мешавад… Калем пӯсад, мани нодон бовар накардам… Одамҳои зираку ҳушёр кайҳо ба шаҳрҳои тинҷу обод расиданд…

– Мекӯчӣ, ҳамсоя? – бо хотири парешон пурсид Наим ва аз дил гузаронд, ки тахминҳо ҷон доранд. Ин ҷангу хархашаҳо дар мамлакатҳои низоъангез тарҳрезӣ шуда, аловмонҳояшон низ аз ҳамон ҷойҳо омадаанд. Вагарна чаро қавми Илёс солу моҳҳо пеш дар мулкҳои дур аз ин фоҷиаҳо воқиф будаанду мо, соҳибватанҳо, ба қавле дар гӯши фил хобу бехабар?

– Хешҳо ваъда доданд, ки аз Тел-Авив, аз Замини муқаддас даъватнома мефиристанд, – ифтихоромез гуфт Илёс, – Шабу рӯз интизорем…

– Хоки бобоӣ мекашад?

– Барои яҳудӣ, ҳамсоя, ҳар ҷое тинҷу ором бошад, ватани хуб аст. Душанбе чӣ бадӣ дошт? Лекин расво шуд; парон-парон, худсарӣ, хун рехт, ба ҷаҳаннам табдил ёфт… Дар дӯзах зистан осон аст?

– Фарзандон ҳам ба рафтан розианд?

– Дудилаанд… «Забонро намедонем» мегӯянд. Онҳоро мефаҳмам: Душанбе барояшон зодгоҳ аст… Лекин Изроил хоки бобоии яҳудӣ, умеди мост. Диданаш орзуям буд… Акнун имконият пайдо шуд… Ҳазор сол ин ҷо монед ҳам, бегона ҳисоб меёбед…

– Кушед ҳам, ман аз Душанбе як қадам берун намеравам, – тунд ба суҳбат шарик шуд Анвари озарӣ.

– Ибӣ, калет пӯсад, дар Озарбойҷон хешу табор надорӣ? – пурсид Илёс ва неш зад: – Ё барои ягон гуноҳ вақти ҷавонӣ аз он ҷо бадарғаат карданд? Ту бисёр каҷрафтору шӯрапуштӣ… Дигар роҳ намедиҳанд?

– Не-не… Ҷуҳудбозиятро мон, – як каме озурда гуфт Анвар ва нармтар афзуд: – Хешу пайвандон, дари умед зиёд аст. Ман он ҷо чашм ба дунё кушодаам. Лекин аз кӯдакӣ ба Душанбе афтодам. Сарнавишт аз сағирхона ба сағирхона маро ба ин ҷо овард. Он вақт ҷанг дар дуриҳо идома дошту зиндагӣ ин ҷо душвор буд… Гуруснагӣ...

– Хайр, қаҳрамоният ҳамин аст? – бо ришханд мепурсад Илёс, – Калет пӯсат, гузашта чӣ лозим, ғами ояндаро хӯр.

– Яҳудӣ забони ҷумла мурғонро медонад. Ба ту гап фаҳмондан душвор, – нӯги сигарет бо дили ангуштон молида, сипас ба фурсат онро ба лаб ниҳодаву бо оташафрӯз рушан карда, ду-се маротиба дуди ғам фурӯ бурдаву аз даҳону шикофҳои димоғ бароварда гуфт Анвар ва пас аз андаке мулоҳиза суханашро идома дод: – Панҷ-шашсола будам, ки ба ятимхонаи Душанбе, – он вақт Сталинобод ном дошт, – оварданд. Шаҳри бегона… Ба русӣ гап мезадем. Ҳо, озарибачаи русзабон. Гоҳ-гоҳ хумори дар кӯчаву бозор сайр кардан ба сар мезад. Охир муҳиту муомилаи якранги ятимхона дилтангам мекард. Баъзан аз ятимхона гурехта дар бозори Шоҳмансуру атрофаш сарсарӣ мегаштам. Дигар куҷо меравӣ? Он замон занҳои тоҷик аз тангии рӯзгор ба бозори шаҳр дар кӯзаву хурмаҳо ширу ҷурғот, дар халтаву сабадҳо мева оварда мефурӯхтанд. Боре зане магар нигоҳи пурҳасрат ва чашми чори маро пай бурд, ки бо ишора сӯяш даъватам кард. Росташ, ки бо тарс кебида-кебида наздаш рафтам. Охир ятим доим сарзаниш, гӯштобу шалоқро интизор аст… Аммо он зани зебои моҳтобрӯ, як лаби докаи мисли шир сафедаш гирди сар печидаву пеши бар овезон, мисли фаришта бо табассум пешвозам гирифт. «Э Худои меҳрубон, – гуфтам ба худ, – ин дар хоб аст ё бедорӣ?» Баъд вай ба пиёлаи тоза шир рехта, ба ман доду боз дасти навозиш ба сарам гузошта пичиррос зад: «Ятимаку ғариб аст… Савоби сари аскарбачаҳои роҳдур… Худоё, аз чашми баду тири душман дар паноҳи исматат нигоҳашон бидор». Чунин одамгариву ғамхориро дар он солу замон ятими сарсону овора дар куҷо меёфт? Афсона! Як пиёла шир не, шаҳд нӯшидам. Медонӣ, ҳамсоя, мани ятим он мҳрубониву навозиши гарми модаронаро дар умрам ҳамон рӯзу соат дидам. Магар онро фаромӯш мекунам? Ана ҳамин тавр, ман бо нону намак, меҳру дастгирии бародарони тоҷик ба воя расидам, соҳиби касбу кор, ному нон, хонаву дар шудам. Эҳе, нахустин дастниҳолро дар ҳамин замин шинондам, дар чор тарафи Тоҷикистон ёру бародар, дӯстони ҷонӣ пайдо кардам. Магарам кӯрнамаку носипос бошам, ки он некиҳоро аз ёд барорам. Не, дар ин рӯзҳои сиёҳ мушкил бошад ҳам, ба эҳтироми ҳамон модару пиёлаи шираш ба ҷое намеравам. Аз дастам коре намеояд, лекин дар паҳлӯи ҳамсояҳо меистам. Ҳарчи бодобод, кушанд ҳам, ба офтоб намепартоянд….

– Ибӣ, тоҷикҳоро ту аз ман беҳтар мешиносӣ? – пурсид Илёс ва ҳазломез афзуд: – Мо яҳудии тоҷикем. Ҳафтоду ҳафт пушти мо дар Бухоро паҳлуи тоҷикҳо зистанд. Хислатҳои ин халқ аз қадим ҳайратовар аст: дӯсткуши бегонапарвар. Ибӣ, гапам дурӯғ бошад, таърихашонро хонед. Ҳатто худиҳои номдорашро то накушад, бузугаш эълон намекунад… Дина ин гапа ба Лоиқшоҳ гуфтам. Шоири бузург наранҷид. Сархуш ҳам буд, лекин ҷавонмардона даст дода, гуфтаи маро тасдиқ кард. «Гапи ҳақ баҳс надорад» гуфту сӯйи хонаи Абдураҳими каду рафт. Дардаш беинтиҳост. Алами дарду доғи ин рӯзҳои сиёҳро аз арақ мегирад. Занам мебуд, ки ин чизҳоро соҳибӣ мекард, ҳамроҳаш мерафтам… Ин тоҷики нармтабиат аз сабаби гаправӣ дар ҳар аср ба сари худаш фалокатҳое меорад…

– Шумо ҷойи рафтан доред, мо чӣ кор кунем? – пурсид Наим бо алам.

– Аз куҷо донам? – як даст дар киса, бо ангуштони дасти дигар пайваста ба зери дандон тухми офтобпараст ниҳодаву шикаста ва пӯсташро ба чор тараф пош дода, ғур-ғур кард Илёс: – Союз пош хӯрду дунё расво шуд. Елсин аз Горбачёв гузаронд… Ибӣ, ҳозир дар ҳама ҷо хурӯс як хел ҷеғ мезанад. Аз осмон гӯё якбора роҳбару роҳнамо рехт: мулло, демократ, чӣ буд? Растохез…, гӯру бало… Яке бешармона рӯирост ҷанг меандозад, дигараш шӯру балво мехезонад… Тамошои бепул… Мо чӣ гуноҳ дорем? Кори ман чӣ? Аз тоҷикҳо инро интизор набудам. Худкушӣ, шармандагӣ… Меравем. Аз ин ҷанг ба мо чӣ фоида?

Наим ба поин роҳ пеш гирифту Анвар ба боло, то таънаву маломатҳои шӯру талхи Илёсро дигар нашунаванд. Вале Илёс ӯро пас хонд ва аз дасташ нармак дошта, се-чор қадам ба канор бурда, аввал ба пасу пеш ингаристу оҳиста гуфт:

– Гапи махфӣ… Ҳеҷ кас нафаҳмад. Номард зиёд… ба ин ошнои озарият бовар надорам, – Илёс даме ба чашмони ӯ нигаристу боз оҳистатар пичирос зад: – Хона мефурӯшам. Арзон. Харидор меёбӣ? Худат бигирӣ, боз беҳтар. Одами дилпур ҳастӣ…

Он лаҳза низ аз сари Наим андешаи нон ёфтан дур намешуд. Вай аз дил мегузаронд, ки зиндагӣ ба кӯҳнабозр табдил ёфт: яке нон меҷӯяду дигаре харидори хонаву зару зевар аст. Бисёр мехост, ки худро зуд ба Қарияи боло расонад ва аз нонфурӯшҳои он ҷо барои хонаи амаки Абдукарим ва худаш нон бихарад. Заводи нонпазӣ, ки навъ-навъ маҳсулот мебаровард, аз сабаби беордӣ аз кор монд. Бисёр дуконҳои нонфурӯшии давлатӣ дар бастанд. Ва ин мардумро ба гирдоби даҳшату таҳлука кашонд… Охир пеш мушкилоти нонёбӣ умуман вуҷуд надошт. Акнун чанд дона нон ёфтан масъалаи мушкил. Калонсолон вазъиятро мефаҳманд ва оби даҳон фурӯ дода, ба гуруснагӣ тан медиҳанд. Аммо кӯдакон… ба онҳо фаҳмондани вазъият бефоида. Бо доду фарёд, дасту почак задаву шаш қатор ашк резонда, нон талаб мекунанду бас. Кай парво доранд, ки падар ё модарашон дар ҳавои сард барои чанд дона нон шаб то субҳ назди мағозаи нонфурӯшӣ навбат мепоянд, моҷарову хархашаҳоеро аз сар мегузаронанд, озору таҳқир низ мебинанд… Одамонро ҳолати ногувор, нонҷалобиву зӯроварии силоҳдорон хашмгину асабӣ, ҳатто бераҳм кардааст. Солмандон аз рӯйи хислату одат чун даврони пешин ҷон мекоҳонанд, ки луқмаи ҳалол ёбанд, аммо навбаромадҳо, ки ба қавле нав аз болои тухм хестаанд, дар ҳар қадам худнамоёна, – даври мо расид, ба хешону ошно бенавбат нон медиҳем, аз дастатон чӣ меояд? – имон сӯзонда, деги айш меҷӯшонанд…

Ду ҳафта пеш, вақти саҳар Наим дар ҳолати сахту ногувор афтод. Инро ҳеҷ чашмдор набуд, вале пеш омад. Кӯдакҳо мисле, ки ба ҳамдигар маслиҳат карда бошанд, нон хостанд. Модарашон ба онҳо гуфт, ки шаб охирин пораи нонро хӯрдед, дигар ягон реза намондаст, чою мураббо хӯред. Эҳа, ин хабар онҳоро бештар ба шӯр овард. Хурдиҳо дучанд бо доду гиря нон талаб карданд. Магар барои нон талх гиристани кӯдаконро дидан осон аст?

Тангии тирамоҳ буду ҳаво сард. Барфу борон дона-дона омехта меборид. Бар замми ин аз дуру наздик садои таркиш ба гӯш мерасиду аз болои бомҳо тирҳои дайду ҳуштаккашон мегузаштанд. Он саҳар аз ҷониби Ҳисор ҷабҳаи халқӣ ба пойтахт ворид мешуд. Дирӯз дар кӯҳнабозор одамон байни худ ҳамин хел миш-миш мекарданд. Яъне муборизаву гирудор рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Пойтахтро аз дасти гурӯҳу саркардҳои ғайридавлатӣ ё ифротӣ раҳонда, ҳукумати қонуниро барқарор кардан мехоҳанд. Вале кӯдакҳои гурусна кай парвои ин моҷарову гирудор доранд? Агар падар бошӣ, ба онҳо нон биёв. Наим ҷомаи нимдошташро пӯшиду миён бо рӯмоли куҳна баст ва телпаки рангпарида ба сар ниҳоду халтаи чортаҳ ба бағал гузошта бо сари хам «таваккал ба Худо» гӯён аз дар баромад. Аввал хост, ки дукони нонфурӯширо хабар гирад. Пояш накашид. Зеро ба ёдаш омад, ки дишаб писари калонӣ оби дида дар бари рӯ, омада бо алам гила кард, ки модари Устои ҷӯрааш ӯро аз навбат ронда, нонаш надод. «Шояд нашинохтат», – гуфт модараш.

– Кӯр нест-ку, нағз шинохт, – бо аламу ҳайрат шарҳ дод писар ва афзуд: – Боз гуфт, ки «шумо садқаи нон шавед».

– Аҳа, ҳеҷ гап не, писарам, – ӯро таскин бахшид Наим ва аз дил гузаронд: зани нонфурӯш, ки дар дил ин хел ҳиссиёти чиркин дошта бошад, аз мансабталошу силоҳдор чӣ гила? Ин гуруснагӣ мегузарад, рӯсиёҳии ҳамсоя мемонад». Наим таги гапро фаҳмид. Фурӯшандазан, ки то дирӯз одами намакхӯру қадрдон буд, гирифтори иғвои маҳалбозон шуда, рӯяшро гӯё бо намакоб шуста ба зодгоҳи онҳо ишора кардаст… Аммо кӯдак бо дили чун булӯр соф кинаву адовати ӯро аз куҷо донад? Хуб кард, ки ба дукони нонфурӯшӣ нарафт Наим. Агар мерафту ягон гапи талх мезад, ранҷишу дилсиёҳӣ ба миён меомад. Лозим не… Лекин як-ду нон медод, ин саҳар ба ин аҳвол гирифтор намешуд. Хайр, бало ба пасаш. Бадбахт фикр накардааст, ки ин рӯзҳо мегузаранду гапу хотираи бадаш то дер мемонад. Бешак, боз рӯ ба рӯ мешаванд, ба чашми ҳамдигар менигаранд…

Наим ба шоҳроҳ расиду пеши назараш манзараи мудҳиш падидор шуд. Занон гаҳвора ё бухчае тори сар, тифлаке таги каш, пирону наврасони ҳаросон боре дар пушт, аз дасти кӯдакони хунукхӯрдаву ҳайрон дошта, зери барфу борон ва ҳуштаки тирҳои дайду, пиёда ҷониби маркази шаҳр мешитофтанд. «Зани тоҷик мисли мурғи чӯҷадор асту сарваташ фарзанд», – гузаронд аз дил ӯ ва бо хашм ба ҷоҳталабоне, ки ин рӯзи фалокатборро ба сари мардум овардаанд, нафрат хонд. Охир дар ин сармову барфу борон, ба қавле, хук ҳам аз хонааш намебарояд. Инҳо ночор ҷон дар кафи даст, дар ин парон-парону рехтани тир фарзандонро ба ҷои амну бехатар расонданианд.

Ҳафтае пеш рӯзи рӯшан дар истгоҳи ин ҷо тири дайду риштаи умри Қиёмуддин ном ҳофизеро барканд. Ҷавонмарди баландболои хушсурат ба хона мерафтааст. Саҳар пайвандон ӯро бо чеҳраи кушод ба кор гуселонданду бегоҳ бо ашку навҳаи дилреш ҷасади хуншору сардашро пазируфтанд. «Фалокат, соати марг…, насиб», – гуфтанд.

Наим бо андешаҳои талху мағшуш зери барфу борон баробари гурезаҳо то Қарияи боло расид. Бозор холӣ буд. Магар фурӯшанда аз ҷони ширинаш безор аст, ки дар ин хел рӯз мол ба бозор биёрад? Ӯ ноумед ба атроф чашм давонд. Нигоҳаш ба марде афтод, ки бо тӯрхалтаи нондор аз маҳалла мебаромад. Сӯяш шитофт, ҷойи нонфурӯширо пурсид.

 – Нонпазҳо кор мекардаанд… Дар ҳамин хел рӯз … ҳалолашон бод, ҷони мардума мераҳонанд, – гуфт мард ва таъкид кард: – Зуд бирав… Кӯчаи паси Кохи Борбад… дар навбат одами зиёд ҳам нест…

Пас аз тай кардани ду-се тангкӯча қатори нонгирҳо ба чашмаш расид. Чи хубе, якта не, чанд нонпазхона бар ба бар кор мекардааст. Дили Наим равшан шуд. «Ана, ин накӯкорӣ, хислати беминнат савобгирист», – аз дил гузаронд Наим ва дар охири сафе ба навбат истод. Резиши барфу борон ва аз болои сар гузаштани тирҳо шиддат мегирифт. Ҳама мисли ӯ хомӯшу хаёлӣ буданд. Оё зинда, сиҳату саломат то манзил мерасанд? Вай чун ба дарбача наздик шуд, манзараи дар карсонҳои бузург чобукона орду обу намак рехтану хамиршӯрӣ, хамирхобонӣ, қадаме дуртар болои тахтае аз хамири расида заволабурӣ ва боз рӯи суфаи ордолуд заволаҳоро муштзанону байни кафҳо лунда кардан ва зери дастархон қатор-қатор мондан, онсӯтар гурӯҳе бо суръати ҳайратангез заволаҳои омадаро тунук кардаву лаб чидаву байнашон мухпар зада, бо нӯги ангушт сиёҳдона гузоштан ва ниҳоят, ҳар як заволаи тунуккардаро бо суръат чапа болои рафидача гузоштану бо ангуштон нам-нам карда, ба танӯр часпондан пеши чашмаш ҷилвагар шуд. Нонпаз ҷавонмарди газгӯшт, ки сараш бо рӯмолаке сафед то болои абрӯҳо баста шуда буд, аз тафи ангишти сӯзону танӯр рӯяш мисранги арақшор, нонҳои мисли қурси моҳ сурхосафеди пухтаро бо асбоби элакмонанди дастадор ё чангак бо санъату ҳавсалаи хоса канда, болои пештахта тарзе мениҳод, ки ҳаврашон зуд барояду сифаташон накоҳад. Вай дам ба дам ба нонгирҳо шунавонда таъкид мекард:

– Аз даҳ дона зиёд не! Хафа нашавед. Ба дигарҳо ҳам бояд нон бирасад…

Машом аз бӯйи нони гарм муаттар, нигоҳаш бамеҳру рахшон, Наим дар дил ба ҳафт пушти нонпазҳо ташаккур мегуфт. Воқеан кору рафтори онҳо он рӯзу соат ҷавонмардие буд бемисл. Бе фармону ҳидояти роҳбаре, – аз онҳо нишоне набуд, – дар он рӯзи фалокатбор бо хости дил, аз рӯи фаросату қарзи инсонӣ барои мардум нон пухтан, боз бо амри дил тарозуи инсофу адолатро риоя кардан, – онҳо метавонистанд ба ҳанноте бо нархи баланд нон фурӯшанду зуд даричаи нонпазхонаро банданд, – нишонаи олии имону инсофи ин ҷавонмардон буд.

Он рӯзи тира Наим хубтар дарк кард, ки нонпазхонаҳои шахсӣ нишонаи ободии шаҳранду омили чашми сери мардум. Ва заҳмату рафтори нонпазҳо дар он ҳолати тангдастӣ ба назари ӯ ба олиҳимматӣ, не, не, ба қаҳрамонӣ шабоҳат дошт. Қаҳрамоние, ки аз дасти ягон сарватманди хасис намеояд. Қаҳрамоние, ки умрбод дар хотири одамони эҳтиёҷманд нақш мебандад. Ин амали шоиста дар хулқу атвори инсонҳои заҳматписанди оддӣ бештар медурахшад. Ӯ он рӯз, дилаш аз дидани ин манзара шод, ба хона нони гарм овард.

Наим гоҳе савора, ҷое пиёда то хонаи амаки Абдукарим расид. Ҳавлӣ, хона ва боғаку дару деворҳои ошно, ки айёми мактабхониву донишҷӯияш он ҷо сппарӣ шуданд, гӯё кайҳо пазмонаш буданд, ӯро бо хомӯшии роздор ба оғуш кашиданд: солҳо зуд гузаштанд, замона дигар шуд. Амакаш Абдукарим омӯзгори пиронсол, ҷомаи кӯҳна сари шонаҳо, рӯи хонтахта чойники болопӯшидаву ду пиёла, дар як гӯшааш рӯзномаву маҷаллаҳо паҳну парешон, бо дӯсташ Домулло чунон саргарми шоҳмотбозӣ буданд, ки аз омадани ӯ бехабар монданд. Чун Наим салом дод, ҳарду сар бардоштанд. Амак – марди солору пуртамкин аз ташрифи бародарзода ончунон изҳори шодӣ кард, ки Наим дар ҳайрат афтод.

– Хайрият, ки омадӣ! Лекин чаро ин қадар дер? Муаллима дар ташвиш афтод. Аз деҳа, аз дӯстонат ягон гапу хабар ҳаст?

– Хубанд, – пас аз адои салом гуфт ӯ ва дастовезашро ба гӯшаи кат ниҳода афзуд: – Бо телефон гап задам. Модарам аз аҳволи шумову муаллима бисёр пурсиданд. Таъкид карданд, ки: «илоҷе ёфта, бираву бубиншон…» Ҳм, аз куҷо донад, ки ҳозир аз як канор ба гӯшаи дигари пойтахт рафтан ҳам осон нест, ҳам хатар дорад. Бо Насим ду маротиба телефонӣ суҳбат доштам. Шуморо ёд кард.

– Мегуфтӣ, ки нағзанд, бас буд. Таскин меёфтанд, – андешаманд пичиррос зад Абдукарим ва бо панҷа мӯйи нуқрафомашро ҳамвор кард: – Кампир аз азал бамеҳру ғамхор буд. Сад ҳайф, ки имсол ба зиёраташон рафта натавонистам… Ба Насим ҳамеша аз ман салом бигӯ. Кош дар ин гирудорҳо тинҷ бошад…

– Худатон доим таъкид мекардед, ки дурӯғгӯйӣ торикии имон аст, – ҳазломез, бо шакарханд посух дод Наим ва афзуд: – Шуморо бинам, чанд рӯз осуда мегардам. Ба модарам бо забони дароз аз иҷрои ваъда хабар диҳам, хуб нест? Ку майдони ҳарбу зарбро бинем: кӣ ба ғалаба наздик расида?

– Тамошо бикуну гап назан, – огоҳонд амаки Абдукарим ва афзуд: – Медонӣ-ку: шоҳмот бозии тан ба тан аст. Ҳозир як гап аз даҳонат барояд, ба Домулло Худо медиҳад. Чак-чакзанон мегӯяд, ки додарзодаат аз пойтахт ба ёрӣ омад. Фаҳмидӣ? Хап ист, ошно, даҳони пӯшида сад тилло, гуфтаанд.

Аз даҳлез муаллима, пиразани барҷомондаи нуронӣ – ҳамсари амаки Абдукарим баромад ва чун даст ба пешонӣ соябон карду ӯро дид, хурсандияш дар дил нагунҷиду бо ҳаяҷон пурсид:

– Наимҷонӣ? Дар қадамҳоят садқае! – вай омада аз буни гардани Наим модарвор бӯсид: – Бачу качат тинҷанд? Хешои роҳдур чӣ ҳол доранд? Шаб дар хобам даромадӣ… Одам сад хел андеша мекунад. Ба замона чӣ бало расид? Дар охири умр ба зиндагӣ заҳр пошид, ҳамаро хору зор кард…

– Аҳа, беҳад, – гапи ӯро об дод дӯсти амак Домулло ва оҳи бадард кашид: – Ҳеҷ кас парво надорад, ки нафақа намегирем. Хуб, бало ба пасаш. Лекин панҷ-шаш моҳ ба омӯзгорон надодани маош хиёнат аст! Чӣ хел зиндагӣ кунанд? Аҳволашон бад. Ваъдабозӣ… фиреби рӯйирост. Ин нағз не. Ояндаи мактабу маориф чӣ мешавад? Ана дар рӯзнома навиштааст, ки вазорати молия маблағи маоши омӯзгоронро ба суратҳисоби ноҳияҳо гузарондааст. Вале аждарҳои бонкҳои ноҳия то ин пулро чархондаву обулой карда, аз он даҳ баробар фоида наситонанд, ба омӯзгор як сӯм намедиҳанд. О, ин фиребу ҳаромхӯрӣ, ҷинояти рӯйрост нест?!

– Гардӣ! Ҷойи гурехтанатонро ёбед, ошно. Ман ба шоҳи шоҳмотбозон одати бохтан надорам.

– Ташакур, ки огоҳондед. Чӣ чора? Мегурезам.

– То куҷо? Боз гардӣ!

– Мулло Наим, ғами моро хӯрда боз нон овардӣ? Худо баракатат диҳад, – изҳори миннатдорӣ кард муаллима ва пурсид: – Дар курсӣ мешинӣ ё болои курпача? Медонӣ, як рӯз нон тамом шуд. Амакат дилтангӣ карданд. Таги дор рафтан барояшон осонтар аст, аз он ки аз касе чизе пурсем. Баногоҳ ба ёдам расид, ки нон дорем. Кам не, чанд халта! Шуҳрат ҳамин ҷо буд… Фармудам, ки зинаро монда, аз болохона халтаи нонҳои хушка фарорад. Эҳа, ба нонпораҳои дар офтоб хушкида дар ҷойи шамолгузар ягон осеб нарасидааст… Нони мисли тароша хушк дар ширчой ё шӯрбову пиёва чун ҳалво мулоиму мисли гӯшти барра бомазза мешудааст…

– Аз нӯгаш ба мо ҳам насиба расид! – таҳсиномез гуфт амаки Домулло. – Ба сарфакории муаллима қоил шудам. Таҷрибаи олиҷаноб! Ба рӯзҳои серӣ расем, мо ҳам нонпораҳоро ба гову мол надода, дар офтоб хушрӯ хушконда, захира мекунем. Магар аз сабусу кунҷора нағзтар нест?

– Ба чанд ҳамсояи эҳтиёҷманд кам-кам тақсим кардам. – ба Наим таъкид кард муаллима, – Ду халта нонпораи нозанини дигар дорем…

– Мон биёрад. Замони баргардонидани нонҳои хӯрдааш расид, – чашм аз тахтаи шоҳмот наканда гуфт Домулло-амак ва афсарро бардошта афзуд: – Нони мард ба мард қарз аст…

– Қарз куҷо? Наим бачаи хона буд, қатори фарзандҳои худам, – эътирозомез посух дод муаллима.

– Дурусту дар ин рӯзҳои душвор баъзе фарзандҳои нохалаф аз падару модар рӯ тофтанд… Худо аз инаш паноҳ диҳад… Меҳмон бо дастовез, муаллима, меҳрашро меорад…

– Дуруст! Аммо ба шахи асп ҷавоб гӯед. Ҷумбида наметавонед.

– Шумо маро ба гап гирифтед. Айби Наим. Аз бачагияш ба шоҳмотбозии ман халал мерасонд…

– Не-не, баҳона наковед. Ба зӯр мардона тан додан ҳунар аст, ошно…

– Бозӣ аз сар… Хотирбинӣ бас! Ин маротиба пӯстатонро канда, ба дасти Наим медиҳам. О ман ба падарам бозиро набохтаам! – бо шӯру шавқ, вале худро ранҷида ангошта гуфт Домулло-амак.

– Беҳтараш, ки як пораи нони мулоим гиред. Чойи гарм биёрам? Эҳа, аз қандинаҳои овардаи Наим даҳон ширин кунед, – лаълии нондору қандина назди онҳо гузошта гуфт муаллима: – Шоҳмотбозӣ намегурезад…

– Ин гапи дигар. Аз насиба набояд рӯ гардонд… Нӯши ҷон шавад, Домулло, – болидарӯҳ гуфт амак ва бо такяи асо бархеста, сӯи ташноб – ҷое, ки шоҳон пиёда мераванд, роҳ пеш гирифт. Наим ба қомати хамида, абрӯҳои мисли орд сафеду асозанон пирона қадамзании вай назар афканда, дилаш таҳ рафт. Нақши рушани панҷаи дурушти зиндагиро дар чеҳрааш дид. Падараш солҳои охири умр ҳамин тавр фартуту беҳол менамуд.

– Мулло Наим, ту фикр кардаӣ ё не, намедонам, – гуфт дӯсти амакаш ва озмоишкорона ба ӯ чашм давонд, – Пас аз андешаи зиёд ба хулосае омадам: хайрият, ки пирони илму адаб Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Боқӣ Раҳимзода… ин рӯзҳои сиёҳи миллатро надида, аз олам гузаштанд. Бахудо, ки талхакаф мешуданд. Осон аст? Пеши чашм аз ҷаҳолату нодонӣ давлатат фалаҷ, миллатат пароканда мешавад. Такрори саҳву хатоҳои аблаҳонаи ҳазорсола! Ҷавонон инро намефаҳманд, кӯр-кӯрона аз паси дасисаангезону худхоҳон мераванд; ҳам худро бадбахт мекунанду ҳам миллатро шарманда. Ё гапам нодуруст аст?

– Ҳақ мегӯед, устод…

– Бо Абдукарим аз дилтангӣ ин воқеаҳои нохушро бисёр муҳокима мекунем. Лекин чӣ суд? Дарун-дарун мисли кундаи тар сӯхтану бо талху пичинг аз банди ҷигар нолидани Лоиқ:

 Эй уқоби парканда, миллати пароканда,

Пеши ду ҷаҳон гаштӣ шармсору шарманда.

Кӯчаҳои пургулро кардаӣ ҳама пурхун,

Чеҳраҳои гулгунро кардаӣ ғамоганда.

Ва ё

Субҳе ба тоҷи бесари миллат гиристам,

Шоме ба марги мазҳари миллат гиристам.

Якпорагишро, ки ҳамекардам орзу,

Бар пора-пора пайкари миллат гиристам...-ро хонда чашмонам ашколуд мешаванд.

– Лоиқи ишқсаро ғаму дарднавис шудааст, – пичиррос зад Наим ва ин пораро хонд:

Шаҳидони кафангулгуни тоҷик,

Замин ғарқа шуда дар хуни тоҷик.

Магар дар арсаи таърихи золим,

Бувад қурбоншудан мазмуни «тоҷик»?!

– Ашӯр Сафар, гули сари сабади базму маҳфилҳои Кӯлоб чӣ? Номи китобаш «Рӯзи сиёҳ». Тавба.

Аз ғусса забони баста дорам,

Ҷон зору низору хаста дорам…

Ва ё

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?!

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?!

Шоирон то заҳробаву хуни дил нахӯранд, ин хел сатрҳои бадард менависанд?

Амаки Абдукарим дар обрез даст шуст ва панҷаҳояшро бо дастмол поккунон, ҳаш-ҳаш нафасгирияш шунаво, баргашт.