Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод
Аҳмадҷони Раҳматзод 20-уми июли соли 1953 дар собиқ деҳшўрои ба номи Калинини ноҳияи Кагановичобод (ноҳияи Колхозобод) дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Соли 1969 мактаби миёнаи ноҳияи Хуҷандро тамом карда, ба факултаи таърих ва филологияи Донишкадаи омўзгории шаҳри Ленинобод дохил шудааст ва онро соли 1973 хатм намудааст.
Бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Косонсои вилояти Намангони Ўзбекистон омўзгорӣ кардаст.
Солҳои 1975-1976 дар хидмати харбӣ будааст. Аз соли 1976 то соли 1991 дар идораи рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» дар вазифаҳои мухбир, мухбири калон, мудири шўъба кор кардааст.
Соли 1991 ба вазифаи раиси Бунёди забони тоҷикии вилояти Ленинобод интихоб гардидааст.
Шеърҳояш дар маҷмўаҳои «Риштаборон», «Дили модар», «Адиби халқ», рўзномаҳо ва маҷаллаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ чоп шудаанд. Китобҳои «Баҳори хаёл», «Шукуфтасанг»-ро аз чоп баровардааст. Достонҳои «Бе ваҳдат бимирад» ( Хуҷанд, №1, 1997), «Худои китоб», «Гаҳвораи фардо» чоп шудаанд.
Бо саъю эҳтимоми ў китобу рисолаҳои «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ», китоби дарсии забони тоҷикӣ барои мактаби ўзбекӣ «Илми калом ва суханварӣ» интишор шудаанд.
Шеърҳояш ба забонҳои русӣ, озарӣ, гурҷӣ, ўзбекӣ, булғорӣ, латишӣ тарҷума шудаанд.
Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2003. – С. 437-438.
Муаллиф Гулназар.
Китобҳои шоири маъруф:
«Баҳори хаёл» (1987);
«Шукуфасанг» (1990);
«Лаъл» (дар ҳаммуалифӣ; Хуҷанд, 2000);
«Парвозгоҳи бузургон» (дар ҳаммуаллифӣ; 2001);
«Ашки мармар» (Хуҷанд, 2002);
«Номаи сарво» (Хуҷанд, 2008);
«Номаи муҳрбанд» (Хуҷанд, 2010);
«Зуҳури Ҳазрати Инсон» (2011);
«Талху ширин» (Хуҷанд, 2012)
Достону манзумаҳояш «Бе ваҳдат бимирам», «Китобхудо», «Пайғоми ориён», «Достони солҳо», «Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ», «Бародарнома», «Зуҳури Ҳазрати Инсон», «Наврӯзнома», ки аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво хеле ҷолибанд, дар авроқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои алоҳида мунташир гардидаанд.
Барои китоби ашъори «Номаи сарво» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2012) гардидааст.
Заҳматҳояш бо ордени «Шараф» (2003) қадр шуда, соли 2014 сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон шудааст.
Аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Аз Аҳматҷони Раҳматзод ин матолибро дар Китобхонаи миллӣ метавонед бихонед:
Раҳматов, А. Ғазали дўстӣ: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1980. – 14 ноябр.
Раҳматов, А. Чўпон: Шеър // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 22 июл.
Раҳматов,А. Ғазал: Дар васфи модар // Дили модар. –Душанбе, 1984. – С.188.
Раҳматов, А. Падар; Куртаи падар; Ҷангбозӣ; Хати сиёҳ; Шеърҳо / Риштаборон. – Душанбе, 1984. – С. 134-139.
Раҳматов, А. Хати сиёҳ; Нақши сўзан; Эй ишқ: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 31 май.
Раҳматов, А. Рўи ту дида рўи гул хандон шавад; Мў шустай дар оби ҷў: Шеърҳо / Наврўз муборак. – Душанбе, 1985. – С.134-135.
Раҳматов, А. Омўзгор; Андеша; Абрувони сабз: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 29 октябр.
Раҳматов, А. Дар боғи ба номи Маҳмуд Воҳидов: Шеърҳо // Шўҳрати Ашт. – 1987. – 25 апрел.
Раҳматов, А. Хонаи падар; Баҳори умр; Куртаи падар: Шеърҳо / Меҳри падар. – Душанбе, 1988. – С. 203-206.
Раҳматов, А. Панҷ ғазал // Ҳақиқати Ленинобод. – 1981. – 5 декабр.
Раҳматов, А. Чакомаи дил: Дубайтаҳо // Ҳақиқати Ленинобод. –1988. – 1 октябр.
Раҳматов, А. Дар паси сурати наврасӣ: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. –1988. – 29 сентябр.
Раҳматзод, А. Ҳама шаб: Шеър // Садои Шарқ. – 1993. – №1-2. – С. 56.
Раҳматзод, А. Шеъре дар рўзи мавлудон: Шеър // Адабиёт ва санъат. –2006. – 29 июн.
Унвон ва ҷоизаҳои давлатӣ муборак: Ба унвони Фахрии Шоири Халқии Тоҷикистон, шоири маъруфи Ҷумҳурӣ Аҳмадҷон Раҳматзод сазовор дониста шуд // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 1 сентябр.
Раҳматзод, А. Нурномаи хуршед: Назм // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 11 сентябр.
Раҳматзод, А. Мактаби Айнӣ: Шеър // Ҷумҳурият. – 2014. – 24 сентябр
Раҳматзод, А. Талху ширин: Пора аз қисса // Садои Шарқ. – 2014. – №8. – С. 10-49.
Раҳматзод, А. Қатраҳои оби кавсар: Ашъор // Садои Шарқ. – 2016. – №4. – С. 53-56.
Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ