Нигоҳе ба мавзўи Ваҳдати назми даврони Истиқлол

Мардуми тоҷик, ки тақрибан 1000 сол пеш давлати миллии худро аз даст дода буданд. Баъди эълон гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол (1991), миёни гурўҳҳои нохудогоҳу қудратталаб мухолифат ба вуҷуд омад. Ва ин нофаҳмӣ оҳиста-оҳиста мардуми тоҷикро ба майдонҳо кашонд, то ҷойе ки падар бо писар ва бародар бо бародар муқобили ҳам истоданд. Кор то ҷойе расид, ки дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Дар ин ҷанги бародаркуш ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода, ҳазорони дигар маҷруҳу бесарпаноҳ гашта, ба иқтисоди кишвар миллионҳо сомонӣ хисорот ворид гашт ва  мамлакатро даҳҳо сол боз ба ақиб партофт

Бояд тазаккур дод, ки халқи  тоҷик дар тули таърих бо азми қавӣ, иродаи маҳкам, ақли расо ва фарҳанги воло маълуму машҳур аст ва махсусан «Ваҳдат барои халқи тоҷик аз арзишҳои муқаддас ва муҳим мебошад. Он дар радифи калимаҳои Истиқлолият, Ватан, Модар, Сулҳ муқаддас аст» (4, с. 5).

Ҳамин аст, ки хиради волои ин миллати меҳандўст боло гирифту роҳ сўйи ваҳдату ягонагии миллат пеш гирифт. Чунин бахти наку пеш аз ҳама бо хости Худованд ва саъйю талоши фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик насиб гардид. Дар он шабу рўзи бесарусомонӣ ҳеҷ кас зимоми мамлакатро дар даст гирифтан намехост, зеро хатарҳои зиёд мамлакатро таҳдид дошт, вале ин марди оқилу доно хуб медонист, ки миллати тоҷик сари як суфра ҷамъ меоянд.

Албатта, он ҳодисаҳои даҳшатбор, ки ба сари мардуми мо омад, ҳеҷ як нафари ватандўстро бетараф гузошта наметавонист ва дар ҳамон шабу рўз нафароне ҳам буданд, ки мардумро ба сулҳу оштӣ даъват мекарданд. Аз ҷумла, аҳли зиёи кишвар ба хусус шоирону нависандагон, ҳамеша мардумро ба якдиливу якдигарфаҳмӣ, якпорчагиву ваҳдати миллӣ  мехонданд. Наслҳои гуногуни шоирон ваҳдату якдигарфаҳмиро васф намуда, мардумро барои гароидан ба он ташвиқ мекарданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилӣ буд ва омилу ангезаҳои бисёре дошт. Аз ҷумла, яке аз сабабҳои ин ҳодисот падидаи бади маҳалгароӣ дар кишвар буд. Қутбӣ Киром ин падидаи номатлубро дар шеъраш мазаммат намуда, дуо мекунад, ки Худо ин миллатро аз марази маҳалгароӣ наҷот диҳад. Ин суханҳо замоне гуфта шуданд, ки ба андешаи шоир дар он шабу рўз гуруҳи бефарҳангу ҷоҳил болодастӣ доштанд:

Худоё, тоҷиконатро амон бахшо зи худхоӣ,
Дилам садпора шуд аз маншаи «инҷоӣ»-«онҷоӣ».
Суханнодон, суханнодидаҳо имрўз пурҳарфанд,
Дареғо, нуктадоне, нуктасанҷе, нуктафармое (6, с. 30).

Мутаассифона, душманон миллати тоҷикро ба шўр андохта, худ аз дур истода, дар оташи ҷанги шаҳрвандии мо ҳезум меандохтанд ва ин манзараи ба худашон писандро тамошо мекарданд Воқеан нафарони донишманду худогоҳ ҳамеша мардумро ба сўйи сулҳу амонӣ мехонданд. Устоди сухан Лоиқ Шералӣ дар шеъраш мардумро ба оштӣ даъват мекунад. Нафароне буданд, ки аз ин ҷанг мақсадашон касби молу сарват буду халос.  Шоир таъкид менамояд, ки симу заре, ки меҷўем, ганҷ нест, балки роҳ ёфтан ба дили ҳамватан ва бунёди ватан ганҷи бебаҳост.

Биё, бо ҳам бисозему ҷаҳонеро барафрўзем,
Биё, бо ҳам биёмезему дунёро биёмўзем.
Биё, бо ҳам биёғозем, то бе ҳам наанҷомем,
Биё, бо ҳам бинозему биё, дар сўги ҳам сўзем (6, с. 24).     

Лоиқ Шералӣ мебинад, ки дар ин ҷанги хонумонсўз гиребони ваҳтад садпора гаштааст. Ва бо сўзу гудоз мардумашро ҳушдор медиҳад: ки магар намебинед, ки чӣ қадар мардум сарсону саргардон, чи қадар хонаҳо вайрон, чи қадар занҳо бешавҳар,  кўдакон ятими дар ба дар гаштаанд: мардуми сайёра ба ҳоли мо механданд, пас, биёед  якҷо шавем:

Дилам бигрифта аз ҷанги гиребонҳои садпора,
Биё, аз як гиребон сар барорем, эй накўкора!
Намебинӣ, намесўзӣ, чаро аз ғам намегирйӣ?
Ки механдад ба ҳоли мо ҳама аҷроми сайёра (6, с. 25).

Вазъият дар он шабу рўз ончунон ваҳим шуда буд, ки аксарияти мардум умедашонро аз тинҷии ватани азизамон-Тоҷикистон канда буданд ва мегуфтанд Тоҷикистон дигар тинҷиву осудагиро намебинад. Шояд ин вазъият дар қатори ҳазорон шоирону нависандагони дигар устод Ашўр Сафарро ҳам ноумед карда буд, ки ободиву сулҳи тоҷиконро зери суол бурда, мегўяд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Дар кашмакаши рўзи фурўзону шаби тор,
Помолу фано зулмати шаб мешуда бошад?
Фарзанд, ки бар ҷони падар теғ кашида,
Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад? (6, с. 26)

«Пушаймонӣ суд надошт, - мегӯяд А. Шамолов, - вале шарафу номус аз гиребони тоҷики гумроҳгашта ва бозичаи дасти дигарон шуда гирифт ва ўро маҷбур сохт андеша кунад ва Ватанро аз вартаи ҳалокат раҳо бахшад. Ҳамин буд, ки дар замоне, ки ҳаёту мамот ва тақдиру сарнавишти Ватани азизамон ҳал мегашт, гурўҳҳои даргир бо ҳам оғўш кушоданд ва «расми хуби тоҷикон»-ро эҳё бахшиданд. Сулҳ ва Ваҳдат ба макони худ баргаштанд». (2, с. 12)

Бале, вақт доварии худро кард ва миллати шарафманди тоҷик сари мизи оштӣ нишаст, тамоми кинаву кудуррат аз дилҳо бадар шуд ва мардуми тоҷик оқибат аз як гиребон сар баровард. Ва албатта устод Ашўр Сафар ба суолҳояш посух ёфт. Ў худ дид, ки ханда бори дигар ба лаби мардум бозгашт, дар кишвар базму тараб барпо шуд, зулмати шаб ба рўзи фурўзон бадал гашт ва теғи ғазаб шикаста шуд.

Баъд аз чанд соли даргириҳои шадид миёни шаҳрвандони Тоҷикистон оқибат 27-уми июни соли 1997 бахт ба рўйи ин миллати ранҷдида хандиду орзуи деринаи мардуми фарҳангдўсти тоҷик ҷомаи амал пўшид. Он фарзандоне, ки дар домани ин модар-ватан хуни ноҳақ рехтанд ба иштибоҳи худ пай бурданд ва аз Ватан-Тоҷикистони азиз узрхоҳӣ карданд. Шоира Зулфия Атоӣ аз забони онҳо басо хуб гуфтааст:

Эй Ватан, эй Тоҷикистон, ту гуноҳи мо бубахш,

Каҷ бирафта гар нигоҳе, ту нигоҳи мо бубахш.

Синаат абгор гардид аз туфангу тиру тўп,

Ту силоҳи мо бубахшо, ҳам сипоҳи мо бубахш.

Гар кулоҳу тахт буда иллати ҷангу ҷидол,

Тахтро маъзур дор, ин каҷкулоҳи мо бубахш.

Ҷанг карда, ҷанг дида, сулҳ кардем оқибат,

Истилоҳи мо бубину иштибоҳи мо бубахш (6, с. 78).

Инак аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ 20 сол сипарӣ шуд. 20 сол мешавад, ки халқи ватандўсту ваҳдатсарои тоҷик зери ливои сулҳу дўстӣ канори ҳам умр ба сар мебаранд. Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии сарвари оқилу доно Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд таъсис дода онро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуданд. «Маҳз Ваҳдат аст, ки имрўз кишвару миллати моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо бо истиқлолияти давлату миллати хеш фахр мекунем ва шукрона менамоем, ки соҳибватанем» (1, с. 4).

Ва мусаллам аст, ки шоирону нависандагони тоҷик ин ҳама ободиву гулгуншукуфоии ватанро васф намуда аз ривоҷу равнақи он меболанд. Гурез Сафар мегўяд:

Дорам Ватане, ки чун гулу гулзор аст,

Бар дидаи ман азизу нотакрор аст.

Чун ў чамани хубу дилоро набувад,

Зебои ягонаву қадамбардор аст (6, с. 127).

           Ҳамасола мардуми тоҷик рўзи ваҳдатро ҷашн мегиранд ва аз сарсабзиву хуррамии ватан меболанд. Аз назари С. Ҳамрозода «Таҷлили ҷашни рўзи Ваҳдати миллӣ на танҳо ба хотири таҳкими минбаъдаи сулҳу ризояти ҷомеъа аст, балки он ҳамчунин ёддоштест аз таҷрибаи талхи низои дохилӣ. Сабақест, ки аҳолии мамлакат ҳеҷ гоҳ онро фаромўш набояд кунанд» (5, с. 1).  

 Шоира Нориниссо ин рўзро ба ҳама табрик мегўяд:

Ёрони муаззам, ба шумо ид муборак,

Ҳамраъйиву ҳамрозиву тавҳид муборак.

Будед агар дергаҳе бехабар аз даҳр,

Имрўз хабардорию таъкид муборак (6, с. 130).

         Имрўз дар дунё ҳастанд кишварҳое, ки бо вуҷуди доштани истиқлолият то кунун дар он ҷо сулҳу ваҳдат ҳукмфаро нест, ба монанди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳо. Аммо хушбахтона миллати тоҷик ба зудӣ ниҳоли душманиро решакан карду дар ҷойи он дарахти дўстӣ шинонд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрўз дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон бор дода истодааст. Бунёди иншооти маишию хизматрасонӣ ба истифода додани корхонаҳои азими истеҳсолӣ самараи ваҳдати сартосарии ватани азизамон мебошад. Абдурауф Муродӣ аз  ваҳдати  тоҷикон илҳоми  тоза гирифта мегўяд:

Қалбҳо аз қайди ғам озод шуд,

Гўӣ Ширин ҳамдами Фарҳод шуд.

Парчами ваҳдат парафшон гашт боз,

Пиру барно ҳар куҷое шод шуд (6, с. 149).

 Хулоса, инъикоси Ваҳдат ва Истиқлолияти миллӣ дар тамоми эҷодиёти насли даврони Истиқлол дида мешавад ва он чӣ дар ин мақола гирдоварӣ намудем, қатрае аз баҳр аст. Имрўз хушбахтона, Тоҷикистон рў ба инкишоф  ниҳода, мардуми шарафманди мо дар зери осмони софи сулҳу дўстӣ зиндагӣ доранд, ки ҳамаи ин аз шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати сартосарии кишвар мебошад. Чунончи, шоир гуфтааст:

Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар кардааст,

Нури ваҳдат тоҷиконро тоҷ бар сар кардааст.   

Рўйхати адабиёт

 1. Бобоев О. Рўзгори осудаи мо аз Ваҳдат аст // Ваҳдат. 2015, №15

2. Шамолов А. Ваҳдат ва хотираи таърихӣ // Минбари халқ. 29-уми июн, 2016, №26

3. Талабов Ю. Воқеаи сарнавиштсоз // Минбари халқ. 26-уми апрел, 2017, №17

4. Сангинзода Ғ. Ваҳдат-ободии диёр ва зиндагии осудаи мардум // Паёми Душанбе. 10-уми май 2017, №38

5. Ҳамрозода С. Таъмини волоияти қонунҳифзи сулҳу ваҳдати миллист // Садои мардум. 20-уми апрел, 2017, №42

6. Чакомаи ваҳдат. Душанбе, «Адиб», 2012

Ҳадиятуллоҳи Амриддин
Корманди шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир