Аз сари субҳ дар Китобхонаи миллӣ рӯзи ободкорӣ эълон шуд.
Баҳор ба поён мерасад ва тобистони гарм меояд. Агар гулҳоро хуб нигоҳубин накунанд, аз беобиву ташналабӣ хеле ба зудӣ пажмурда мешаванд. Ва он талошҳои ободкориҳо дар гузашта ҳама баръабас мераванд.
Имрӯз зарур омад бештар бехи буттаву гул ва дарахтон об резанд. Оби ҷӯйбор на ба ҳама қисматҳо илоҷи рафтан дорад. Аз ин рӯ бо сатилҳо об овардану бехи гулу буттаҳо рехтан дозим шуд.
Илова бар ин боз ҳам бехи ниҳолҳоро нарм бояд кард, то об ҳам ба умқи реша расад ва дар гармо буттаҳо беҳолу пажмурда нашаванд.
Ва бо алафҳоеро ҳам, ки бегонаанду хурӯй ва монеъи нумуъи гулҳо мешавнад, бояд чид.
Ин корҳоро имрӯз сомон доданд. Ободонӣ идома дорад.
Аксҳои ҳаморамон Хусрави Милод ҳикоятгари ободкориҳои рӯзи шанбе дар Китобхонаи миллианд.