“Саодати ҷавонӣ дар китоб аст!”
Нашр шуд 2017-05-26 12:48
Шиорест, ки ҳамакнун ба даъват табдил шудааст. Зиёда аз 300 нафар мубаллиғони созмони ҷавонони Созандагони Ватан ва кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи панҷшанбе, 25-уми май ба чор гуруҳ тақсим шуданд ва бо шиори Саодати ҷавонӣ дар китоб аст даст ба даъвати сокинону меҳмонони пойтахт ба Китобхона заданд.
Гуруҳи аввал корро аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон оғоз кард ва то ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳраки донишҷўён) расид.
Гуруҳи дуюм аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба самти марказ ҳаракат кард ва то Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ омад.
Фаъолияти гуруҳи сеюм аз донишгоҳи Тоҷикистону Русия то ба донишгоҳи техникии Тоҷикстон идома дошт.
Гуруҳи чорум бошад, аз Донишкадаи тиҷорат ва соҳбкорӣ шуруъ ва то Донишкадаи санъат рафтанд.
Чуноне аз шиор пайдост, ҳадаф даъвати ҷавон дар Соли ҷавонон ба китоб ва китобхона буд. Мудасаддиёну ташаббускорони ин иқдом бар ин назаранд, ки маҳз китоб метавонад роҳи ҷавононро ба самти рушду инкишофи ҷомеа рушан созад.
Китоб аст, ки инсонро ба тафаккур мебарад, андешаманд мекунад, роҳи расидан ба ҳадафро меомӯзад.
Аксҳое, ки мебинед, аз ҳамин чорабинианд.