Ғолибони сабқати футбол бахшида ба Соли ҷавонон муайян шуданд
Нашр шуд 2017-05-19 11:47
Сабқати футбол миёни дастаҳои Китобхонаи миллӣ, ки аз рӯзи 12-уми май оғоз шуда буд, шоми гузашта ҷамъбаст гардид.
Бозии финалӣ миёни тимҳои шуъбаҳои хизматрасонӣ ба муштариён ва илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор ва дастаи шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ғолиб ва сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҷойи дуюм насиби тими шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён шуд.
Ғолибон сазовори Ҷоми Китобхонаи миллӣ ва туҳфаҳои хотиравии Китобхона ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронӣ дар маросими эътои ҷоизаҳо гуфт, ки ин бозӣ ба муносибати Соли ҷавонон дар остонаи Рӯзи ҷавонон барпо шуд. Вай ба он таъкид кард, ки бо пешниҳод ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон шуда буд. Гадобек Маҳмудов афзуд, ки Китобхонаи миллӣ ҳам бахшида ба ин сол баргузории як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзиширо ба нақша гирифтааст, ки сабқати футбол яке аз ҳамин чорабиниҳо буд.
Муовини аввали Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода низ гуфт, ки Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 ба он маъност, ки ҷомеа аз насли ҷавон ва созандагони ояндаи ватан бештар ёд кунад. Вай иқдоми маъмурияти Китобхонаи миллиро ситоиш кард ва гуфт, ки Кумитаи ҷавонон дар ин самт бо ҳама ниҳодҳо, аз ҷумла бо Китобхонаи миллӣ ҳамкорӣ хоҳад крд.
Дар маросими ҷамъбасти сабқати футбол шуъбаҳои фаъол низ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ созовори Сипосномаи китобхона ва Кумитаи ҷавонон шуд.