Рамазон Абдулатипов, сиёсатмадор ва дипломати шинохта, сарвари Ҷумҳурии Доғистон, сафири пешини Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 11-уми май китоби худ “Халқи тоҷики ман”-ро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа кард.
Рамазон Абдулатипов, ки ҳамакнун дар раъси як ҳайати баландпоя аз Федератсияи Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз бо масъулини Сафорати Русия, ҷамъе аз донишмандону пажуҳишгарон ва намояндагони васоити ахбори омма вориди Китобхонаи миллӣ шуд ва китоби худ «Халқи тоҷики ман”-ро муаррифӣ кард.
Гуфтанист, ки китоби «Халқи тоҷики ман» аз таърих, фарҳанг, забон, адабиёт, санъат, урфу одат, фолклор, ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик нақл карда, аз 12 фаслҳои алоҳида, аз ҷумла фаслҳои «Тоҷикистон – кишвари тамаддуни қадим», «Сарчашмаҳои қадимии халқи тоҷик», «Меъморӣ ва санъати тасвирии тоҷикон», «Аз Сомониҳо то РСС Тоҷикистон», «Иродаи динии тоҷикон ва замони муосир», «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ», «Тоҷикистон дар солҳои шӯравӣ» тартиб ёфтааст.
Муаллиф асари худро китоби илмӣ-оммавӣ ва иттилоотӣ барои доираи васеи хонандагон номидааст.
Муқарризони китоби «Халқи тоҷики ман» академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Талбак Назаров, доктори илмҳои таърих В.Дубовитский ва номзади илмҳои таърих Н. Амиршоҳӣ буда, китоб бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Парето-Принт»-и шаҳри Твери Федератсияи Русия бо муқоваи ранга чоп шудааст.
Мавриди зикр аст, ки муаллифи китоби «Халқи тоҷики ман» Рамазон Абдулатипов солҳои 2005-2008 Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистону Русия саҳми арзанда гузоштааст.
Рамазон Абдулатипов доктори илмҳои фалсафа, профессор, академик, мутахассис дар соҳаи фалсафа, таърих, фарҳанг, геометрия, кимиё ва муносибатҳои миллӣ, ҳамчунин дипломат мебошад.