Дар хароботи муғон Салмон хароб уфтодааст...

Аз Салмони Соваҷӣ, ки ҳоло бо зикри чанд ҷумла ёде аз ӯ хоҳем кард,  дар ҳаҷми 16000 байт то замони мо расидааст. Ў ҳамчун шоири ғазалсаро эътибори калон дорад, дар инкишофи минбаъдаи ғазал аз ҷиҳати шакл ва мазмуну мундариҷа дар баробари Хоҷуи Кирмонӣ, Носири Бухороӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Ҷамолуддин бинни Хоҷа Алоуддин Муҳаммади Салмони Соваҷӣ, яке аз шоирони  забардасти адабиёти асри ХIV  форсу тоҷик ба шумор рафта, соли 1310 дар шаҳри Соваи чануби Эрон таваллуд шудааст. Илмҳои расмии замон, махсусан илми шеър, забон ва адабиёти араб, ҳисобро бо ёрии падараш аз худ намудааст. Салмон шеърнависиро аз хурдсолӣ сар карда, дар айёми ҷавони дар байни аҳли сухан обрую  эътибор пайдо мекунад. 
Шӯҳрати шоирии Салмон бо таълифи “Қасидаи маснӯъ”, ки дар чанд баҳр ва истифодаи санъатҳои гуногуни бадеӣ  таълиф ёфта, ба номи вазири хонадони чалоири Хоҷа Ғиёсуддин Муҳаммад ба тарики мувашшаҳ гуфта шудааст, бештар алоқаманд аст. 
Салмони Соваҷӣ дар 18 солагӣ ба Бағдод рафта дар  хизмати вазири номбурда дохил шуда, бештари умрашро дар хизмати намояндагони ин сулола гузаронидааст.

Салмон дар доираи адабии Бағдод, Табрез, Сова  ва берун аз онҳо мақому мартабаи арзандае дошт. Бо шоирони замонаш аз ҷумла Убайди Зоконӣ мушоира кардааст. Дар шеър пайрави Ҳофиз, Саъдӣ, Камолуддин Исмоил, Заҳири Форёбӣ, Анварӣ ва Манучеҳрӣ буд. Ў на танҳо анъанаи адабиёти пешинаро давом дода, дар соҳаи гуногуни назм – қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, таркиббанд, тарҷеъбанд, маснавӣ ва амсоли онҳо муваффақиятҳо ба даст дароварда аст, балки дар инкишофи минбаъдаи қасида ва ғазалсароӣ низ таъсири муайяне расонидааст. Осори адабии шоир-ғазалҳо, қасоид, рубоиёт, қитъаҳо, тарҷеъбанду таркиббанд ва маснавиҳои ӯ, ки дар “Куллиёт”-аш  гирд оварда шудаанд, дар ҳаҷми 16000 байт то замони мо расидаанд. Ў ҳамчун шоири ғазалсаро эътибори калон дорад, дар инкишофи минбаъдаи ғазал аз ҷиҳати шакл ва мазмуну мундариҷа дар баробари Хоҷуи Кирмонӣ, Носири Бухороӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштааст. Салмони Соваҷӣ дар достонсароӣ низ маҳорати хубе дошт, ки “Ҷамшед ва Хуршед”(таълифаш 1369-70), “Фироқнома” гувоҳи ин далеланд.  Дар достонҳояш Ў  бештар мавзуи иҷтимоиву ахлоқӣ аз қабили некиву некўкорӣ, дўстиву рафоқат, ростиву вафодорӣ ба миён гузоштааст.

Салмони Совачӣ соли 1377 дар Бағдод вафот кардааст.

Хонандагони арҷманд дар Китобхонаи миллӣ аз Салмони Соваҷӣ ва дар бораи ӯ ин китобҳо ва мақолаҳоро метавонанд бихонанд:

Салмон,Ҷ. Чанд намуна аз осори Салмони Соваҷи: Ғазалиёт; Шиква аз замона (Порча аз қасида);  Ташбиб дар васфи баҳор; Қитъаҳо; Рубоиёт / Ба чоп тайёркунанда // Шарқи сурх. –  Душанбе. – 1963. – №8. – С. 136-146.
Салмони Соваҷӣ: Маълумоти биографӣ // Шарқи сурх. –  1963. – №8. – С. 136.
Сайфиев, Н. Аз таърихи омӯхта шудани ҳаёт ва эҷодиёти Салмони Соваҷи.Чанд мулоҳизаи адабӣ // Маҷмуаи илмӣ. – Ҷ.82. – Душанбе. – 1973. – С. 84-113.
Сайфиев, Н. Роҷеъ ба достони Салмони Соваҷи ”Ҷамшед ва Хуршед” // Маҷмўаи илмӣ. Ҷ.92. – Душанбе. – 1974. – С. 139-154.
Сайфиев Н. Ҷараёни зиндагии Салмони Соваҷӣ – Чанд мулоҳизаи адабӣ // Маҷмуаи илмӣ. Ҷ.88. – Душанбе. –1979. –С. 149-185.
Умринисо Казакова. Назаре ба ғазали Салмони Соваҷӣ // Шарқи озод.  – Душанбе. –2003. –136с.
Салмони Соваҷӣ. Ашъори Баргузида // Шарқи озод. – Душанбе:–2005. – 271с.

Ин ду ғазал аз ӯст:

То зи моҳи талъатат тарфи ниқоб уфтодааст,
Ларза аз акси рухат бар офтоб уфтодааст.
Раҳмате фармо, ки аз борони ашки чашми ман
Мардуми бечораро дар хона об уфтодааст.
Мекашад мискин дилам тоби таноби турраат,
Чун кунад дар гардани ӯ ин таноб уфтодааст.
Хайли хунхори хаёл атрофи чашми ман гирифт,
Он чунон к- аз дидаи ман роҳи хоб уфтодааст.
Ҳамдаме дорам азиз аз ман ҷудо хоҳад шудан,
Лоҷарам мискин дилам дар изтироб уфтодааст.
Чашми мастат дидаам pӯзе, дар он масти ҳанӯз
Дар хароботи муғон Салмон хароб уфтодааст.

Дар азал акси маи лаъли ту дар ҷом афтод,
Ошиқи сӯхтадил дар тамаъи хом афтод.
Ҷомро аз шакари лаъли лабат нуқле кард,
Рози сарбастаи хум дар даҳани ом афтод.
Ҳоли мушкини ту дар орази гандумгун дид,
Одам омад зи пайи донаву дар дом афтод.
Бод зуннори сари зулфи ту аз ҳам бикушуд,
Сад шикаст аз тарафи куфр бар ислом афтод.
Ишк бар куштани ушшоқ тағофул мекард,
Аввалин қуръа, ки зад бар мани бадном афтод.
Ишкам аз рӯйи тамаъ пардаи тақво бардошт,
Табл пинҳон чӣ занам, ташти ман аз бом афтод.
Душ Салмон ба қалам шарҳи ғами дил медод,
Оташ андар варақу дуд дар аклом афтод.

Таҳияи Манижа Раҷабова,
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ