Намад ва намадмолӣ дар суннатҳои мардумӣ
Аз рўи суннатҳои мардуми Бадахшон дар ҳар як хонаи онҳо бояд ҳадди ақал яктогӣ аз ҳамин гуна намадҳои пашмин бошад. Азбаски зимистони Бадахшон хеле сард аст, намадро зери гилем тунук мекунанд, ки он хунукиро намегузаронад ва ба саломатии инсон хеле муфид аст. Одате ҳаст, ки тифли навзодро аввал рўи намад мегузоранд. Инчунин агар шахсе вафот кунад, дар нардбон намадро гузошта аз болояш матое мепартоянд ва мурдаро дар болои он барои дафн кардан мебаранд. Ин амалро чунин шарҳ медиҳанд, ки инсон пас аз ба дунё омаданаш болои он гузошта мешавад ва ҳангоми аз дунё рафтанаш дар болои намад меравад.
Намадмолӣ, ки онро намадрезӣ низ меноманд, яке аз ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик буда, бештар дар минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон, он мавзеҳое, ки мардум ба парвариши чорпои хурд машғуланд, маъмул мебошад. Намад як навъи гилем ё палос аст, ки барои пўшонидани фарши хона истифода мешавад. Намад мафраши ғафс, сабук ва гарму мулоим буда, андозаи он одатан 2х3 м ва баъзан каму беш аз ин буда, ғафсияш 0,5-1 см мешавад. Намадро аз пашми чорпои хурд (гўсфанд ва бузи ангорӣ) истеҳсол мекунанд, ки дар фасли сармои зимистон истифодаи он хеле мувофиқ аст.
Тақрибан ҳашт ҳазор сол пеш ниёгони тоҷикон ҳунари намадмолиро шурўъ кардаанд. Сохтани намадҳо баъд аз хонагӣ кардани гўсфандони ваҳшӣ ба вуҷуд омадааст.
Ҷараёни истеҳсоли намад дар байни сокинони вилояту ноҳияҳои кишвар аз ҳамдигар баъзе тафовутҳо дорад. Тарзи омода кардани намад дар байни сокинони Бадахшон чунин мебошад: аввал як чодари васеъро ба замин паҳн намуда, дар болои он мувофиқи завқу тахайюлашон пашмҳои рангкардашудаи гуногунро ҳамчун нақшу нигор гулпартоӣ мекунанд. Сипас аз болои нақши сохтаашон пашмҳои сиёҳ ё кабуд, яъне пашмҳои рангаш торикро яклухт мепартоянд. Аз болои пашмҳои сиёҳ ҳатман пашмҳои рангашон сафед, зардча ё умуман равшантарро тунук мекунанд, ки дар натиҷа ғафсии намад бештар мешавад. Баъдан оби гармро бо зарфи тагаш монанди ғирбол сўрох-сўрох аз болои пашмҳои чодар мерезанд. Пасон чодари пашмдорро эҳтиёткорона лўлапеч карда, аз нўгҳояш ва танааш бо бандҳо ба шакли уреб мебанданд, то ки лўла кушода нашавад. Лўларо бо фарши ҳамвор гузошта, сари дузону нишаста ҳунармандон бо банди дастҳояшон ғелон-ғелон мемоланд. Дар вақти молидани намад бояд аз 5 нафар намадмол кам набошад. Баъди як қадар молидан онро кушода, аз пушти намад собунро нам карда мемоланд, ки часпак шуда, пашмҳои намад устувор шаванд ва онро дубора лўлапеч карда, боз ба молидан шурўъ мекунанд. Ҳамин тариқ, 3-4 соат ҷараёни молидан давом мекунад. Баъди анҷом ёфтани намадмолӣ лўларо кушода, ба офтоб мегузоранд ва пас аз хушк шудан намад барои истифода тайёр мешавад. Барои ранг кардан, пашмҳоро дар дегҳои калоне, ки ранги лозимиро дорад, чанд маротиба дар рангобаи ҷўшон тар карда мегиранд ва дар офтоб мехушконанд. Дар замонҳои пеш рангҳоро аз гиёҳу маъданҳои табиӣ тайёр мекардаанд. Масалан,аз пўсти пиёз – ранги норанҷӣ, аз пўсти чормағз – ранги сиёҳ, аз пўсти дарахти зардолу – ранги сурхча, аз дарахти зирк – ранги зард, аз барги дарахти сафедор – ранги қаҳваӣ, аз ҷорўби кўҳӣ – ранги сабз ва ғайраро ҳосил менамуданд. Аз рўи суннатҳои мардуми Бадахшон дар ҳар як хонаи онҳо бояд ҳадди ақал яктогӣ аз ҳамин гуна намадҳои пашмин бошад. Азбаски зимистони Бадахшон хеле сард аст, намадро зери гилем тунук мекунанд, ки он хунукиро намегузаронад ва ба саломатии инсон хеле муфид аст. Одате ҳаст, ки тифли навзодро аввал рўи намад мегузоранд. Инчунин агар шахсе вафот кунад, дар нардбон намадро гузошта аз болояш матое мепартоянд ва мурдаро дар болои он барои дафн кардан мебаранд. Ин амалро чунин шарҳ медиҳанд, ки инсон пас аз ба дунё омаданаш болои он гузошта мешавад ва ҳангоми аз дунё рафтанаш дар болои намад меравад. Дар ноҳияи Ишкошим расми махсусе ҳаст, вақте барои арўс намад омода мекунанд, барои гулпартоии намад зани солхўрдаеро, новобаста аз он ки ў ҳунарманд аст, ё нест даъват мекунанд. Муҳим ин аст, ки ў шавҳармурда набошад, серфарзанду хушбахт бошад, ба он хотире, ки фардо арўсе, ки дар болои он намад хоб меравад, вай ҳам мисли ҳамон зан хушбахту серфарзанд шавад. Инчунин намадмолӣ дуои махсусе низ доштааст, ки онро хонда, сипас корашонро шурўъ мекарданд.
Ҳангоме, ки домоду арўс ба хонаи домод мераванд, ҳамроҳи худ ҳатман намад мебаранд ва дар хонае, ки ворид мешаванд, намадро ба шакли лўла печонида, дар болояш менишинанд. Вақте, ки тўй ба охир расиду ҳамаи меҳмонон рафтанд, домоду арўс намадро паҳн карда, ба болояш қадам мегузоранд.
Имрўзҳо ҳунармандон бо истифода аз дастгоҳҳои технологии нав, рангҳои гуногуни химиявӣ шаклҳои гуногуну мураккаби намадҳоро бо тарҳу ороишҳои замонавӣ истеҳсол мекунанд. Пашми чорпо барои саломатии инсон хеле муфид аст. Аз ин лиҳоз, дар замони ҳозира талабот ба либосҳои пашмину намадин афзуда, намудҳои нави маҳсулоти намадӣ ба бозори истеъмолӣ роҳ ёфта истодаанд.
Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб Д. Раҳимов; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 142-143.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи намад ва намадмолӣ боз ин матолибро низ метавонед суроғ кунед:
Намадмолӣ // Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. – Душанбе: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017. – Ҷ. 2. – С. 53-54.
Хайруллоев, Н. Ҷуроббофӣ, дўхтани "Пакол", куртаҳои қадима ва намадмолӣ дар Бадахшон авҷ мегирад: Оид ба ҳунари қадимаи мардуми Бадахшон // Шуғл ва муҳоҷират. – 2018. – 16 март.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ