Аз рўи суннатҳои мардуми Бадахшон дар ҳар як хонаи онҳо бояд ҳадди ақал яктогӣ аз ҳамин гуна намадҳои пашмин бошад. Азбаски зимистони Бадахшон хеле сард аст, намадро зери гилем тунук мекунанд, ки он хунукиро намегузаронад ва ба саломатии инсон хеле муфид аст. Одате ҳаст, ки тифли навзодро аввал рўи намад мегузоранд. Инчунин агар шахсе вафот кунад, дар нардбон намадро гузошта аз болояш матое мепартоянд ва мурдаро дар болои он барои дафн кардан