Китоб ва ҷовидонии миллат (ба истиқболи Рўзи китоб)
Санъатшиноси инглис Ҷон Рескин гуфтааст, ки: «Азбаски зиндагӣ хеле кўтоҳ асту соатҳои холӣ каманд, мо ҳақ надорем, ки соатеро ба хондани китобҳои камарзиш сарф намоем». Ба ҳамин маънӣ нависандаи маъруфи рус Толстой гуфтааст, ки: «Мутолиаи китоби хуб баробари мусоҳиба бо одами донишманд аст».
«Мо то он замон, ки китоб дорем, намирандаем».
Мари Рабютен Севинтйе
Ҳар як халқу миллатро дар арсаи олам пеш аз ҳама бо китоб, бо таъриху фарҳангу адабиёташ мешиносанду эътироф мекунанд. Ин маъниро Аллома Иқбол ҳам дар байте хеле зебо зикр карда:
Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
З-ин ду маънӣ эътибори миллат аст.
Адиби доғистонӣ Расул Ғамзатов андеша дорад, ки «Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки ҳусни дунёро намефаҳмад. Ҳамчунин, ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе ойина рўи худро дида наметавонад».
Миллати тоҷик аз қадим соҳиби китобу маърифату фарҳанг аст. Бо нобиғаҳои давру замон, бо симоҳои намоёни адабиёту фарҳангаш машҳур гардида, бо мероси гаронбаҳои онҳо оламро тасхир кардааст.
Яке аз нишонаи китобдўстию соҳибмаърифатӣ ва фарҳангу анъанаи волои китобдории миллати мо ин аст, ки ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил «Рўзи китоб»-ро бо шукўҳи хосса дар саросари диёри соҳибистиқлол таҷлил мекунад. Шоиста ба зикр аст, ки «Рўзи китоб» 4 сентябри соли 2007 бо гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки боргоҳи азими ҳифзу нигаҳдорӣ ва таҳқиқу омўзиши мероси фарҳангии халқҳои кишвар мебошад, аз ҷониби Президенти муҳтарами кишвар эълон гардида буд ва ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён мегардад. «Рўзи китоб» ҳам дар баробари муаррифии китобхонаву китобдорон мақому манзалат ва манфиату аҳаммияти китобро дар ҳаёту зиндагӣ барои мардум, бахусус мактабиён рўшантар ва меҳру муҳаббат, шавқу рағбаташонро нисбат ба китобхонаву мутолиаи китоб бештар месозад.
Китобҳо, албатта китобҳои хубу арзишманд хазинаи бузурги мероси гаронбаҳои гузашта ва сарвати адонашавандаи миллат буда, наврасону ҷавононро ба таърих, фарҳангу ҳунар, суннату анъана ва давлатдории аҷдодонамон ошно месозанд. Дар баробари ин, хазинаи панду андарзу насиҳат ва дастуру тавсияномаи ҳаётанд, ки хонандаро ба худшиносӣ, инсондўстию ватанпарварӣ, хислатҳои ҳамидаву маърифати баланд, хуллас ба роҳу рўзгори шоиста ва ояндаи саодатманд ҳидоят месозанд. Ба ҳаёту рўзгораш рангу бўйи маънавӣ ва ба дилу дидааш рўшаниву нур мебахшад. «Аниси кунҷи танҳоӣ»-ву беҳтарин ҳамнишину ҳамроз ва ёри вафодораш мешавад. Мисле, ки Хуршед ҳар субҳидам бо хандааш дар ҷаҳон инқилоби нур мекунад, китоб ҳам дар зиндагии инсонҳо инқилоби зебои маънавӣ мекунад, то огаҳу худшиносу Худошинос бошанду ба маънии ҳастиву ҳаёташон сарфаҳм раванд. Ба қавли ҳазрати Ҷомӣ:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ў ба гўшаи танҳоӣ
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Ба ҳамин маънӣ боз нақли зебое ҳаст: рўзе шоир ва ҳакими маъруф Шаҳиди Балхӣ дар хона нишаста, китоберо мутолиа мекард. Дар ҳамин асно яке аз ашрофони шаҳр, ки аз неъмати фазлу дошиш чандон баҳравар набуд, ба дидори ў меояд. Баъди саломуалеку пурсупос ба Шаҳиди Балхӣ рў оварда мегўяд, ки:-чӣ хуб шуд, ки ман омадаму шуморо аз вартаи танҳоӣ наҷот додам. Шаҳиди Балхӣ дар ҷавоб мегўяд:-на, шумо саҳв мекунед. Ман танҳо набудам. Дар симои китоб ҳамсуҳбати хубе доштам, вале шумо омадеду маро аз суҳбати хушу гуворои он маҳрум кардед. Акнун, ки шумо инҷоед, ман танҳоям. Чунки аз будану суҳбати шумо ҳеҷ ризоияти маънавие ҳосил намекунам.
Мо бояд вориси арзанда ва давомдиҳандаи роҳу рафтори ниёгони худ бошем. Пайваста кўшишу талош кунем, ки насли имрўзамон ба китобхонаву китобхонӣ бештар рў биёрад. Давраи тиллоии умри худ-наврасиву ҷавониро сарфи роҳи мутолиаву омўзиш кунанд. Албатта, сарфи роҳи мутолиаву омўзиши китобҳои хуб, китобҳое, ки арзиши баланди маънавию ахлоқӣ доранд. Санъатшиноси инглис Ҷон Рескин гуфтааст, ки: «Азбаски зиндагӣ хеле кўтоҳ асту соатҳои холӣ каманд, мо ҳақ надорем, ки соатеро ба хондани китобҳои камарзиш сарф намоем». Ба ҳамин маънӣ нависандаи маъруфи рус Толстой гуфтааст, ки: «Мутолиаи китоби хуб баробари мусоҳиба бо одами донишманд аст».
Воқеан, мутолиаву омўзиши китоби хуб ба хонандаи худ як ҷаҳон ғизои маънавию маслиҳати зиндагӣ медиҳад, аз таҷрибаҳои беназир ва андешаҳои бузургу босамари мутафаккирон баҳравар мегардонад, завқашро қонеъу ташнагиашро мешиканад ва дасташро гирифта, то қуллаҳои баланди хушбахтию саодат мебарад.
Ба қавли донишманде чор сарчашмаи огаҳӣ аст: китоб, рўзнома, радио, телевизион. Вазъи ҷаҳони имрўз тақозо мекунад, ки ҷавонони мо ба хотири баҳрабардорӣ, боло бурдани худшиносӣ ва бедорию зиракии сиёсӣ худ бештар ба ин чор сарчашмаи огаҳӣ рў биёранд. Адибе гуфтааст, ки: «Он касе сарбаланд мешавад, ки рўи китоб сар хам мекунад».
Нақши босазо бозидани китоб дар зиндагии инсон ва вобастагии муҳим доштани давраҳои гуногуни ҳаёташ бо он дар як сухани баланди Ситсерон равшан ифода ёфтааст: «Китоб ҷавониро пурсамар, пириро пурфараҳ мекунад, хушбахтиро меафзояд ва аз бадбахтӣ амон мебахшад».
Хулоса, ки ободию пойдории олам ва пешравию зиндагии осудаи насли одам пеш аз ҳама аз файзи китоб, фарҳангу маърифат аст.
Валиҷон Баёнӣ,
мутахассиси пешбари
Шуъбаи матбуоти даврии
Китобхонаи миллӣ.