Дар толори «Матбуоти даврӣ» бештар чӣ мехонанд?
Нашр шуд 2017-08-18 14:52
Аз моҳи январи соли 2012 то нимаи моҳи августи соли 2017 ба толори шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 56 ҳазору 3000 нафар хонада ворид шудаву ба дархости онҳо корманди шуъба зиёда аз 600000 нусха ва бастаи рўзномаву маҷалларо пешкаш кардаанд.
Тибқи таҳлили ҳамарўзаи кормандонди шуъбаи Матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, танҳо дар 15 рўзи аввали моҳи август ба толори матбуоти даврӣ 200 хонанда ташриф овардааст, ки нисбат ба ҳамин дараи соли 2016 40 хонанда зиёд мебошад. Бо дархости хонандаҳо масъулини толор зиёда аз 780 нусхаву бастаи нашрияҳоро пешниҳод кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 360 нусхаву бастаи нашрия зиёд мебошад.
Албатта, ин омор нисбат ба моҳҳои қаблӣ кам ба назар мерасад, зеро 80 дарсади хонандаи китобхонаро донишҷўёну толибилмон ташкил медиҳанд. Азбаски дар моҳҳои июл ва август мактаббачагону донишҷўёни кишвар дар таътили тобистона қарор доранд, ин ба теъдоди хонандагони толори хониши матбуотӣ даврӣ низ беасар намемонад. Қарор аст шуруъ аз аввали моҳи сентябр боз ин толор пур аз хонандагон шавад.
Тибқи таҳлилҳо бештари хонандагон рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Маориф ва маданият», «Садои мардум», «ПаёмиДушанбе» ва рўзномаҳои тозанашре, ки ҳар рӯзи панҷшанбе ворид мегарданд дархост намудаанд. Ҳамчунин барои хонандагон шумораҳои гуногуни маҷаллаҳои «Садои шарқ», «Мактаби советӣ», «Илм ва ҳаёт» низ мароқангез будааст.
Мавриди ёдоварист, ки аз оғози сол то кунун 9 ҳазору 200 хонанда ба толори хониши шуъба ташриф овардааст, ки ин нишондиҳада нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 1 ҳазору 235 нафар зиёд мебошад.
Аз моҳи январи соли 2012 то нимаи моҳи августи соли 2017 ба толори шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 56 ҳазору 3000 нафар хонада ворид шудаву ба дархости онҳо корманди шуъба зиёда аз 600000 нусха ва бастаи рўзномаву маҷалларо пешкаш кардаанд.