Ато Аҳроровро аз матолиби Китобхонаи миллӣ шиносед
Ато Аҳроров умре синемои тоҷикро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст ва аз муқарризони борикбини кинои тоҷик маҳсуб мешавад. Далели ин гуфтаҳо даҳҳо мақолаву китобҳои ӯ мебошанд, ки солҳои гуногун дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он интишор ёфтаанд.
Ато Аҳроров 3 августи 1938 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Ў киношиноси тоҷик, номзади илми санъатшиносӣ 1967, аълочии кинематографияи ИҶШС 1979 мебошад.
Ато Аҳроров соли 1960 факултаи филологияи тоҷики Унверситети давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ-ро хатм намудааст. Солҳои 1966-1969 дар аспирантураи Институти таърихи санъати Вазорати маданияти ИҶШС таҳсил намудааст. Солҳои 1960-1992 дар Институти таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон кор кардааст.
Ато Аҳроров аз соли 1959 инҷониб дар бораи кино менависад. Ў аввалин муҳаққиқи кинои тоҷик мебошад. Муалифи монографияҳои «Кинои тоҷик» (Душанбе, 1971); «Кинои тоҷик 1969-1974», (Душанбе 2010); бобҳои оид ба кинои тоҷик дар таҳқиқоти бисёрҷилдаи «Таърихи кинои шўравӣ (иборат аз 4 ҷилд, Москва1966-1967); асарҳои «Дар филмҳои тоҷикӣ» (бо ҳамкории В.Савченко, Душанбе, 1968), «Санъати кино», (Душанбе, 1974); муратиб ва яке аз муаллифони маҷмўаи «Экрани тоҷик», (Душанбе, 1980), «Кинои Тоҷикистон» (бо ҳамкории А.Азизова, Москва, 1982) ва ғайра. Ҳоло дар мавзўи сифат ва омилҳои филми миллӣ таҳқиқот анҷом медиҳад. Асарҳояш маъмулан, дорои маводи дақиқ ва фаровони таърихӣ буда, матни васеи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро ба назар мегиранд. Таҳлили вазъу тамоюли падидаҳои фарҳангӣ ва арзгузории филмҳо аз ҳамин қарина ва ҳам аз дидгоҳи хеле ҳирфаӣ ва завқи борикбинонаи Ато Аҳроров баррасӣ мешавад.
Ато Аҳроров соли 2010 раиси жюрии Синамобазми байналмилалии «Дидор – III»(Душанбе) буд. Аз соли 1968 узви ИК ИҶШС мебошад.
Бозчоп: аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2013. – Ҷ.2. – С. 175-176. Муаллиф: Раҳимов, С.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Ато Аҳроров ин матолибро суроғ кунед:
Дар бораи киноновелаи «Ленин дар Помир» // Баъзе масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик. – Самарқанд, 1961. – С. 33-41.
Кинои тоҷик 50 сола шуд // Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон барои соли 1979. – Душанбе, 1978. – С. 62-66.
Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1981. – Ҷ.3. – С. 73.
Киношиноси советии тоҷик: Шарҳи мухтасари ҳаёту эҷодиёт // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С. 217.
Муҳимтарин ва оммавитарин санъат: Мусобиқаи кинематографистони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Душанбе // Пионери Тоҷикистон. – 1963. – 22 июн.
Самараи ҷустуҷўи эҷодӣ: Ба муносибати 50 солагии кинои тоҷик // Коммунисти Тоҷикистон. – 1979. – №12. – С. 88-90.
Филмҳои тоҷики барои бачагон // Машъал. – 1980. – №1. – С. 18-19.
Кинои тоҷик дар Муғилистон // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 23 ноябр.
Таърих дар навори кино: 60 солагии кинои тоҷик // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 28 октябр.
Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ