нигоҳдории депозитарӣ

Илм дар Тоҷикистон

Зикр бамаврид аст, ки феҳристи «Илм дар Тоҷикистон» бо ҷумлаи камбудиҳои аз нигоҳи низоми библиографиянамоии дастурҳои библиографӣ боиси таҳсин буда, ягона сарчашмаи библиографияи илмӣ-ёрирасон барои дарёфти маводи чопии кишвар ба шумор меравад. Ҷои афсус аст, ки  библиографони  ватанӣ барои нашри дастурҳои библиографӣ аз сабаби набудани сарпарастон танқисӣ мекашанд. Бинобар ҳамин сабаб феҳристи мазкур бо теъдоди кам чоп шудааст, ки ин теъдод ҳато барои таъмин намудани китобхонаҳои унверсалӣ, оммавӣ, илмӣ, махсуси илмӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии олӣ басанда нест.

Истиқлолияти давлатӣ барои рушду нумуи тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа

Ҳасрати китоб

Чанд сухан аз забони КИТОБ-и дар ҳасрати ХОНАНДА-и худ, ки бо эҳсосот мегӯяд:  Авроқам ҳама куллан наву дастнорасида, муқоваам ба мисли рӯзи аввали харидаи соҳибам наву ялақосист, ҳатто ҳар як кунҷҳои он заррае ҳам лат нахӯрдаанд, қад нагаштаанд.

Ман якчанд сол аст, ки дар рафи китобмонии як утоқи барҳавои хонаи соҳибам ҷевони бузурги ин

Ҳунарҳои мардумӣ – шаҳодатномаи миллат

Чунин ном дорад дастури нави библиографие, ки ахиран рӯи чоп омадааст. Мураттиб, Ситора Абдумуминзода муаллифи лоиҳаи «Барномаи бунёди бойгонии захираҳои иттилоотӣ – электронӣ дар Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода барои солҳои 2017-2019» буда, дастури мазкур низ дар доираи ин лоиҳа нашр гардида, муаррификунандаи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси захираҳои мақолаҳои матбуоти даврӣ ва асарҳои илмӣ ҷамъовардашуда мебошад.

Ҳунарҳои мардумӣ шомили фаъолтияти ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, як рукни фарҳанги миллӣ мебошанд. Бинобар ин мебояд нисбати ин пеша таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Бояд қайд намуд, ки ҳунарҳои мардумии тоҷикон бешумор буда, омӯхтан ва тарғибу ташвиқ намудани моҳияти онҳо дар байни омма ва

Захираҳои электронӣ-иттилоотӣ ва нақши онҳо дар ташаккули маънавии ҷомеа

Эҳтимоли зиёд аст, ки дар натиҷаи бунёди захираҳои электронии иттилоотӣ дар ҳаёти иҷтимоии мардум дигаргуниҳои мусбиро ба монанди: суръатгирии раванди корҳои илмию эҷодӣ, беҳтаршавии мазмун, шакл ва методҳои кори муассисаҳои илмию амалӣ, ҳамгироии иттилоотӣ дар шароити таъсири ҷаҳонишавӣ ва баланд шудани эътибор, нақши муассисаҳои илмию амалӣ дар ҳаёти маънавии ҷомеа, рушди мутолиа ва тарғиби маълумотҳо оид ба

Экспедитсияи этнографии Ишкошим

Асари мазкур қимати баланди илмӣ дошта, асосан дар се мавзўъ: «Ривоятҳои таърихӣ», «Боқимондаҳои пешинаи сохти ҷамъиятӣ» ва «Урфу одат, расму таомул ва эътиқод» баҳс мекунад. Дар қисмати охири ин китоб ҷадвале мавҷуд аст, ки номҳои ҳамонвақтаи деҳаҳои ноҳияҳои Ишкошиму Вахон оварда мешаванд. Инчунин, муаллифони асар барои исботи ақидаҳои хеш расмҳоеро овардаанд, ки ҳаёту фаъолият, тарзи зиндагонӣ ва сарулибоси

Чашмандозе ба таърихи пайдоиши Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ

Мувофиқи маълумоти стандарти соҳаи китобдорӣ «Маълумоти библиографии нашр ва савдои китоб» Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ (ТДУ) забони асосии иттилоотӣ–ҷустуҷўӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчун субъекти бозори иттилоотӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди истифода қарор дорад. Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ дорои дастгоҳи густаришёфтаи методӣ мебошад, ки бо ёрии он метавон дар самти савдо низ ҷанбаҳои муҳими китобро ба таври осон инъикос намуд.
Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ – эсперантои байналмилалии ҷомеаи иттилоотӣ дониста шуда, ҷустуҷўйи адабиёти зарурӣ бо ёрии ТДУ, ки дар манбаи маълумотҳо махсусан махзани китоби китобхонаҳо ҷой дода шуда, бе донистани забон имконпазир аст ва тавассути шабакаи

Страницы