нигоҳдории депозитарӣ

Мелвил Дюи асосгузори ҷадвали «Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ»

Блисс Ҳенри, аввалин китобдори амрикоӣ дар бораи Дюи гуфтааст, ки "зеҳни саршор аз андешаҳои рӯъёӣ дошт, рӯъёҳое, ки ба андеша ва андешаҳое, ки ба воқеият табдил шуданд". Ба гуфтаи китобдори дигари амрикоӣ Меткалф, ҳирфаи китобдорӣ мадюни Дюи аст. Вай афзудааст, "модоме ки анҷумани китобдорӣ, мактабҳои китобдорӣ, маҷаллаи тахассусӣ ва низоми раддабандӣ дорем, дар ҳақиқат ин ҳама дастовардҳои

“Қалами найшакарӣ”-и Назри Яздон дар Хуҷанд чоп шуд

Чанд рўз қабл нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд китоби Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи I Назри Яздонро бо номи «Қалами найшакарӣ» дар шакли хеле зебою дилнишин аз чоп баровард.
То ба имрўз ашъори шоир ва донишманди тоҷик Назри Яздон дар китобҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва дигар маҷмуаҳои дастҷамъӣ ҷоп шудаанд. «Калами найшакарӣ» китоби навбатии ашъори ў буда, дар он шеърҳои ҷадиди шоир низ ҷой дода шудаанд.
Ашъори устод Назри Яздон тараннумгарӣ ватану ватандорӣ, ишқу муҳаббат, меҳру садоқат ва дигар арзишҳои неки зиндагӣ буда, хонандаро ба дунёи рангоранги зиндагӣ ва дўст доштани ватану модар ҳидоят мекунад.
Шеъри зерин қатрае аз баҳри беканори шоири ширинсухан

Китоб – имрўзу фардои мо

КИТОБ ҷавҳари илм, сипари матонати афкор ва сарчашмаи комёбиҳои маънавии башарият аст. Илмомўзӣ аз мутолиаи китоб сарчашма гирифта, то ба ихтирооту кашфиёт меанҷомад. Китоб аз замони ба миён омаданаш ҳамчун манбаъ ва воситаи нигоҳдорандаи ғоя ва донишҳо мебошад. Дар раванди аз бар кардани илме шахс марому мақоми худро дар ҷомеа эҳсос намуда, роҳи амалӣ кардани ормонҳои созандаи худро метавонад пайдо намояд ва зиндагии

«Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр”: ҷилди дуввум

Китоби Герман Вамбери  «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр” ҷилди дуюм, як асари илмӣ – таҳқиқӣ доир ба таърихи Бухоро, дар соҳаи илмҳои таърих ва сарчашманигорӣ ба шумор рафта, қимати баланди илмиро соҳиб аст. Китоби мазкурро Аркадий Павловский ба забони русӣ тарҷума намуда, соли 1873 дар Санкт-Петербург чопхонаи «Скарятина» ба нашр расонидааст.
Ҳамчуноне асари зикршуда аз ду ҷилд иборат аст ва дар бораи муҳтавои ҷилди аввал дар мақолаи «Нусхаи ягонаи китоби Герман Вамбери аз таърихи Бухоро» (http://www.kmt.tj/nushai-yagonai-kitobi-german-vamberi-az-tarihi-buhoro) маълумот дода будем. Ҳоло бошад, тасмим гирифтем хонандаро бо ҷилди дуюми ин китоб ошно кунем.

505 асари нодири адибони олам дар дар шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ

Шуъбаи  нигоҳдории  депозитарӣ  дар Китобхонаи миллӣ аз ҷумлаи шуъбаҳоест, ки барои хонанда хеле армуғонҳо дорад. Хонандагон дар ин шуъба метавонанд ба баҳри нопайдоканори адабиёти нодири олам шино кунанданд ва аз дурдонаҳои назму насри он баҳраҳо бардоранд.
Дар ин шуъба хонандагон имкон доранд бо 505 номгӯй асарҳои нодири адибони олам ошно гарданд. Аз ҷумла, китоби А.С.  Пушкин «Стихотворения, поэмы, сказки»;

Саҳобӣ: Шоире, ки шеъраш мазамматкунандаи ихтилофи мазҳабист

Чанд сол аст, ки доир ба ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти шоири ширинсухан ва маънигарои  адабиёти классикии форсу тоҷик Саҳобии Астарободӣ пажуҳиш менамоям. Дар воқеъ дарёфтам, ки шеъри Саҳобӣ вижагиҳои ба худ хос дошта, метавонад ба хонандаи имрўз ҳисси худшиносӣ, ватану ватандорӣ дур будан аз ихтилифоти динию мазҳабӣ ва панду ахлоқро ҳадя намояд.
Ҳонандаи арҷманд ва адабпарвар! Қабл аз он ки ба зикри чанд рубоии шоир бипардозем, айни муддаост, ки чанд сухан доир ба худи Саҳобии Астарорбодӣ гуфта бошем.
Абўсаид Камолиддини Наҷафии Астарободӣ, мутахаллис ба Саҳобӣ шоир ва орифи форсу тоҷик буда, дар садаи Х ва ХI ҳиҷрӣ-қамарӣ баробар ба охири асри XVI ва аввали  асри XVII, дар замони салтанати шоҳ Аббоси Сафавӣ, зиндагӣ кардааст.

Страницы