нигоҳдории депозитарӣ

Идомаи муаррифии имкониятҳои китобхона

Cанаи 29-уми сентябри соли ҷорӣ муаррифии имкониятҳои китобхона ва даъват ба китобхонӣ дар Муассисаҳои тахсилоти умумии № 7, №10 ва Гимназияи № 9-и ноҳияи Исмолили Сомонии шаҳри Душанбе идома ёфт.
Тибқи нақша ин навбат гурўҳи кормандони Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ва Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин чорабинии муҳим сафарбар гардиданд.

Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ дар аввали соли хониш

Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз зумраи марказҳои хизматрасонии осори чопӣ ва электронӣ буда, ҳамчунин вазифаи  гирдоварӣ, нигоҳдорӣ ва тарғиби иттилоотро ба зимма дорад. Дар сохторҳои китобхонаҳо асосан фонди депозитариро барои нигоҳдории асарҳои кам истифодашаванда, асарҳои нодири қимати илмӣ дошта ва нусхаҳои  зиёдатии  асарҳо ташкил мекунанд.
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ 1-уми январи соли 1977 дар собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ ташкил шудааст. Соли 2012 Китобхона бо

Экспедитсияи лаҳҷашиносӣ: шеваи варзобии забони тоҷикӣ

Зери роҳбарии Донишгоҳи давлатии Ленинград ва Донишкадаи забоншиносии Академияи илмҳои Шўравӣ аз соли 1937 то соли 1940 доир ба шеваҳои (лаҳҷаҳои) гуфтории тоҷикони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, экспедитсияи диалектологӣ (лаҳҷашиносӣ) дар мавзўи «Очеркҳои диалектологии (лаҳҷашиносии) тоҷик» (Очерки по Таджикской диалектологии) гузаронида шуд, ки роҳбарии гуруҳи экспедитсиониро профессор И.И.Зарубин ба уҳда дошт. Расторгуева Вера

Назаре ба тасвир ва феҳристбандии сарчашмаҳои электронӣ дар замони муосир

Техника ва технологияи муосир тақозо менамояд, ки фаъолияти китобдорӣ чун соҳаи муҳимтарини фарҳангу маориф дар баробари усулҳои анъанавӣ бо шуур ва талаботи муосир ҳамгом бошад. Феълан дар соҳаи китобдорӣ бо рушди технологияи иттилоотӣ дигаргуниҳои куллие ба вуқуъ пайвастааст. Аз ҷумла дар самти тасвирҳо, ҷамъоварӣ, махзанҳо, нигоҳдошт, хизматрасонӣ ба муштариён ва муайян намудани омор дар самти хизматрасониҳои китобхона ва ҳатто дар раванд ва сифати фаъолияти кормандони китобхона усулҳои навин роҳандозӣ шудаанд.

Л. Будагов: Тоҷик аз калимаи кутоҳкардашудаи тоҷ ва гулчанбар гирифта шудааст

Семёнов Александр Александрович (1873—1958) шарқшинос, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951), директори Институти таърих, археология ва этнографияи АИТ, асари навбатии худ бо номи «Тасвири этнографии Зарафшони куҳӣ, Қаротегин ва Дарвоз»-ро (Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза) соли 1903 дар шаҳри Москва аз чоп бароварда буд. Ин китоб аз 112 саҳифаи матнӣ ва даҳ саҳифаи махсуси тасвирӣ иборат буда, матни китоб бо

Страницы