нигоҳдории депозитарӣ

Маҷаллаи китобшиносон ва муҳаққиқони ИДМ

Маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёмномаи Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» (Вестник Библиотечной Ассамблеяи Евразии) яке аз маҷаллаҳои маъруфи соҳаи китобдорӣ дар байни кишварҳои ИДМ буда,  муассис ва ношири он Китобхонаи давлатии Русия мебошад.
Маҷалла соли 1993 таъсис ёфта, аввал бо номи «Бюллетени иттилоотии  Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» (Информационный бюллетень Библиотечной Ассамблей Евразии) нашр мешуд. Соли 2000 ҳамчун маҷаллаи илмӣ-амалӣ бо номи «Паёмномаи АКА» (Вестник БАЕ) чоп шуд.
Аз соли 2002 инҷониб бо номи  «Паёмномаи Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» (Вестник Библиотечной Ассамблеи Евразии) дар як сол чор шумора интишор

И.С. Брагинский: Таҳқиқот оид ба фарҳанги тоҷик

Соли 1977 асари шарқшинос, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, намояндаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Иосиф Самуилович Брагинский (1905 Киев-1989 Москва) бо номи «Исследования по таджикской культуре» дар шаҳри Масква нашр шуд.
Муаллиф  дар ин асараш натиҷаҳои таҳқиқотҳои омўзишиашро дар бораи фарҳанги халқи тоҷик ва рушди адабиёти он, аҳамияти   ҷаҳонии фарҳанги тоҷикон, урфу одати халқҳои шарқ ва ғайра

Тасвири ҳаёти вахниёну ишкошимиён дар асари таърихии Алексей Бобринский

Китоби «Куҳистониҳои болооби Панҷ: Вахониҳо ва Ишкошимиҳо» (Горцы верховьев Пянджа (Ваханы и Ишкошимцы) маҳсули илмии олими рус, бостоншинос ва сиёсатмадори давлатӣ Алексей Александрович Бобринский буда, соли 1908 дар шаҳри Масква аз ҷониби нашриёти «Т-во скоропеч А.А.Левенсон» ба нашр расидааст.
Асари мазкур тасвири ҳаёт аз рўи қайдҳои сафари муаллиф буда, матни китоб бо хати крилии пеш аз инқилобӣ навишта шудааст Китоб аз муқаддима,

Китоби омӯзиши лаҳҷаҳо, ки соли 1900 дар Маскав нашр шудааст

Қисми аввали китоби «Мавод барои омўзиши лаҳҷаи тоҷикони куҳистони Осиёи Марказӣ» (Материалы для изучения наречия горних таджиков Центральной Азии) соли 1900 дар шаҳри Маскав (типография и словолитня О.О. Гербека, Болышая Никитская, Чернишевский пер.,№5) ба табъ расидааст, ки муаллифи он Семёнов Александр Александрович мебошад.
Китоби мазкур очерки граммматикӣ ва ёдгориҳои эҷодиёти халқ буда...

Экспедитсия: Фарҳанги модии тоҷикони болооби Зарафшон

Китоби «Материальная культура таджиков верховьев Зеравшана» (Фарҳанги модии тоҷикони болооби Зарафшон) нашри вежаи институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистони Шуравӣ буда, онро соли 1973 нашриёти «Дониш» чоп кардааст.  Матни китоб бо забони русӣ буда, дар ҳамкорӣ бо ходимони илмии шуъбаи этнографӣ дар асоси маводҳои таҳқиқоти этнографии солҳои 1958 – 1966 таҳия шудааст.
Ин асар асосан аз бобҳои «Манзил», «Ғизо» ва «Либос» иборат буда, инчунин ҳар як боб дорои зермавзўҳо мебошанд, ки мазмуни бобҳоро мушаххас мекунанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз соли 1958 то 1966 минтақаҳои Зарафшон зери омўзиши этнографӣ (экспедитсияи этнографӣ)

Шумо мехоҳед дар бораи шахсиятҳои барҷастаи Русия китоб хонед?

Агар ҳа, пас ба Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Соли 2013 дар нашриёти «ОЛМА Медиа Груп» шаҳри Маскав, китоберо таҳти унвони «Шахсиятҳои барҷастаи Русия» (Великие люди России) бо теъдоди 4500 нусха интишор дод. Китоб дорои аҳамимяти илмӣ-таърихӣ буда, ба дўстдорони илму фарҳанг ва таърихи оламшумули Русия пешниҳод шудааст
         Ин асари маълумотӣ, донишномаи мусаввар буда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти чанде аз намояндагони машҳури халқи рус, таърих ва урфу одати мардуми Русия маълумот медиҳад.
Шахсиятҳои машҳуре, ки дар ин китоб дар бораашон маълумот оварда шудааст, саҳми беандозае дар рушди таърих ва илму фарҳанги халқи рус гузоштаанд.     
Мутафакири юнони қадим Ҳеродот, ки ўро падари

Страницы