Дар бойгонии Китобхонаи миллӣ ягона нусхаи «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр»-и Герман Вамбери нигаҳдорӣ мешавад, ки соли 1873 дар Санкт-Петербург чоп шудааст.
Бухоро, пойтахти қадимаи илм, фарҳанг ва гаҳвораи дониш буда, дар масири таърих муқаддимаи асарҳои таърихӣ ва мавриди омўзишии яке аз қитъаҳои шашгонаи олам – Осиёи Миёна, гаштааст. Доир ба ин шаҳри таърихӣ ва пойтахти Давлати Сомониён - шаҳри Бухоро аз ҷониби олимону сайёҳон ва умуман аҳли қалам таҳқиқотҳои зиёде сурат гирифтааст.
Китоби «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр» (История Бохары или Трансоксании) яке аз асарҳои нодир ва қадима дар риштаи илми таърихи тоҷикон ва сарчашманигорӣ ба ҳисоб рафта,
Имрўз ифтихори Шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ нусхаҳои қадима ва нодире мебошанд, ки дар ганҷинаҳои фарҳангии дунё ҳамто надоранд. Шумораи китобҳои нодире, ки дар Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ҳифз карда мешаванд ба 649 нусха мерасад. Яке аз ин китобҳо таҳти унвони Таърихи форсии «Шоҳ Таҳмос-Қулихон» (История о персидском «Шах Тахмас Кулы-Хан». – Санкт-Петербург, 1762. – 398 с.) буда, оид ба миллати афғон дар саҳнаи таърихи ин сарзамин, ҳамчун халқу миллат ва давлат инъикос гардидааст. Дар он оид ба ваъзи сиёсӣ ва иқтисодии даврони шоҳигарии Ҳусейн пурра маълумот оварда шудааст. Китоби мазкур аз забони фаронсавӣ аз ҷониби Степан Решетов ба русӣ баргардон шудааст.
Китоби «Нақшу нигори тоҷикони куҳистони Дарвоз (Куҳистони Бухоро)» (Орнамент горных таджиков Дарваза (нагорная Бухара)) маҳсули илмии олими рус, бостоншинос ва сиёсатмадори давлатӣ Бобринский Алексей Александрович буда, соли 1900 дар шаҳри Москав аз ҷониби «Чопхонаи дўстӣ И.Н.Кушнерев» ба нашр расидааст. Асари мазкур тасвири ҳаёти ҳунармандии тоҷикони куҳистони Дарвоз буда, муаллиф маълумотҳои пешниҳод намудаашро аз рўи қайдҳои сафари худ
Соли 1973 нашриёти «Ирфон» китоби Ҷалилов Абдуҳамидро бо номи «Аз таърихи маданияту ҳаёти халқи тоҷик» (“Из истории культурной жизни таджикского народа») аз чоп баровард, ки ин асар зери роҳбарии Вазорати маорифи халқии тоҷик ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба чоп тавсия шуда буд. Дар ин асар аз таърихи маданияти гузаштаи халқи тоҷик дар аввалҳои асрҳои миёна маълумот оварда мешавад.
Китоби мазкур аз сарсухан ва се боб иборат мебошад. Дар пешгуфтори ин китоб доир ба давраҳои таърихӣ, вазъи сиёсии давлатдории тоҷикон аз асри панҷ то асри даҳ, то давлати Сомониён ба таври мухтасар маълумот оварда мешавад.
Боби аввал «Забон ва хат» ном дошта, дар ин қисмат хонандагон бо кадом забон гуфтугў кардани суғдиён ошноӣ пайдо мекунанд. Дар ҳамин боби китоб омадааст, ки: суғдиён бо забони куҳани
Узви Академияи илмҳои Шўравӣ, Расторгуева Вера Сергеевна ҳангоми сафари хизматии худ (соли 1948 ва соли 1953), барои омўзиши лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба минтақаҳои шимолии Тоҷикистон, нашри сеюмӣ натиҷаи корҳои экспедитсиониро зери унвони «Тасвири лаҳҷашиносии тоҷик. “Гуруҳи шеваҳои тоҷикони шимоли Ленинобод-Конибодом” (Очерки по таджикской диалектологии. “Ленинабадско-канибадамская группа северных таджикских говоров”) бо теъдоди 192 саҳифа ба нашр расонид. Ин асар соли соли 1956 интишор
Трагедияи «Фауст» аз нигоҳи ҳаҷм бузургтарин китоби Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Kитобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. "Фауст" ба қалами адиби олмонӣ Иоганн Волфганг Ҳуте иншо шуда, яке аз асарҳои нодири адабиёти ҷаҳон ва намоишномаҳои машҳури театрҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ки аз ду ҷилд ва 390 саҳифа иборат мебошад.
Ин асар соли 1899 дар нашриёти “А.Ф Маркса” – и Санк – Петербург нашр шудааст. Китоб ба забони русӣ (бо ҳуруфи тоинқилобӣ) буда, аз ҷониби Александр Фет ба забони русӣ тарҷума шудааст.
Дарозии китоб 44 ва паҳноияш ба 36 сантиметр баробар буда, 66