китобхона

Иштирок дар конференсияи ғоибона

Бо ташаббуси Китобхонаи давлатии Россия Конференсияи VI-уми илмӣ-амалии ғоибона (онлайн) бо иштироки як қатор китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ИДМ дар мавзўи «Имконияти хизматрасонӣ ба воситаи Абонементи байникитобхонавӣ ва расонидани ҳуҷҷатҳои электронӣ» баргузор гардид.

Дар конференсия роҳбарият ва кормандони шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Ман намегуям, ки ў аз дори дунё рафтааст.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ ба зодрӯзи устод Муҳаммад Осимӣ 100-сол пур мешавад. Ў нобиғаи нотакрор, олим ва донишманди бофарҳанги тоҷик буд. Мо ўро месазад дар радифи Айнӣ, Турсунзода ва тарихшиноси машҳури тоҷик Бобоҷон Ғафуров ном барем. Муҳаммад Осимӣ солҳои тӯлонӣ аз соли 1965 то соли 1988 яъне тӯли 23 сол Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Чи тавре, ки аз таърих медонем, Садриддин Айнӣ 

“Ҷавонони Тоҷикистон” дар 90 сол”

Шумораи ҷашнии “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамин ҳоло дастрас шуд. Дар ҳаҷми 90 саҳифа, ки расонаҳо пештар ҳам хабар дода буданд. Ба гумонам кормандони имрӯзаи “Ҷавонон” расолати худро анҷом доданд ва 90 солро дар 90 саҳифа  хулоса намуданд. Ин аслан хулоса ҳам нест, балки ёдкарди саҳифаҳи таърихи ин нашрияи ҷавонони кишвар аст, ки қаблан бо номи “Комсомоли Тоҷикистон” нашр мешуд. Ва номаш ҳам он замон шоистаи худ буд, чун аксари ҷавонон он замон узви комсомол буданд. Ва баъдан ин ном боз ҳам ҷолибтар шуд: “Ҷавонони Тоҷикистон”. Сазовору шоиста ба номаш бошад, чун минбари ҷавонон аст.

Вақте соҳибкор “Хонаи дониш” месозад...

Рӯзи ҷумъаи гузашта мо шоҳиди ифтитоҳи як “Хонаи дониш” дар ноҳияи Синои пойтахт шудем. Соҳибкори муваффақи тоҷик, муассис ва президенти Маркази байналмиллалии рушди инсон "Само", доктори илмҳои равоншиносӣ Саидмурод Давлатов дар шафати Донишкадаи забонҳои пойтахти кишвар ҳамин гуна як маъхази маърифат бунёд кард ва онро бо ҳузури ҷамъе аз донишмандон, кормандони сохторҳои давлатӣ, рӯзноманигорон ва хонандагон расман

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати 5500 - солагии Саразм

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо 

Камоли Хуҷандӣ шоири ғазалсаро. Ба истиқболи 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ

Дар фонди тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир девони Камоли Хуҷандӣ нигоҳдорӣ мешавад. Нусхаи хаттии «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ аз 274 саҳифа иборат буда, таҳти рақами 728 дар махзан нигоҳдорӣ мешавад. Нусхаи дигари девони Камоли Хуҷанлӣ аз ҷониби хаттоти зарринқалам Муҳаммадамини Ҳаким валади Баён Муҳаммад соли 1311 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1912 китобат шудааст. Девони ғазалиёти шоир бо  хаттӣ настаълиқи хоно дар ду сутун бо зарҳал навишта шуда, дар

Страницы