Мувофиқи тадқиқоти рўзномаи бритонии Independent дар рўйи замин сатҳи нобудшавии забонҳо аз ҳайвоноту парандагон дида баландтар будааст. Масалан, дар 500 соли охир дар рўйи замин тақрибан 4,5 дарсади забонҳои дунё нест шудаанд, дар ҳоле, ки дар ин муддат дар дунё 1,3 дарсади парандаҳо ва 1,9 дарсади навъҳои ҳайвонот ба коми нестӣ рафтаанд. Дар тамоми тўли таърихи инсоният тақрибан 9 ҳазор забон аз байн рафтааст. Дар
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо - соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям. Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем. Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ
Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар ба таҳлили амиқи вазъи имсолаи обиву энергетикӣ иртибот дошта, ба мардум тавзеҳ медиҳад, ки бо сабаби тағйирёбии иқлими сайёра, кам гардидани сатҳи оби дарёҳо таъсири он ба кишвари мо низ расидааст ва душворию монеаҳои мушаххасро ба миён овардааст. Захираи барф дар баландкӯҳҳои болооби дарёҳо кам ва ҳоло дар дарёи Вахш, ки рудхонаи асосии истеҳсоли неруи барқ дар кишвар ба шумор меравад, сатҳи об поин гардида, резиши об ба обанбори “Норак” кам шудааст.
«Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон!» чунин буд номи мизи мудавваре, ки дирӯз, якшанбе дар шаҳри Душанбе бо ширкати Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ду давлат мизи мудаввар баргузор гардид. Вазирони фарҳанги ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ нахуст мулоқот намуда, сиипас меҳмонон аз китобхона дидан намуданд.
Дар миёни ашъори бозмондаи устод Рӯдакӣ рубоии зайл хеле машҳур аст:
Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай. Вақти саҳар.
Тарсанда. Зи кӣ. Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар.
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо. Бар лаби тар!
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ. Чун буд? Шакар.
Ин рубоӣ дар нигоҳи аввал хеле сода ва қобили дарк аст, ҳеч калимаи нофаҳмое надорад, ҳама вожаҳои таркибаш дар забони муосир истифода мешаванд.
Бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО китоби "Нома ва номанигорӣ дар "Шоҳнома"- навиштаи шодравон доктор Ҷурабек Назрӣ ва доктор Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ мунташир шуд. Ин китоб солҳои 1999 ва 2014 дар шаҳри Душанбе (бо хати кириллӣ) ва соли 2001 дар Теҳрон бо хати форсӣ чоп шудааст. Муаллифони китоб таъкид мекунанд, ки башар аз ҳамон ибтидо, ки соҳиби тафаккур, забон, хату савод ва коғазу давот гардид, барои