Адабиёт пайвандгари тамаддунсози дунёи маънавиёт ба шумор рафта, фарҳанги миллату халқиятро ба ҳам пайванд месозад. Асрҳо мегузаранд, аммо асарҳои гаронмоя ва суханони бобаракати меҳрофарину меҳрпайванд боқӣ хоҳад монд. Осори арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ, аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад.
Ин мусоҳибаи чанд соли пеш аст, ки дар “Нигоҳ” чоп шуда буд. Мусоҳиб, нависандаи маъруф Баҳманёр ин лаҳзаҳо роҳии роҳи охират аст. Чӣ талафоти гароне барои адабиёти на танҳо тоҷик, балки кулли форсзабонони олам. Бидуни шак Баҳманёр дар рушди адабиёти тоҷик саҳми арзанда дошт. Ёду хотири ин фарзонафарзанди миллат гиромӣ бод! Мусоҳиба замоне бо андаке
Мо Курушро чун як инсони дар қиёс ба афроди дигар сазовори таҳсину такрим ба ҳисоб оварда, мӯшикофона пажӯҳиш кардем, ки ӯ аз кадом насаб ва дудмон аст, аз кадом неъматҳои табиӣ бархурдор буд, чи гуна тарбият гирифт, ки ба ин қуллаи баланди ҳукумат бар мардумон даст ёфт.
... Куруш ҷавоне буд ба нудрат зебо, шарофатманд ва кунҷков. Омода буд ба хотири шараф ва номҷӯӣ ҷони худро дар хатар андозад ва барои ҳар қаҳрамоние ғайрат нишон диҳад. Тавре ривоят мекунанд, рӯҳу равони ӯ
Аз фарши иҷтимоъ то арши кибриё
(Меъроҷи шеър)
Ҳама рафтанд, ман чаро наравам?
Сӯи он Ёри ошно наравам?
Гарчи аз хок хоксортарам,
Акнун дар боби ин бигӯем, ки чаро Искандари Мақдуниро бо Куруши Кабир «иваз кардаанд»? Бинобар шаҳодати сарчашмаҳои таърихии юнонӣ Искандари Мақдунӣ парвардаи мактаби Арастуи файласуф аст. Арасту Искандарро ҳанӯз дар айёми хурдсолӣ бо илми таърих, аз ҷумла таърихи Эрон, ки он замон дар авҷи шукӯҳу азамат буд, ошно карда буд. Зиёда аз ин таърихнигороне чун Ҳеродот, Ксенофонт ва Ктесий роҷеъ ба воқеаҳо ва корномаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ осори ҷолибе навишта буданд. Шоҳзода Искандар дар овони туфулият бо шахсияти нахустимператори ҷаҳон Куруши Кабир шинос гардида буд ва зоҳиран орзуи чун Куруш бузург шу-данро дар дили худ мепарварид. Бо ҳамин орзу ӯ ҷойнишини Филипп ва соҳиби тоҷу авранги мулки Мақдуния шуд ва ба маҳзи расидан
Имрўз кас вақте, ки ба таърихи маориф, илм, адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик дар таърихи 95 соли гузашта менигарад ва дар чигуна шароит, бо чӣ душвориҳо ва бо чӣ фидокориҳо оғоз намудани фаъолияти аввалин муассисаҳои илмӣ, аввалин фидоиёни ин майдонро ба хотир меоварад, дили кас бо як ҳисси фаровони миннатдорӣ ва сипасгузорӣ аз он бунёдгарони