Ба арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ бояд арҷ гузошт
Нашр шуд 2017-02-18 17:08
Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки тамаддуни исломӣ ё фарҳанги исломии мо дар муддати ҳазорсолаи охир аз таҷрибаҳои гузаштагони мо ба таври самарабахш истифода карда, имрўз пояи аслии тамаддуни моро ташкил медиҳад. Дар ҳазорсолаи охир фарҳанги миллии мо бо фарҳанги исломӣ омезиши рангин пайдо карда, бахшҳои аслии фарҳангу тамаддуни худро ба он дода, дар бунёди таҳдоби фарҳангу тамаддуни исломӣ таъсир гузошта ба он бўи тоҷикӣ дод. Дар ин давра шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба дунё омаданд, ки дар ташаккули халқи тоҷик, забону адаб ва фарҳанги исломии тоҷикон нақши бориз доштанд. Дар оғози ин давраи рушди халқи тоҷик ҳукмронии Сомониён шакл мегирад, забони тоҷикӣ забони расмиву коргузорӣ, забони адабиёти ғании тоҷикиву форсӣ мегардад. Рўдакиву Фирдавсӣ, Синову Беруниву Носири Хусрав, Саноиву Аттор ва ҳазорон бузургони илму адаб ва фарҳанги мо бо эҷоди осори пурганҷи хеш поягузорони забони тавонои илмиву байналмилалии тоҷикӣ гардиданд. Арзишҳои таърихие, ки ин бузургон бунёдгузорони он ҳисоб мешаванд, дар оянда бо осори гаронбаҳои суханвароне, чун Мавлавии Балхӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Камолу Ҷомӣ, Соибу Бедил, Аҳмади Донишу Мирзосироҷи Ҳаким, Айниву Лоҳутиву Турсунзода появу бунёди фарҳангу тамаддуни тоҷиконро ташкил медиҳанд ва имрўз миллати тоҷик дар бунёди ҷомеаи дунявию иҷтимоӣ, таҳаммулпазиру дур аз хурофотпарастӣ ба онҳо ниёз дорад. Ба воситаи ин абармардони таърихи миллати мо сиришти маънавиву фитрӣ ва ҳувияти милливу таърихии миллат, хештаншиносиву худогоҳии тоҷикон ҳифз гардид ва мо имрўз бо ифтихор аз осори онҳо ҳамчун мероси фарҳангии миллати худ истифода менамоем.
Идомаи нуқтаи назари Сайфиддин Назарзода