Ҳамоиши илмӣ ба муносибати Рўзи ҷаҳонии забони модарӣ дар Китобхонаи миллӣ

Тибқи ҳисоботи омории ЮНЕСКО дар ду ҳафта як забон аз байн меравад ва аз 6000 забони рўйи замин то охири асри 21 нисфи он нобуд хоҳад шуд.
Баъд аз зуҳри имрӯз, 17-уми феврал бо ибтикори Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ ба муносибати Рўзи ҷаҳонии забони модарӣ доир гардид. Ҳамоишро Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода оғоз намуда, иштирокдорон ва умуман ҳамаи мардуми тоҷикро бо муносибати фарорасии Рўзи ҷаҳонии забони модарӣ табрик намуд.
Дар ҳамоиш маърўзаҳои директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён шунида шуд.
Саодатшо Матробиён дар мавзўи «Мавқеи забонҳои помирӣ дар фазои сотсиолингвистии Тоҷикистон» суханронӣ кард ва дар хусуси забонҳои тамоми дунё ва аз миён рафтани баъзе забонҳо дар тӯли таърих ҳарф зад ва гуфт:  «Мусаллам аст, ки дар ҳоли ҳозир дар рўйи дунё зиёда аз 6000 забон мавҷуд аст. Вале таассуфовар он аст, ки сураъти аз байн рафтани забонҳо чунон тез шудааст, ки мувофиқи ҳисоботи омории ЮНЕСКО дар ду ҳафта як забон аз байн рафта истодааст ва аз 6000 забони рўйи замин то охири асри 21 нисфи он аз байн хоҳад рафт. Чунончӣ Девид Ҳеррисон дар китоби худ «Вақте ки забонҳо мемиранд» менависад, ки суръати ҳаракати аз байн рафтани забонҳо нисбат ба даврони қадиму миёна хеле тез аст. Забонҳо нисбат ба растаниҳо ва ҳайвоноти нодир зиёдтар талаф ёфта истодаанд».
Мудири шуъбаи забони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ, номзади илми филология Сайфиддин Мирзоев дар мавзўи «Вазъи имрўзаи забони яғнобӣ ва дурнамои он» баромад намуд. Муҳаққиқ иброз дошт, ки «Забони яғнобӣ мувофиқи шароити ҷуғрофӣ тайи асрҳо бо андак тағйироту таҳаввулот чунин идома дошта, бисёр вижагиҳои забонҳои азбайнрафтаи эронии бостон ва миёна, аз ҷумла суғдиву хоразмиро то ба ҳол нигоҳ доштааст. Дар зарзамини имрўзаи Тоҷикистон кўҳантарин мардумоне чун «яғнобиён» ва «бадахшониҳо» зиндагӣ мекунанд, ки метавон онҳоро яке аз нодиртарин ақвоми этникӣ дар олам эълом дошт. Яғнобиён дар тўли асрҳо дар мавзеъи афсонавӣ ва дараи душворгузари Яғноб умр ба сар бурда, ҳоло ҳам бо теъдоди камее он ҷо ҳаёт ба сар мебаранд. Яғнобиён меросдорон ва меросбарони суғдиён буда, ҳанўз дар замонҳои давлатдории Суғду Бохтар бо фарҳанги олии худ шўҳрат доштанд. Ин мардум тамоми ҷафоҳои сиёсиву таърихиро аз сар гузаронида, муқаддастарин дороӣ – забони суғдӣ, ки имрўз ба номи «яғнобӣ» ё «суғдии нав» маъмул аст, ҳифз намудаанд».
Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш корманди забони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ Зарина Мадаминова дар мавриди  забони вахонӣ суханронӣ кард.
Дар охир доктор Бобоназари Бобохон - забоншиноси тоҷик ба зарурати омўзиши забони авастоӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар 30-юмин иҷлосияи конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17-уми ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон ҳамасола 21-февралро Рўзи байналмилалии забони модарӣ эълон кард.  

Фарзонаи МИРЗО