Баҳси саҳми ҷавонон дар илмҳои дақиқ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-02-02 13:10
Аввали моҳи феврали соли равон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар таҳти унвони “Саҳми ҷавонон дар пешрафти илмҳои дақиқ” доир гардид.
Муовини Дирктори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар сухани ифтитоҳии худ зикр кард, ки “Имрўз ҷавонон нерўи созандаву пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Бояд гўем, ҷавонони имрўз аз ҷавонони солҳои қаблӣ бо фаҳмишу дониш ва ақлу заковати хеш ба куллӣ фарқ доранд. Ба андешаи сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ доштанд ва дар мавриди ҷавонон қайд намудаанд, сад дар сад розиам. “Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони Истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад”. Месазад қайд намуд, чун соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон шудааст, ҷавононро месазад, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои рушду нумўъи кишвари хеш пайваста талош намоянд.
Дар ин ҳамоиш маърўзаҳои директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Муминов дар мавзўи “Самтҳои асосии рушди илмҳои физика ва саҳми олимони ҷавон дар Тоҷикистон”, муовини директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров Фатҳулло Одинаев дар мавзўи “Истифодаи нитрогени моеъ дар тиб барои ҷароҳати даруни одам ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ва саноат” ва мудири лабораторияи ҳамин институт Қурбон Кабутов шунида шуданд.
Дар охир миёни ширкаткунандагон дар мавзуъҳои фавқуззикр табодули афкор сурат гирифт.
Маврид ба ёдоварист, ки Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон дошта, қайд намуд, ки “«Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад».
Фарзонаи МИРЗО