Боздиди 56 меҳмони хориҷӣ аз Китобхонаи миллӣ дар моҳи июл
Нашр шуд 2017-08-08 13:02
Моҳи июли соли 2017 барои меҳмонони дохиливу хориҷии Китобхонаи миллӣ 78 саёҳат гузаронида шуд, ки дар он 284 нафар ширкат карданд. зарфи ҳамин як моҳи ахир 56 нафар меҳмонони хориҷӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд ва бо шароити он аз наздик ошно шуданд.
Як бахши асосии фаъолияти Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ ташкили саёҳат дар дохили Китобхона барои касонест, ки майл доранд бо шароит ва таърихи Китобхона ошно шаванд. Дар сайёҳат маъмулан масъулин дар бораи ҳама шароитҳо ва зарфиятҳои китобхона маълумот ва ба суолоти меҳмонон посух медиҳанд.
Моҳи июли соли ҷорӣ ҳам барои меҳмонони дохиливу хориҷии Китобхонаи миллӣ 78 саёҳат гузаронида шуд, ки дар он 284 нафар ширкат карданд. зарфи ҳамин як моҳи ахир 56 нафар меҳмонони хориҷӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд ва бо шароити он аз наздик ошно шуданд.
18 нафар аз ҷумлаи меҳмонони хориҷӣ шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 16 тани онҳо аз Эрон буданд. Аз Федератсияи Русия 8 нафар, аз Олмон 6, Ирландия 3, Фаронса 2, Афғонистон 2 ва аз Украина 1 нафар аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд.
Фаридун Азизов