Баррасии шеърҳои тозаэҷоди Солеҳаву Раҳматуллоҳ дар маҳфили «Равшандилон»
Нашр шуд 2017-01-31 19:05
Баъд аз зуҳри имрӯз, 31-уми январ дар Шуъбаи хизматрасонии махсус бо ширкати ҳудудан 15 нафар аъзои доимии Китобхона аз ҷумлаи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд маҳфили навбатии «Равшандилон» доир гардид.
Меҳмони маҳфил Шаҳроми Неъмат бо ҳамроҳии як тан аъзои фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус Мавзунҷони Ғафурзод шеърхонӣ ва ба воситаи аккордеону гитор замзама карданд.
Дар қисмати дуюми барнома, шеърҳои тозаэҷоди аъзоёни шуъба аз ҷумла Солеҳа Ғафурова ва Раҳматуллоҳи Раҳим дар мавзуъи ҷавонӣ шунида шуд.
Садри маҳфил, шоир Хайрандеш шеърҳоро аз нигоҳи вазну қофия ва мантиқу мазмун таҳлил кард, камбуду норасоии шеърашонро нишон дод ва барои ислоҳи камукостиҳо маслиҳат дод.
Маврид ба зикр аст, ки “Равшандилон” маҳфили аҳли эҷод аст ва ҳар моҳ боре доир мешавад. Хонандагони шуъба аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд моҳе як маротиба гирди ҳам меоянд ва навиштаҳои тозаи худро қироат мекунанд ва аз шоир Хайрандеш маслиҳату машварат мешунаванд.