Аз таърихи ҷашни Меҳргон
Нашр шуд 2016-10-22 22:55
Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули хуршед дар бурҷи Мизон аст. Тибқи баъзе навиштаҳои фарҳангнигорон дар аҳди Ҳахоманишиён эътибори ин ҷашн нисбат ба Наврӯз зиёдтар аст. Аз рӯи ривоятҳои муаррихони Юнони қадим ва Рум дар бораи Меҳргон нисбат ба Наврӯз ҷашнҳои дигар маълумот фарогиртар аст.
Меҳргон аз вожаи Меҳр корбаст шудааст, ки шакли аввали он Митра номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст ва ҳазору чорсадсол пеш аз милод дар сангнавиштаҳо ҳаккокӣ шудааст. Ин ҷашн тибқи тақвими зардуштии авастоӣ дар рӯзи 16- уми моҳи Меҳр, баробар ба рӯзи 8 - уми октябри мелодӣ дар миёни фасли тирамоҳ баргузор мегардад. Тибқи солшумории авастоӣ ҳар як моҳ аз сӣ рӯз иборат буд, ки номи он рӯзҳо ҳар яке ба яке аз эзидон номгузорӣ шудаанд. Ҳар гоҳ номи рӯз ва моҳ бо он баробар меомад, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз куҳантарин иде мебошад, ки аз қадимулайём ба муносибати бардошти ҳосилоти кишти деҳқонӣ ва поён пазируфтани корҳои кишоварзӣ таҷлил мегардад.
Роҷеъ ба пайдоиши ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ маълумоти зиёде аст. Меҳргон нишоне аз оғози зимистон маҳсуб мешуд. Дар арафаи ин ҷашн мардум ҷомаҳои худро иваз мекарданд ва барои сардии ҳаво кӯрпаҳои ғафсро истифода менамуданд, ки сармо назананд.
Ин рӯзро мардум бо ҷашну шодии фаровон бо таронасароиву бозӣ барпо мекарданд, ба ҳамдигар идӣ медоданд. Ба муносибати фаро расидани ҷашни Меҳргон созу садо ва мусиқии вежа мавҷуд буд. Акнун вақти он расидааст, бо шарофат ва файзу баракати соҳибистиқлолӣ ҷашни Меҳргонро дар мамлакат эҳё намоем.
Ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ месазад, ки дар вазишгоҳҳои марказии шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳову деҳкадаҳои бузург мардум бо ҳам омада, ҷашни Меҳргонро баргузор намоянд ва ҳар як хоҷагӣ беҳтарин дастовардҳои хешро ба намоиш гузоранд.
Ҳангоми ҷашни Меҳргон аз баландгӯякҳо таронаҳои меҳргонӣ садо диҳанд, шуаро ашъори меҳргонӣ эҷод намуда, онҳоро тавассути симо ва садои ҷумҳурӣ қироат намоянд. Ҳамин тавр, ҷашни Меҳргон агар ҷойгоҳи пешинаи худро пайдо намояд, ба худшиносиву худогоҳӣ ва ватанхоҳиву дӯст доштани забони модарӣ, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ водор хоҳад кард.
Шуъбаи библиографияи миллӣ