Дар осорхонаи миллӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ- назариявии «Пешвои миллат – Асосогузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи
байналмилалӣ» баргузор шуд.
Кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби китобҳои тозанашр дар бораи фаъолияти пурсамари Асосогузори сулҳи Ваҳдати миллӣ – Пешаои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон намоиши китоб ташкил намуданд.
Бояд зикр намуд, ки иштирокдорони конфронси илмӣ- назариявӣ аз намоиши китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ дидан намуда, дар бораи шароитҳои китобхона ва узвият дар он табодули афкор намуданд.