Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забон барои атфол дар толори хониши кӯдакони Китобхонаи миллӣ бо ширкати шоири тавонои кӯдакнавис Алӣ Бобоҷон ва Ғанӣ Ҷӯразода субҳи имрӯз баргузор шуд.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ баъди хайрамақдам гуфтани меҳмонон дар бораи Рӯзи забон ва таърихи мухтасари эълони ин рӯз ҳарф зад.
Хонандагони мактаб-интернати рақами як дар васфи забони модарӣ ва омўзгор шеърҳо қироат намуданд. Ҳамзамон бо ин чанд саҳнаи хурди ҷолиб низ намоиш дода шуд.
Шоири тавоно Алӣ Бобоҷон аз ашъори тозаэҷодаш намунаҳо қироат кард ва бо бачаҳо дар мавриди забони модарӣ суҳбати дилнишин кард.
Ғанӣ Ҷӯразода ва сармурабии мактаб-интернати рақами як Акбаралӣ Шарипов низ дар атрофи ҳамин мавзуъ бо атфол гуфтугӯ карданд.
Пас аз анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Китобхона ва масъулони бахши кўдакон ва наврасон ба ширкаткунандагони он тўхфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.