20-уми августи соли 2016 як гуруҳ кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ тибқи супориши роҳбарияти Китобхона барои ташкили вохўрӣ бо донишҷўёни соли аввал ва даъвати онҳо ба китобу китобхона ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рафтанд.
Муовини декани факултаи фалсафа, дотсент М. Ҳ. Умедов кормандони шуъбаи мазкурро қабул намуда, барои мулоқот бо донишҷӯён мусоидат намуд.
Дар вохӯрӣ ба донишҷўёни соли аввали факултаи фалсафа дар бораи дирўз ва имрўзи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, роҳҳо ва афзалиятҳои аъзошавӣ ба Китобхона нақл карданд ва онҳоро ба китобхонӣ даъват намуданд.
Донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти имрўзаи Китобхона таваҷҷўҳ зоҳир намуда, дар бораи хизматрасониҳои ройгон ва шартномавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пурсон шуданд.
Кормандони Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдори тасмим гирифтанд, ки чунин вохўриҳоро бо дигар хонандагони мактабҳо, донишҷўёни соли аввали коллеҷу донишгоҳҳо баргузор намояд.