Дар дуюмин рӯзи “Дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ садҳо нафар вориди ин кохи маърифату ҳикмат шуданд. Аксари онҳо донишҷӯёни соли аввали Донишгоҳҳои пойтахти кишвар, хонандагони мактабҳои миёна ва дигар сокинони пойтахт буданд.
Кормандони Китобхонаи миллӣ ба касоне, ки мехостанд толорҳои хонишро тамошо кунанд ва бо ҷараёни кор дар ин китобхона ва дарёфти китобҳо ошно шаванд, кумак мерасониданд. Онҳоро гуруҳ-гуруҳ ба саёҳат мебурданд ва дар бораи ҳар толору ҳар шуъбаи он маълумоти муфассал медоданд.
“Рӯзи дарҳои боз” аз анъанаи Китобхонаи миллист, ки ҳамасола дар даҳаи аввали моҳи сентябр баргузор мерасад. Дар ин рӯзҳо ҳазорон нафар вориди толорҳои хониши Китобхона мешаванд ва аз масъулин ба суолҳои худ посух мегиранд.