Фарҳанг – ҳастии миллат
Нашр шуд 2016-04-22 10:52
Чунин ном дошт маҳфили адабиву фарҳангие, ки рӯзе қабл дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, донишҷӯён ва ҳунармандон доир гардад.
Маҳфилоро шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхона буд ва он ба Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг бахшида шуда буд.
Гадобек Маҳмудов, Муовини Директори китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ фарҳангро василае донист, ки инсонҳоро ба ҳам меорад. Вай гуфт фарҳанг марзу бум намешиносад ва миллатро бо фарҳангу тамаддуни ғанияш дар олам мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.
Салима Раҷабова, Ҷонишини Директори Китобхона зимни суханронӣ иброз дошт, ки баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ як ҷузъи фаъолиятҳои ҳамарӯзии Китобхона аст.
Ҳозирон маърўзаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Диловар Латиповро дар мавзўи «Сиёсати иҷтимоӣ-фарҳангӣ: принсип ва роҳҳои татбиқи он» шуниданд.
Ҳамзамон, мудири кафедраи филологияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирхо Турсунзода, Нозим Нуров дар мавзўи «Фарҳанги миллӣ дар шароити ташаннуҷи раванди бегонашавӣ» суханронӣ намуд.
Инчунин, мудири шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Ҷалолиддин Нуров оид ба фарҳанги либоспўшии ҷавонон дар ҷомеаи имрўза суҳбат кард.
Дар қисмати дуюми маҳфил донишҷўёни факултаи театр, кино ва телевизион, шуъбаи актёрӣ, театри драма ва кинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзўи нашъамандӣ –ва оқибатҳои он намоиш доданд.