Пирӯзии Шобегим Маликшоева дар озмуни “Килки сабз”-и “Сафина”

Шобегим Маликшоева, мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сеюмин даври озмуни “Килки сабз”-и шабакаи ӣелевизионии “Сафина” ғолиб омад са соҳиби дипломи ин озмун шуд. Озмуни “Сафина” таҳти унвони “Килки сабз” тӯли як ҳафта дар се давра идома дошт ва имрӯз даври ниҳоии он ҷамъбаст гардид. Дар озмун 15 нафар навқаламон ширкат варзида, ҳунару маҳорати эҷодии худро дар назди ҳайати доварон нишон доданд. Ба даври сеюми озмун 5 нафар ғолибони даврҳои аввал роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоӣ ғолибият насиби мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шоираи ҷавону умедбахш Шобегим Маликшоева шуд ва ӯ соҳиби дипломи озмун, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ гардид. Ин шеър маҳсули қалами ӯст:

Офтобӣ

Мо мардумони мамлакати офтобием    
Чун Золи Зар ба мўйи зару чашми обием.
Дар сафҳаи замон
Хубу бади ҷаҳон
Бисёр дидаем.
Аз базри офтоб,
Аз насли Рустамем.
Мисли Сиёваш аз дили оташ гузаштаем
З-ин рўй дар ҷаҳон
Моро зи нестӣ
Ҳаргиз ҳарос нест.
Зеро ки ҳамчу мо
Зарри халос нест.