Аввалин пайғоми баҳорӣ: “Одобу русуми Наврӯз”
Нашр шуд 2016-02-27 17:47
Аввалин чорабинии наврӯзии Китобхонаи миллии Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус бо номи “Одоб ва русуми Наврӯз” бо ширкати ҷамъе аз донишмондон, наврӯшпажуҳишон ва мардумшиносон баргузор шуд. Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода, ки нишастро ҳусни оғоз бахшид, аз Наврӯз ба унвони куҳантарин ҷашнҳои олами башар ёд кард ва гуфт, ниёкони мо садсолаҳо онро бо шукуҳ ҷашн мегирифтанд. Сйфиддин Назарзода ҳамчунин ёдовар шуд, ки Наврӯзи Тоҷикистон дар замони истиқлол бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънову мазмуни тоза касб кард ва ҳоло он ҳар сол пуршукуҳтару нуронитар аз соли қабл мегузарад. Баъдан, донишманди шинохта, пажўҳишгари эҷодиёти шифоҳии мардум, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзии Аҳмад дар мавзуъи «Ҷашни Оламу Одам» маърӯза кард. Вай аз гузашта ва имрӯз, суннатҳои Наварӯз ва маънову мазмуни ин суннатҳо муфассал ва хеле шавқовар ҳикоят кард. Ҳамзамон, суолу ҷавоб миёни донишманди собиқадори эҷодиёти шифоҳии мардум Рўзии Аҳмад бо муштариёни шуъбаи хизматрасонии махсус роҷеъ ба суннатҳои наврузӣ сурат гирифт ва хонандагон ба суолҳои худ посухҳои мушаххасу дақиқ дарёфт карданд. Хонандагони доимии Шуъба дар васфи баҳору Наврӯз шеърҳо хонданд. Маврид ба ёдоварист, ки Рўзии Аҳмад шурўъ аз соли 1960 доир ба чашни Наврӯз ва одобу русуми солинавии мардуми тоҷик як силсила мақола, китобҳо ва асарҳои илмиро таълиф намуда, дар рушду таблиғи Наврӯз саҳми арзанда гузоштааст. Ин олими пуркор муаллифи ин китобҳо дар бораи Наврӯз аст: «Наврўзи оламафрўз», Душанбе, «Ирфон» 1978; «Наврўзи хуҷастапай», Душанбе, «Ирфон», 2001; «Дастовези наврўзӣ» (бо ҳаммуаллифии А.Аҳмадҷонзода), Душанбе, 1992; «Наврўз дар Варорўд», Теҳрон, 2004; «Размкушои фарҳанги мардум», «Дониш», 2003; «Ҷойгоҳи маросими исломӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик», нашри дуввум, Теҳрон, Интишороти байналмилалии “Ал-ҳудо”, 1388 (2010); «Наврўзи оламоро», нашриёти «Ирфон», 2014, (бо алифбои ниёгон); «Маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ», (нашри дуюм), «Дониш», 2015; ”Пажуҳишҳо дар фарҳанги мардуми тоҷик”, “Дониш” 2015 ва ғайра.