Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо иштироки нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева баргузор шуд, ки дар он хонандагони фаъоли шуъба ширкат намуданд. Чун анъана ин маҳфил аз ҷониби Муассисаи Давлатии телевизиони кўдакон ва наврасон «Баҳористон» ба навор гирифта шуд.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нурзода Ҷалолуддин аз номи маъмурияти Китобхона суханронӣ намуда, ҳозиринро бо фаъолияти эҷодии Гулчеҳра Муҳаммадиева шинос кард.
Ҷалолуддин Нурзода аз ҷумла гуфт, ки Гулчеҳра Муҳаммадиева нависандае мебошанд, ки барои кўдакон низ асарҳои зиёд эҷод кардааст.
Баъдан нависандаи соҳибзавқ бо хонандагон вориди муколамаву мубоҳаса шуд. Вай дар бораи эҷодиёти худ ва умуман тасвири ҳаёти кӯдак дар адабиёт ҳарф зад. Миёни нависанда ва хонандагон табодули афкор сурат гирифт.
Муҳамадиева Гулчеҳра Раҷабовна 27 марти соли 1957 дар ноҳияи Фархор, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.
Ў баъди хатми Донишгоҳи давлатии Кўлоб, фаъолияти меҳнатиашро аз омўзгорӣ оғоз намуда, сипас дар мансабҳои котиби Комитети комсомолии ноҳияи Фархор, инструктори Комитети партиявии ноҳияи Фархор, муовини Раиси ноҳияи Фархор кор карда, айни замон дар вазифаи мудири бахши шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат дорад.
Оиладор соҳиби панҷ фарзанд аст. Асарҳои эҷодкардаи ў «Як шаб…» (с.2007), «Қасоси зан» (с.2008), «Бонувони Фархор» (с.2011), «Бўи модарон» (с.2011), «Чордодарон» (с.2014) «Гули лола» (с.2019), «Яке буд яке набуд» (с. 2019), «Ғалабаи ситора» (с.2019), «Офтоби оламоро» (с.2020) аз чоп баромадаанд.
Муҳамадиева Гулчеҳра Раҷабовна барои хизматҳои шоён бо медали «Хизмати шоиста» (с.2001) сарфароз гаштааст.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (с.2010), Алочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2011), мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1 ва Алочии фарҳанг мебошад.
Фирўза Раҳимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
кўдакон ва наврасон