Форобинома. Китобе ба муносибати 1150 – солагии Абӯнасри Форобӣ
Нашр шуд 2021-01-11 14:03
Ба муносибати 1150-солагии донишманди овозадори тоҷик Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тарғун ал-Васичӣ ал-Форобӣ ва 20-солагии рушди илмҳои риёзию табиӣ ва техникӣ дар Тоҷикистон аз тарифи доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдулҳай Комилӣ китобчае бо номи «Форобинома» дар нашриёти «Ганҷи хирад» рӯйи чоп омад.
Дар китобча андар санаи таваллуду вафот, зодгоҳ, андар мансубияти нажодӣ, намунаҳое аз тасвири хаёлӣ, андар сафарнома ва манзили охират, андар фарзандони номбардор ва андар таърифу таснифу раддабандии донишҳои замони Форобӣ навишта шудааст.
Китобчаи мазкур роҳнамоест андар Форобишиносӣ мебошад. Ҳам барои хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишҷӯёни курсҳои ибтидоии донишкадаву донишгоҳҳо ва умуман, барои ҳамаи дӯстдорони илми таърих судманд хоҳад буд.
Одинаева Сураё,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.