Муаррифии китоб: “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон”

Муҳимтарин дастоварди истиқлолияти Тоҷикистон дар соҳаи китобдорӣ ин ташаккули сиёсати давлатии китобдории устувор бар мабнои ҳуввияти миллӣ ва арзишҳову меъёрҳои умумибашарӣ мебошад. Бо шарофати ҳамин сиёсати оқилона фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон тадриҷан ба фазои ягонаи китобдории ҷаҳони муосир ворид мегардад. Ҳар як иқдоми амалӣ ва кашфиёти илмию эҷодӣ дар ин самт новобаста аз бартарию норасоӣ бояд аз ҷониби олимону мутахассисон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад. Зеро илми китобдории тоҷик бо қадамҳои нахустини хеш заминаи устувору боэътимоди воридшавиро ба доираи фароҳи афкору андешаҳои муосири илмии китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ фароҳам меорад.

Бо назардошти парокандагии нерўҳои ақлонию зеҳнии соҳаи китобдории тоҷик таҳия ва чопи маҷмўаҳои илмӣ, хрестоматияҳо, рўзномаву маҷаллаҳои касбӣ воситаи муҳими муттаҳидгардонии потенсиали мавҷудаи соҳа маҳсуб меёбанд.

Туфайли фазои созгори соҳибистиқлолӣ аллакай ду китоб зери унвони «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» дастраси олимону мутаххассисони соҳа ва донишҷўёну унвонҷўён гардиданд. Мутаассифона, бинобар маҳдудиятҳои забонию идоравӣ ва фосилавии даврони Шўравӣ муҳаққиқону мутахассисони тоҷик қаблан аз чунин имконият бархўрдор набуданд. Имрўз дар маҷмуъ доираи таваҷҷуҳи пажўҳандагону мутахассисони соҳаи китобдории тоҷик хеле васеъ гардидааст. Тадриҷан азмҳо қавӣ, талошҳои эҷодӣ пайгиртар, мавзуҳои таҳқиқ мушаххас, муносибат ҷиддӣ, услубҳо боз ҳам дақиқтар, хулосаву тавсияҳо беш аз пеш илман асоснок шуда истодаанд, ки боиси хушнудӣ мебошад.

Дар китоби сеюм интихоби мақолаҳо бо назардошти аҳамияти онҳо барои омўзиши камбудиҳо, сабақу дастовардҳои қаблӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот, инчунин тарғиби комёбиҳои имрўзаи соҳаи китобдории Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Бо мақсади муташаккилона дастраси ниёзмандон гардонидани осори илмии олимону мутахассисон ҳангоми интихоби мақолаҳо забони нашри онҳо сарфи назар шудааст. Ворид намудани мақолаҳои илмӣ оид ба фаъолияти китобдорӣ бо забони русӣ доираи истифодаи китобро хеле васеъ намуда, барои муаррифии вазъи фаъолияти китобдории Тоҷикистон ва афкори илмии муҳаққиқони тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Китоб аз 3 фасл – «Китобхонашиносӣ», «Библиографияшиносӣ» ва «Чеҳранигорӣ» иборат мебошад.

Дар фасли якум – «Китобхонашиносӣ» масъалаҳои марбут ба сарчашмаҳо ва суннатҳои китобдории халқи тоҷик, вазъи фаъолияти китобдории тоҷик дар замони Шўравӣ, фаъолияти китобхонаҳо дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коёбиҳои китобдории даврони соҳибистиқлолӣ, таҳлили нашрияҳои гуногуни китобдорӣ, андешаҳо оид ба мероси арзишманди ниёгон оид ба китобу китобдорӣ инъикос ёфтаанд.

Фасли дуюми китоб – «Библиографияшиносӣ» ба проблемаҳои пайдоишу рушди иттилооти библиографӣ дар давраҳои тоисломӣ ва масоили омўзиши библиографияи давлатии тоҷик бахшида шудааст.

Фасли сеюми маҷмўа – «Чеҳранигорӣ» хонандаро бо фаъолияти илмию эҷодӣ ва омўзгории як зумра олимони варзидаи соҳаи китобдорӣ ошно месозад.

Сарфи назар аз камбудиҳои ҷузъӣ маводи китоб дар раванди таҳқиқу баррасии проблемаҳои муҳими соҳаи китобдорӣ ба олимону мутахассисон, омўзгорону донишҷўён ва унвонҷўён мусоидат хоҳад кард.

Ин сарсухани Сафар Шосаидов буд ба китоби  “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон”, ки соли 2013 дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расида буд. Китобро хонандагон метавонанд дар ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Таҳияи Дилноза Ғаниева,

мутахассиси  пешбари

маркази такмили ихтисос.                 

Барчаспҳо: