Номаи ихлос

Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати мили Пешвои миллат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Шуморо ба муносибати ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон аз сидқи дил муборакбод менамоям. Хизматҳои шоёни Шумо барои ободу зебо намудани Ҷумҳурии азизамон - Тоҷикистон дар авроқи таърих бо ҳарфҳои зарррин сабт гардидааст. Муҳтарм Пешвои миллат таваҷчуҳ, ғамхорӣ ва дастгири пайвастаи Шумо нисбат ба мо  аҳли зиё боиси ифтихормандист.

Ман як нафар фарзанди даврони Истиқлол аз  масъулияти баланди Ватандориатон ифтихор мекунам ва ҳамеша барои дар амал татбиқ  намудани дастуру  ҳидоятҳои шумо таёрам. Аз фурсати муносиби таърихи истифода бурда бори дигар Шуморо ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрик намуда, ба Шумо саодати рўзгор, умри дарози пурбаракат ва дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбиҳо таманно мекунам. Ин самимиятамро дар чанд мисраъ ба Шумо эҳдо мекунам.

Бодо ҳалолат шоҳи ман, ин тоҷу тахту сарварӣ.

Эй раҳбари олиии мо, аз нав шудӣ ту интихоб.

Тоҷи шаҳаншоҳӣ ба сар дидам туро дишаб ба хоб.

Аҳсан турову офарин, зебо намудӣ меҳанат.

Сарвар будан бодо ҳалол, чун шири модар бар танат.

Кардӣ сиёҳиро сафед, бахшидӣ бар дилҳо умед.

Сулҳофари даврони мо, дар роҳбарӣ роҳат сафед.

Дар фикри онӣ то ҳанӯз, Роғуни худ гардон кунӣ.

Ҳам равшании хонаро бар тоҷикон арзон кунӣ.

То нақшаат гардад амал, Яздон нигоҳбони ту бод,

Чашми ҳасудон безарар, аз кору афкори ту бод.

Пиру ҷавон фаҳмидаем, ки туҳфаӣ бар ин Ватан.

Аз ту муҳофиз мешавем, бо нақди ҷон, бо нақди тан.

Аз интиҳони мардумон бигзаштаӣ бо боварӣ.

Бодо ҳалолат шоҳи ман, ин тоҷу тахту сарварӣ.

Бо эҳтиром муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нурзода.

 

Барчаспҳо: