Иттилои ҷолиб аз китоб ва хат дар олам. Оё шумо медонистед?
Нашр шуд 2020-10-07 14:23
Иттилои ҷолиб аз китоб ва хат дар олам. Оё шумо медонистед?
- Дар замонҳои қадим дар рӯйи муқоваи китобҳо ҳеҷ чиз ҳатто номи китоб ва номи муаллиф ҳам навишта намешуд. Дар он замонҳо муқоваи китоб як асари ҳунарӣ дониста мешуд, ки аз тарроҳиҳои зебо, наққошӣ, чарм ва баъзан тилло иборат буд. Бинобарин барои навиштани номи нависанда ҷой вуҷуд надошт.
- Дар замонҳои қадим китобҳо ба сурати баръакс дар рафҳои китобмонӣ гузошта мешуданд, яъне қисмати пушти китоб дар дохиди раф ва қисмати пеш, ки шомили варақҳо мешуд дар беруни раф қарор мегирифт.
- Калимаи book (муодили англисии китоб) аз забони даниягӣ гирифта шудааст. Дар замонҳои пеш даниягиҳо барои навиштан аз пусти дарахти ғуша, ки дар забони худашон онро bog меномиданд, истифода мекарданд. Англисҳо пас аз ошноӣ бо ин пустҳо калимаи book-ро аз bog иқтибос карданд.
- Бузургтарин китоби дунё 300 саҳифа дорад, ки дарозиш 3 метр ва вазнаш 257 кг мебошад.
- Бузургтарин китобхонаи дунё дар Вашингтони Амрикост ва китобхонаи Конгресс ном дорад. Рафҳои китобмонии ин китобхона ба ҳадде дароз аст, ки агар савори як мошин шавед ва бо суръати 70 км дар соат ҳаракат намоед, барои расидан ба охири рафҳои ин китобхона бояд ҳудуди ҳашт соат сафар кунед.
- Дар замонҳои қадим китобҳо ба сурати саҳифабандинашуда ва дар бастаҳои 24 варақӣ ба фурӯш гузошта мешуданд. Бинбарин агар касе китоб мехарид, бояд ба саҳҳоф ҳам муроҷиат мекард ва варақҳоеро, ки харида буд барои саҳҳофӣ дар ихтиёри ӯ қарор медод.
- Тибқи омори эълоншуда тавассути Google то соли 2010, 129 млн 864 ҳазору 880 нусха китоб дар саросари дунё нашр шудааст, яъне рақаме баробар ба аҳолии Мексика (даҳумин кишвари сераҳолии дунё). Ин омор рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Пас агар касе мегӯяд: наметавонам як китоби хуб барои мутолиа пайдо кунам, бояд бештар ҷустуҷӯ кунад.
- Гаронарзиштарин китобе, ки то ба имрӯз ба фурӯш рафтааст 30.8 млн долар нарх доштааст. Китоби “Мустанадоти Лестер” навиштаи Леонардо Да Винчи бо қимати 30.8 млн долар аз ҷониби Билл Гейтс харидорӣ шудааст.
- Дарозтарин ҷумлае, ки то ба ҳол навишта шудааст иборат аз 823 калима аст. Шояд фикр кунед, ки ин ҷумла охир надорад, аммо ҷолиб аст бидонед, ки як ҷумлаи ҳуқуқӣ ва қонунӣ аст ва дар китоби “Бенавоён”-и Виктор Мари Гюго омадааст.
- Аввалин китобе, ки бо истифода аз дастгоҳи чопӣ навишта шудааст, “Моҷароҳои Том Соейр” навиштаи Марк Твен аст.
- Теодор Рузвелт 26-умин Президенти Амрико дар як рӯз як китоб мехонд. Метавон гуфт, ки ӯ муътод ба китоб ва мутолиа буд.
- “Инҷили муқаддас”, “Нақли қавлҳо” аз Черман ва “Гарри Потер” номи китобҳое ҳастанд, ки серхонандатарин китобҳои дунё муаррифӣ шудаанд.
- Як шаҳрванди Исландӣ бештар аз ҳар касе дар ҷаҳон китоб мехонад. Шояд ба обу ҳавои онҳо марбут бошад ва ё мумкин аст ба онҳо омӯхта бошанд то ба китобҳо ишқ варзанд. Дар ҳар сурат исландиҳо дар ин замина пешқадаманд.
- Бесаводӣ ҳанӯз як мушкили бузург дар саросари ҷаҳон аст. Аз панҷ як нафари калонсолон дар дунё наметавонанд, ки бихонанд ва бинависанд.
- Китоби “Алиса дар сарзамини аҷоиб” бар асоси зиндагии воқеии як духтари 10-сола навишта шудааст. Номи ин духтар Алиса Лидел буд ва хонаводаи ӯ аз дӯстони самимии Люис Кэррол (нависандаи китоби “Алиса дар сарзамини аҷоиб”) буданд. Дар як сафар, савор бар киштӣ Люис аз ӯ хост то як достон нақл кунад ва ин гуна буд, ки шахсияти Алиса ба вуҷуд омад.
ҲАДИЯТУЛЛОҲИ Амриддин, Сардори шуъбаи котибот
Барчаспҳо: